ҲИФЗИ САЛОМАТӢ – ДАР МАРҲАЛАИ НАВ

Солҳои охир дар мамлакати мо эътибор ва ғамхорӣ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ афзуд. Ташкил ёфтани поликлиникаҳои оилавии деҳотӣ беморонро аз ташвиши ба марказ рафта табобат гирифтан раҳонид.

Солҳои охир дар мамлакати мо эътибор ва ғамхорӣ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ афзуд. Ташкил ёфтани поликлиникаҳои оилавии деҳотӣ беморонро аз ташвиши ба марказ рафта табобат гирифтан раҳонид.
Пойгоҳи моддӣ ва эҳтиёҷоти табобатгоҳҳо нисбат ба кадрҳо таъмин мегарданд.
Мо ин ҳолатро дар мисоли ноҳияи Вобканди вилояти Бухоро амиқтар дарк кардем. Ба мақсади бо ҷараёни кор аз наздик шинос шудан ба иттиҳодияи тиббии ноҳия рафтем. Роҳбари иттиҳодия Аскар Баҳронов барои таҳсил дар курси даҳрӯза ба Тошканд рафта будааст. Матлаби худро ба ҷонишини вай оид ба корҳои хидматрасонии тиббӣ Шуҳрат Раҷабов гуфтем. Азбаски ӯ низ хеле серкор буд, мутасаддии корҳои маънавият ва маърифати иттиҳодия, духтури тоифаи олӣ Ҳамид Насруллоевро водор кард, ки моро аз вазъи корҳои соҳа хабардор кунад.
Ҳамин тариқ бо духтури шикастабанд, инсони самимӣ Ҳ.Насруллоев ҳамсуҳбат шудем. Медонам, ки солҳои охир беморхонаи марказии ноҳия пурра таъмир шуд. Аксарияти биноҳо аз нав бунёд шуданд ё комилан таъмир гардиданд. Ҳоло муолиҷагоҳҳо, лабораторияҳо, бинои маъмурӣ ба чашм пурфайз ва дилкаш метобанд.
– Ин бинои маъмурӣ соли 1890 госпитали ҳарбӣ будааст, – гуфт мусоҳибам. – Духтури ягонаи он Никита Яригин солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ин ҷо чандин сол кор карда, сипас ба Русия рафтааст. Ҳашт сол дар Маскав кори илмӣ бурда, баъд ректори Донишкадаи тиббии шаҳри Ярославл таъин шудааст. Зодгоҳи писари вай – Владимир Вобканд мебошад. Ӯ касби падарро интихоб намуда, дар Маскав то ба дараҷаи роҳбари донишкадаи тиббӣ расидааст. Владимир ба қарибӣ ба Вобканд омад. Мо ӯро меҳрубонона пешвоз гирифта, бо эҳтиром гусел кардем, – гуфт духтур.
– Солҳои ҳафтодуму навадум сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Мастура Эшонқулова буд ва муддати дароз баҳри ҳифзи саломатии мардуми ноҳия хидмати шоиста кард.
Аз соли 2010 то имрӯз Аскар Баҳронов сарвари мост. Солҳои роҳбарии ӯ корҳои шоёни диққат ба анҷом расиданд. Тамоми шуъбаҳо аз таъмири асосӣ баромада, биноҳои шуъбаи ноҳиявии Маркази илмии ёрии зудамали тиббии ҷумҳуриявӣ ва поликлиникаи бисёрсоҳаи марказӣ аз нав сохта шуданд. Шуъбаҳо бо компутерҳо (онҳо ба Интернет васл гардидаанд) ва камераҳои назоратӣ таъмин гардидаанд. Бунгоҳҳои тиббии деҳотӣ ва поликлиникаҳои оилавии ҳудудҳо низ таъмир шудаанд. Беморхонаи марказӣ ба аҳолӣ бо асбобу ускуна ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла бо рентгени рақамӣ, ӮЗИ, реаномобил хидмати таъҷилӣ мерасонанд. Дар ҳудудҳо низ чунин имкониятҳо мавҷуданд.
Дар ноҳия хидмати тиббӣ бо ду роҳ: пулакӣ ва ройгон расонда мешавад. Ду клиникаи касалиҳои дарунӣ, гинекология ва стамотология ба тарзи мустақил кор мебаранд.
Ба аҳолии деҳот низ хидматрасонии тиббӣ мувофиқи талаби замон сурат мегирад. Дар ноҳия масъалаи бо кадрҳо таъмин кардани муолиҷагоҳҳо низ ҳаллу фасл шудааст.
Ҳоло дар низоми иттиҳодияи тиббии ноҳия 188 духтур, 1190 корманди миёнаи тиббӣ, 280 ходими санитарӣ ва 98 нафар ходим кор мекунанд.
Турсунпӯлод Олимов, Исомиддин Гадоев, Содиқ Ҳаитов, Шамсиддин Ҳамроев, Ғайрат Шодиев, Дилбар Қулиева барин духтурони тоифаи олӣ, Раъно Бердиева, Гулбар Бӯриева, Гулноз Наврӯзова, Нигора Очилова ва дигар кормандони миёнаи тиббӣ кайҳост, ки бо меҳнати худ соҳиби обрӯю эътибор гардидаанд. Дар иттиҳодия комиссияи кор бо муроҷиатҳо созмон ёфтааст, ки ба ҳар як муроҷиат бо масъулиятшиносӣ муносибат мекунад.
Ҳоло дар ҳудуди беморхонаи марказӣ варзишгоҳ ва боғ бунёд мегардад. Дар ҷойҳои интизорӣ барои беморон телевизорҳо гузошта шудаанд...
– Чӣ таклиф доред?
– Тараққиёти замон, ҳаматарафа ривоҷ додани маҳорати касбиро тақозо мекунад. Хуб мешуд мо низ дар хориҷи мамлакат, масалан, дар Русия ихтисоси худро такмил медодем. Мутаассифона, чунин роҳхатҳо аз марказ умуман намерасанд.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: