ҶАСОРАТ ВА ҚАҲРАМОНИҲОИ ГУЗАШТАГОНАМОН ДАР ҚАЛБҲОЯМОН АБАДӢ БОҚӢ ХОҲАД МОНД

Эҳтироми хотираи муқаддаси гузаштагон, ки дар ҳимояи шараф ва номуси халқамон, мубориза бо таҷовузкорон иродаи шикастнопазир ва матонат зоҳир намудаанд, ҳаёти худро барои имрӯзи ором ва осуда қурбон кардаанд, идома додани корномаи шарафноки онҳо – барои мо арзиши олӣ аст.

Ин принсипҳои шарафнок моҳият ва аҳамияти Рӯзи хотира ва қадрро ташкил менамоянд, ки имрӯз бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар тамоми мамлакат васеъ ҷашн мегардад.
Дар ин ҷашн мо бори дигар амиқ дарк менамоем, ки аз ҳисоби кадом озмоиши мураккаб ва машаққатҳо мо ба ин ҳаёти осуда ва ороми имрӯз ноил гардидаем. Дар назди ҳамватанонамон, ки дар ин роҳ шаҳид гаштаанд, сари таъзим фуруд меорем. Истиқлолиятамонро боз бештар қадр намуда, арзиши осмони мусаффоро дар болои сарамон мефаҳмем.
Аз ҷониби давлат барои эҳтироми солхӯрдагон, аз он ҷумла иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва меҳнаткашони ақибгоҳ, ба вуҷуд овардани тамоми ҳаёти муносиб барои онҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Дар Фармони Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон» ва қарори ӯ «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр» аз 16 апрели соли ҷорӣ вазифаҳои накӯ  бобати ғамхорӣ зоҳир намудан ба иштирокдорони ҷанг, эҳтироми хотираи ҳамватаноне, ки барои сулҳ ва озодии мамлакатамон ҳалок гаштаанд, мушаххас гаштааст.
Бино бар ин ҳуҷҷатҳо барои ҳар як иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон дар мамлакатамон табрикоти Президент, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5 миллион сӯм ва ҳадяҳои ҷашнӣ тантанавор супурда шуданд. Намояндагони ҳокимиятҳо ва ҷамъият аз ҳоли собиқадорон хабар гирифта, барояшон дастгирии моддӣ ва маънавӣ зоҳир намуданд.
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо вазоратҳои маданият, мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи занон, Иттиҳоди ҷавонон, Академияи бадеӣ, Маркази маънавият ва маърифат, фондҳои «Нуроний» ва «Маҳалла», дигар ташкилотҳо вохӯрӣ ва чорабиниҳои маънавиву маърифатиро бахшида ба шарафёб намудани собиқадорони ҷанг ва ҷабҳаи меҳнат, муҳофизони Ватан баргузор  менамоянд.
9 май. Хиёбони Хотираи пойтахт аз  ҳарвақта серодам. Дар ин ҷо сенаторон, депутатҳо, аъзои ҳукумат, хизматчиёни ҳарбӣ ҷамъ омадаанд.
Соати 9:00. Ба хиёбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дохил мегардад.
Роҳбари давлат хотираи ҳамватанонамонро, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳалок гаштаанд, пос дошта, таҳти садои оркестри ҳарбӣ ба пойгоҳи муҷассамаи «Модари мотамзада» гулчанбар гузошт.
Вакилони вазорат ва идораҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба пойгоҳи Муҷассамаи «Модари мотамзада» гулҳо гузоштанд.
Худи ҳамон рӯз дар Боғи ботаникаи Тошканд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр ва 73-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон барпо гардид.
Ба маросими тантанавӣ собиқадорони ҷанг ва меҳнат аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо даъват гаштанд.
Дар боғе, ки идона оро дода шудааст, дар монитори калони пушти саҳна кадрҳое намоён мегарданд, ки мардонагӣ ва шуҷоати халқамонро дар солҳои ҷанг, қаҳрамонии ҷанговаронамонро таҷассум менамоянд. Шиорҳое, ки далериву озодӣ, Ватан ва сулҳро тараннум менамоянд, қалбҳоро ба ҳаяҷон меоранд.
Дар боғ муҳити солҳои ҷанг ба вуҷуд оварда шудааст: дар ин ҷо штаби қумондонӣ, хандақ ва хонаҳои зеризаминӣ, ошхонаи саҳроӣ, нуқтаи тиббӣ сохта шуда, техникаи ҳарбӣ ва намунаҳои яроқҳои он солҳо ҷойгир карда шудаанд. Муҳит аз мардонагӣ ва қаҳрамонӣ, ки халқамон дар набардгоҳҳо зоҳир намудаанд, ёдоварӣ мекунад, хотираи муқаддаси ҳазорон ҳамватанонро таҷассум менамояд, ки аз ҷанг барнагаштаанд, инчунин аз шуҷоатмандони иштирокдори ҷабҳаи меҳнат шаҳодат менамоянд.
Дар иҷрои ҳунарпешагони Дастаи марказии суруд ва рақси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусиқа садо медиҳад.
Ҳозирон дар чорабинии идона Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо қарсак пешвоз гирифтанд. Мусиқӣ баланд садо медиҳад.
Ба минбар Президент Шавкат Мирзиёев даъват мегардад.
Роҳбари давлат ҳозирон ва тамоми мардумро бо 9 май – Рӯзи хотира ва қадр ва 73-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон табрик менамояд.
Президент таъкид кард, ки халқамон дар назди шуҷоати собиқадорони муҳтарам, меҳнаткашони ақибгоҳ, ки ҳаёти имрӯзаи моро ҳусн бахшидаанд, сари таъзим фуруд меорад ва ҳамзамон пос доштани хотираи ҷанговарони шуҷоъ, ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро, ки ба хотири озодии истиқлолияти Ватан, сулҳ ва осудагии халқ ҳалок гаштаанд, дар бораи хонавода ва кӯдакони онҳо ғамхорӣ зоҳир намуданро қарзи муқаддаси худ мешуморанд.
Мо ҳамеша дар ёд хоҳем дошт, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҳама пурдаҳшаттарин ва пурхунтарин буд, ба халқамон бисёр машаққат ва маҳрумият оварда, боиси қурбониҳои беадад гардид. Аҳолии Ӯзбекистон дар аввали ҷанг қариб 6,5 миллион нафарро ташкил менамуд, ки аз он 1,5 миллион дар ҷанг иштирок намудааст. Дар набардгоҳҳо беш аз 500 ҳазор нафар ҳамватанонамон шаҳид гардида, боз ҳазорон нафар маҷруҳ баргашта, бедарак низ рафтаанд... Ҳамаи ин аз то чӣ андоза қадр доштани ғалаба барои мардумамон далолат менамояд.
Халқамон дар солҳои ҷанг воқеан мардонагӣ ва шуҷоат зоҳир намуд. Ӯзбекистон қариб 1 миллионро ба оғӯш гирифт, ки аз минтақаҳои назди ҷабҳа кӯчонда шуда буданд. Садҳо хонаводаҳои ӯзбекистонӣ ба оилаҳои худ 200 ҳазор кӯдаконро қабул карданд ва бо онҳо як бурда нони худро баҳам дида, чун фарзандони зодаи худ тарбия намуданд. Хонаводаи Шомаҳмудовҳо аз Тошканд 14 нафарро ба оилаи худ қабул намуданд, Самадовҳо аз Каттақӯрғон – 12 нафар, Ҷӯраевҳо ва Ашӯрхӯҷаевҳо аз Бухоро 8 нафарро қабул карданд. Чунин мисолҳо зиёданд.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ёдгории хонаводаи оҳангари тошкандӣ Ш.Шомаҳмудов ба ҷойи қаблии худ – хиёбони Дӯстии халқҳо дар пойтахт баргардонда шуд.
Ҳамзамон ба ҷойи таърихии худ дар муқобили ҳокимияти ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд ҳайкали генерал Собир Раҳимов барқарор гардид, ки таҷассумгари навбатии эҳтироми амиқ ба хотири ҳамватанон, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон мубориза бурдаанд, гардид.
– Соли 1943 ба ҷанг сафарбар гардида, дар Фронти дуюми Украина хизмат кардам, – гуфт сокини ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд Маҳмадалӣ Сиддиқов. – Ба хона соли 1946 баргаштам. Аз он солҳои даҳшатнок ёд ояд, қалб ба дард меояд. Ҷанг ҳаёти даҳҳо ҳамяроқони маро барбод дод. Пас аз ҷанг мактаби тарбияи муаллимонро дар Самарқанд хатм карда, солҳои зиёд муаллимӣ кардам. Ҳоло 96-солаам. Соҳиби чор фарзанд, беш аз 40 набера ва абера ҳастам. Ҷашни  имрӯза, ғамхорие, ки аз ҷониби Президентамон зоҳир мегардад, ба қувваамон қувва зам менамояд. Худоро шукр, ки то чунин рӯзҳо расидам. Бигзор, дар ҷамъиятамон ҳамеша муҳаббат ва ваҳдат ҳукмрон бошад! Бигзор, дар мамлакатамон ҳамеша сулҳ пойдор, ҳамеша осмонамон мусаффо бошад!
Дар саҳна ва монитори калон ҳаёти солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба тасвир меояд.
...«Монологи модар»-и Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Туроб Тӯла танинандоз мегардад.
Бо овози гӯяндаи маъруфи солҳои ҷанг Юрий Левитан эълони оғози ҷанг садо медиҳад. Ҷавонон ба ҳимояи Ватан сафарбар мегарданд. Дар монитор саҳнаҳо аз ҳаёти ҷабҳа намоиш дода мешаванд.
Соли ҷорӣ чорабиниҳои Рӯзи хотира ва қадр бо худ ғояҳои эҳтироми хотираи падарон ва бобоёнро, ки ҳаёти худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нисор кардаанд, ғамхорӣ дар бобати собиқадорони зиндаи имрӯз таҷассум менамоянд. Чунки қаҳрамонии онҳо – намунаи ибрат ва манбаи ифтихори бузург барои ҳамаамон.
– Тантанаи имрӯз таҷассуми равшани эҳтиром ва қадре мебошад, ки дар мамлакататон ба собиқадорон зоҳир мегардад, – гуфт Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мамлакатамон хонум Памела Спратлен. – Ба ҷашн солхӯрдагон аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон даъват гаштаанд, ҷавонон ва духтарони низомипӯш омодаанд, ки ба онҳо кӯмак кунанд. Эҳтироми пиронсолон, ғамхорӣ ва некӣ – сифатҳои хуби барои мардуми шумо хос ба шумор меравад. Ғамхорие, ки барои собиқадороне, ки барои ноил гардидан ба рӯзҳои осуда ва ороми имрӯз саҳм гузоштаанд, таъмини зиндагии бофараҳ, бомазмун ва шавқовари онҳо зери роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев зоҳир мегардад, шоистаи ҳама гуна ситоиш аст.
Дар барномаи чорабиниҳо барои шеър ва суруди шоир ва ҳунармандони маъруф ҷойгоҳи васеъ дода шудааст, ки бо моҳияти Рӯзи хотира ва қадр ҳамоҳанганд. Шеърҳои «Ба даст силоҳ бигир»-и Ҳамид Олимҷон, «Ба писаре, ки ба ҷанг рафт»-и Зулфия, «Ту ятим нестӣ»-и Ғафур Ғулом бо садои сабтшудаи муаллифон садо доданд.
...Суруд ва шеърҳои «Мактуб аз фронт»-и Камтар, «Кӯргим келур»-и Ҳабибӣ, «Йигит омон бӯлса»-и Ғафур Ғулом, «Маро интизор бош»-и Константин Симонов, «Рӯймолчаи кабуд»-и Яков Галитский садо доданд.
Консерт бо баромади оркестри ҳарбӣ ва дастаҳои бадеӣ идома ёфт.
Бо эълон гардидани Юрий Левитан дар бораи поён ёфтани ҷанг, дар бораи Ғалаба мисли 73 сол пеш аз ин низ, қалбҳои ҳозиронро ба ҳаяҷон овард.
– Мо насли хушбахтем, дар мамлакате иқомат мекунем, ки сулҳ ва оромӣ ҳукмрон аст,– гуфт хонандаи коллеҷи касбу ҳунари нақлиёти роҳи оҳани Тошканд Илҳом Тӯлахӯҷаев. – Дар ин хизмати падарон ва бобоён, ҳамаи солхӯрдагон бузург аст. Тавре ки Президенти мамлакатамон таъкид кард, бо ғамхории калон фаро гирифтани собиқадорон, боз ҳам пурмазмун намудани ҳаёти онҳо ин нафақат вазифаи мост, балки қарзи олии инсонӣ аст.
– Рӯзи хотира ва қадр, ки дар Ӯзбекистон қайд мегардад, маънии амиқ дорад, – гуфт Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар мамлакатамон Ито Нобуакӣ. – Аз лаҳзаи поён ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон вақти зиёд гузашт, аммо сабақи он барои инсоният аҳамияти худро аз даст надодааст. Халқи Ӯзбекистон бо саҳми муносиби худ барои ноил гардидан ба ғалаба ифтихор менамояд. Президент Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ таъкид кард, ки пос доштани хотираи ӯзбекистониён, ки дар мубориза бар зидди фашизм шаҳид гаштаанд, қарзи ҳама аст. Роҳбари давлати шумо таъкид кард, ки Ӯзбекистон барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо кӯшиш менамояд. Мо муносибатҳои байни мамлакатҳоямонро хеле қадр менамоем. Боварӣ дорем, ки ҳамкориамон минбаъд низ муттасил равнақ хоҳад пайдо кард.
Барномаи ҳунарии чорабинӣ, ки дар худ ёддоштҳои солҳои ҷанг, арзишҳои ҳаёти ором ва осудаи имрӯзро таҷассум менамуд, дар ҳозирон таассуроти носутурданӣ гузошт.
9 май – Рӯзи хотира ва қадр дар тамоми минтақаҳои мамлакат васеъ ҷашн мегардад.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: