ЗИ ИШҚИ ВАТАН ҶӮШ ДОРАД ДИЛАМ...

Вақте ки дар мактаби миёна ва дертар дар донишкада омӯзгорони адабиёт зиндагинома ва фаъолияти эҷодии шоири ватанпарвари тоҷик, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳабиб Юсуфиро таълим медоданд, дар баробари аз истеъдоди ноёб ва маҳорати шеърнависии ӯ сухан ба миён овардан, дар ҷанггоҳ аз новақт ҳалок гардидани як шоири бузург, мисле ки бародари худашон фавтида бошад, андӯҳгин мешуданд ва афсӯс мехӯрданд.

Ин афсӯсу пушаймонӣ ба дили мо  – хонандагон низ мегузашт ва нисбати фашистони ғоратгар нафратамон зиёд мешуд.
Бо супориши омӯзгорон мо шеърҳои шоир «Ишқи Ватан», «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» ва «Интиқом»-ро баъди шарҳу тафсири онҳо аз ёд мекардем.
Дертар дар донишкада доираи донишам дар бораи забон ва адабиёт васеътар шуд.
Мазмуну мундариҷаи шеърҳои шоири ватандӯстро, бевосита дарк мекардагӣ шудам. Ҳар як фарди шеърдӯсту фарҳангдӯст ба барвақт хазон шудани умри чунин як шоири боистеъдод афсӯс мехӯрад.
Охир он вақт эҷодкорон ҳуқуқи ба ҷанг нарафтанро доштанд. Барои чӣ ӯро ҳеҷ кас боздошта натавонист? Охир вай бо асарҳои нав ба наваш ба пешрафти адабиёти тоҷик саҳм гузошта метавонист-ку?
Ба ин хабарнома, ки аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ ба аҳли оилаи шоир фиристода шудааст, эътибор медиҳем: «Лейтенант Юсуфов Ҳабибулло дар фронт сахт ярадор шуда, 4-уми феврали соли 1945 дар Полша вафот кард ва дар қабри 9-уми қабристони  ҳарбиёни рус, дар мавзеи Вешнуи губернияи Варшава дафн шудааст».
Бубинед, ҳамагӣ се моҳ пеш аз Рӯзи ғалаба синаи ӯ ҳадафи тири душман қарор мегирад. Магар ин тақдир буд, ки ҳеҷ кас тадбир карда натавонист.
Бале, миллионҳо нафар инсонҳои сулҳу озодихоҳ барои ғалаба бар фашизм сина сипар кардаанд. Яке аз онҳо шоири ватандӯсти тоҷик Ҳабиб Юсуфии самарқандӣ буд. Пос доштани хотираи ӯ пос доштани хотираи миллионҳо нафар қурбониёни ҷанг мебошад. Чунки дар шеърҳои безаволаш ҳиссу андешаи миллионҳо нафар инсонҳои некдил таҷассум ёфтаанд.
Аз ёдам намеравад, байтҳои зерини шоирро гоҳо бо ҳамсинфон ҷӯр шуда мехондем.
Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр.
ё ки
Вақти он аст, Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, Эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, 
Решааш бурӣ зи бех, 
То расӣ, Манҳус анчарро кунӣ бешоху барг! 

Дар шеърҳои «Ба гитлерзодагон амон нест», «Мо ба душман зарбаҳои душманафкан медиҳем»,«Муҳаббат ва ҳақиқат» шоири оташқалб дар баробари муҳаббату садоқатро ба Ватан ифода намудан, ғалабаи халқҳои моро ба душман пешгӯӣ кардааст.
Ҷияни Ҳабиб Юсуфӣ Азиза Юсуфова дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ ба мо аз адабиёт дарс медод ва хотираҳои худро дар бораи Ҳабиб Юсуфӣ нақл мекард. Мегуфт, ки зодаи Самарқанди бостонӣ Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷавонӣ иродаи мустаҳкам дошта, ба адабиёти беш аз ҳазорсолаи форс-тоҷик, рус ва Аврупо шавқи беандоза дошт. Шоир дар ҷанггоҳ ба навиштани романи шеърӣ сар карда будааст. Балки он романи шеърӣ дар бораи қаҳрамониҳои бемислу монанди ҳамяроқонаш буд...
Оре, шоири боистеъдоди тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ ҳам бо қалам ва ҳам бо туфанг ба муқобили душмани ғаддор ҷангидааст. Шеърҳои ӯ имрӯз дар хидмати халқу Ватан мебошанд, насли наврасро дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия мекунанд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: