МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

Дарҳақиқат, китоб манбаи илму дониш, равшангари ақлу идроку адаб ва ҳузури дилу ҷони одам аст.

Шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб гуфтааст:
Фурӯғи коинот аз Офтоб аст,
Фурӯғи одамият аз китоб аст.
Дарҳақиқат, китоб манбаи илму дониш, равшангари ақлу идроку адаб ва ҳузури дилу ҷони одам аст. Мардуми ҳар кадом ҷамъияту кишваре, ки китобхон аст, ояндаи неку дурахшон дорад ва халқу миллате, ки китобу рӯзномаву маҷалла намехонад, ба пешравии зиндагиаш монеа мегузорад.
Дар замони имрӯзаи мо, китобхонии сартосарӣ нест. Қисми ками одамон китобу рӯзномаву маҷалла мехонанд. Ҳаким Фирдавсӣ фармудааст:
Чунин гуфт Пайғамбари ростгӯй,
Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй.

Ҳар он кас, ки дониш
 фаромуш кунад,
Забонро зи гуфтор хомуш 
кунад.
Бояд таъкид кард, ки баъзе халқу миллатҳо табиатан китобхон ҳастанд, ба хондану дониш гирифтан майлу рағбати зиёд доранд. Масалан, мардуми рус. Русҳо хоҳ дар дохили нақлиёт бошад, хоҳ  дар боғи фароғат, хулоса, дар ҳама ҷой китоб ё рӯзномаву маҷалла мехонанд. Ин мардум чи пиру чи ҷавон, ба харидани асарҳои адибони олам низ майли зиёд доранд. 
Моҳи ноябри соли 2020-ум ва охири моҳи апрели соли 2021-ум дар мактаби мо маъракаи “Фурӯши китоб” сурат гирифт. Китобҳо ҳама бо забони ӯзбекӣ ва бо ҳуруфи лотинӣ буданд, ҳол он ки мактаб тоҷикист ва хонандагон ҳама тоҷикзабонанд. Шоҳид будам, ки дар ҳар дуи ин маъракаҳо хеле кам китоб ба фурӯш рафт.
Дар таърихи ҳафтуми майи соли равон бошад, маъракаи “Фурӯши китоб” бо забони тоҷикӣ гузашт. Дар он 25-30 номгӯй китобҳои тоҷикӣ ва 6-8 номгӯй китобҳои ӯзбекӣ буданд. Дар ин тадорук, ки дар мактабҳои 15 ва 72-уми деҳаи Нилуи ноҳияи Сариосиё баргузор гардиданд, китобҳои зиёд харидорӣ шуданд.
Баъди сари кор омадани Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳама соҳаҳо навгониву тағйирот ва пешравию тозакориҳо ба назар мерасанд. Робитаҳои чандинсолаи сармозада ва муаммоҳои зиёде, ки миёни ҳамсоякишварҳо мавҷуд буданд, ба таври оливу осоишта ҳаллу фасл гардида, сулҳу дӯстӣ ва рафтуомади сокинон чун солиёни пешин барқарор гардиданд. Акнун метавон, ки китобҳои адибони классику муосири тоҷикро аз Тоҷикистони ҳамсоя барои тоҷикзабонони кишварамон дастрас кард ва пешкаши хонандагон гардонид. Ва бо чунин амали нек метавон дар ҷумҳуриамон ба пешрафти илму фарҳанг мусоидат намуд.
Баъзан дар маҳфилҳои адабӣ бо адибони афғониву эронӣ менишинем. Онҳо алифбои кирилӣ ва лотиниро хондану навиштан наметавонанд. Аз ин рӯ, изҳори умедворӣ мекунанд, ки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам ҳуруфи форсӣ омӯзанд, то мо аз офаридаҳои ҳамдигар ба таври васеъ воқиф гардем. Яъне, равобити фарҳангиамон густариш ёфта, мустаҳкам гардад.                        
Ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ дар мактабҳои миёна ҳафтае ду соат ба хонандагон забони форсӣ омӯзонда мешуд.  Мутаассифона, дере нагузашта аз байн рафт.
Ман мебинам, ки забони фарҳангии мо, яъне забони адабии мо, солиёни охир басо коста гаштааст. Аз адибу омӯзгор  то донишҷӯву донишомӯз ва мардуми оддӣ ба равнақу пешбурди забони адабӣ кам аҳамият медиҳанд. Дар ҳар ҷумла чандин калимаи ғалатро ба кор мебаранд. 
Падаре дар бозор ба писараш рӯй оварда ба ҷойи «Андозаи поятро бигӯй» гуфтан: “Размери патинки пота гӯ!” мегуфт. Чунин ноқисиҳо дар забони аҳли ҷомеа бисёр дучор меоянд. Камолиддин Биноӣ мефармояд:
Пояи давлат нагардад бе 
маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, 
рӯй бар мактаб биёр. 
Дар даромадгоҳи мактабҳои соф тоҷикӣ, бояд аввал ибораи “Хуш омадед!” ба забони тоҷикӣ ва дар гӯшаи дигараш бо забони давлатӣ “Хуш келибсиз” навишта шавад. Вале дар аксар мактабҳои тоҷикӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, ҳатто англисӣ “Хуш омадед!” навиштаанду бо забони тоҷикӣ не! Аҷабо, ба забонҳои дигар арҷ гузоштаанду забони модарӣ аз ёд баромадааст!...
Аз ғалатҳо пок доштан, бо забони адабӣ сухан гуфтан, вазифаи ҳамаи соҳибзабонон аст. «Забон омӯзед, захираи луғавии худро ғанӣ гардонед, пухтаву фаҳмо ва фасеҳ ифода кардани фикрро ёд гиред» – гуфта буд нависандаи бузурги рус Максим Горкий. Дарҳақиқат, забони поку равон ва беолоиш ба накҳату таровати гулу гиёҳи боғу бӯстон шабоҳат дорад. Ва ба он чӣ расад!

Абдубароти СУРХОНӢ, 
омӯзгор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: