ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР...

30 июл Маркази милии тоҷикону ӯзбекони ноҳияи Риштон намуди идонаро касб намуд. Дар ин ҷо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ чорабинии доманфарохи фарҳангӣ баргузор гардид. Он таҳти унвони “Ӯзбекистон – кишвари дӯстиву рафоқат ва таҳаммулпазирӣ” ба вуқӯъ пайваст.

30 июл Маркази милии тоҷикону ӯзбекони ноҳияи Риштон намуди идонаро касб намуд. Дар ин ҷо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ чорабинии доманфарохи фарҳангӣ баргузор гардид. Он таҳти унвони “Ӯзбекистон –  кишвари дӯстиву рафоқат ва таҳаммулпазирӣ” ба вуқӯъ пайваст.
Дар майдони васеи марказ парчамҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон парфишонӣ менамуданд ва аз он шаҳодат медоданд, ки ӯзбек, тоҷик, қирғиз ва қазоқ дар ин сарзамини бекарон дар фазои иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сулҳу субот ба сар мебаранд ва боҳам дӯстону бародарони қаринанд.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ намояндагони илму адабу маърифат, шоирону нависандагон, собиқадорони меҳнат, кулолони номии Риштонзамин ва меҳмонон аз чаҳор гӯшаи ноҳия гирдиҳам омаданд, ки ба миллатҳои гуногун мутааллиқ мебошанд. 
Маросимро ноиби сардори шуъбаи маҳалла ва пуштибони оилаи ноҳия, иҷрокунандаи раиси Маркази тоҷик-ӯзбек Турсунхӯҷа Абдураҳмонов бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
– Дар ноҳияи Риштон намояндагони миллатҳои гуногун дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамгироӣ зиндагӣ мекунанд. Тоҷикон дар ноҳия дар ҷои дуюм қарор доранд ва ҳудуди 40 ҳазор нафарро ташкил менамоянд. Соли севум аст, ки дар ноҳия Маркази тоҷик-ӯзбек фаъолият мекунад. Ин марказ дар бобати мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқати миёни ду миллати бародар – тоҷику ӯзбек нақши муҳиму созанда мебозад. Инчунин барои рушди забону фарҳанги миллии тоҷикӣ, суннатҳову анъанаҳо ва расму оинҳои мардуми мо мусоидат менамояд,– гуфт Абдураҳмонов.
– Ассамблеяи генералии СММ 30-юми июлро “Рӯзи байналмилалии дӯстӣ” эълон кардааст. Ин созмони бонуфуз ба ин васила талқин менамояд, ки дӯстиву рафоқати байни мардуми гуногунмиллати кишварҳои олам мустаҳкам гардад, суботу барқарорӣ ва сулҳ ҳамеша пойдор боқӣ бимонад. Фарҳангҳо ва тамаддунҳо барои манфиатҳои тамоми инсоният хидмат кунанд,– гуфт узви Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, адиби риштонӣ Ғуломҷон Фатҳиддинов.
– Ман намояндаи миллати тоҷикам ва дар ин шаҳри бостонӣ зодаву ба камол расидаам. Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаам давлат ва ҳукумат маро хеле зиёд қадрдонӣ кардааст. Аз кулоли қаторӣ ба сифати кулоли номии Риштон муаррифӣ шудам. Мукофотҳои зиёдро ба даст овардам, дипломати ЮНЕСКО ва узви ҳақиқии Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон шудам. Ҳоло низ ба ҳар як зарфи сохтаам меҳрамро мебахшам. Ҳамаи пешрафтҳои мо маҳз натиҷаи дӯстиву рафоқати байни миллатҳо ва барқарории сулҳу субот мебошад,– изҳор кард устои кулол Шарофиддин Юсуфов.
– Солҳои дароз аз забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон сабақ додаам. Дар айни ҳол, бо вуҷуди нафақахӯр буданам, дар мактаби таълимоти умумии рақами 57-уми ноҳия дар вазифаи тарғиботчӣ оид ба масъалаҳои маданиву эҷодӣ машғули кор ҳастам. Дар ноҳияи Риштон миллатҳо баҳам дӯсту қаринанд. Тамоми маъракаву маросимҳои мардум бидуни иштироки якдигар намегузарад. Ин ҳол баёнгари он мебошад, ки дӯстии мардумони моро ягон чиз халалдор карда наметавонад,– гуфт зимни суханронӣ собиқадори соҳаи таълим Юлдошалӣ Додобоев.
Вай дар хотима ин байти маъруфи устод Мирзо Турсунзодаро барои иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ботантана хонд:
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш 
гир, 
Расми хуби тоҷиконро гум 
макун.
– Қирғизҳо дар ноҳияи мо яке аз ақаллиятҳои миллиро ташкил мекунанд. Онҳо бо мардуми дигар пайвандии хешу таборӣ низ барқарор кардаанд: духтар додаву барои писари худ аз миллати дигар арӯс фаровардаанд. Мардуми қирғизтабор асосан дар ду ҷамоати шаҳрвандони ноҳияи Риштон машғули зиндагӣ ва кор мебошанд. Онҳо дар тамоми ҷанбаҳои меҳнат фаъолият менамоянд ва дар рушду ривоҷи ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми амиқ мегузоранд,– иброз намуд журналисти маҳаллӣ Ҳаётҷон Бойбобоев.
Ин чорабинии дӯстиро таронаҳои марғуби овозхони шинохта Валиҷон Қодиров ва гурӯҳи раққосони назди Маркази тоҷик-ӯзбеки ноҳияи Риштон, инчунин дастаҳои ҳаваскорони санъати қирғизҳову русҳо ҳусну тароват ва шукӯҳи хос бахшид.

М. АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: