ХОҶА БАҲОУДДИНИ НАҚШБАНД

Хоҷа Баҳоуддин яке аз валиёни машҳур буда, тариқати нақшбандияро пос гузоштааст.

 Моҳи марти соли 1318 дар деҳаи Қасри Ҳиндувони ноҳияи имрӯзаи Когони вилояти Бухоро таваллуд шуда, 1 марти соли 1389 дар ҳамон ҷо вафот кардааст.
Номи пурраи ӯ Хоҷа Баҳоуддин Нақшбанд Бухории Балогардон аст. Ба сабаби он ки аз авлоди Хоҷагон аст, пеш аз номи ӯ истифодаи калимаи Хоҷа ба расмият даромадааст. Ба сабаби он ки дар ҷавонӣ ҳамроҳи падари худ бо ҳунари нақшандозӣ ба кимхоб машғул буда, бо лақаби Нақшбанд машҳур гардидааст.
Қасри Ҳиндувон баъдтар ба шарофати Баҳоуддин Нақшбанд Қасри Орифон ном гирифт. Номи аслии ӯ Муҳаммад буда, аз тарафи падар аз авлоди саййидҳо мебошад. Шаҷараи ӯ аз Имом Ҷаъфари Содиқ шурӯъ шуда, баъд аз худи ӯ фарзанди ҳалқаи 19-ум ба шумор меравад. Аз тарафи модар насаби мавсуф ба ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ рафта мерасад.
Баҳоуддин Нақшбанд аз пироне мисли Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ, Амир Сайид Кулол, Ҳусайн Шайх, Халил ота (Султон Халил) тасаввуфро таълим гирифтааст. Рӯҳи Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ он касро тарбия кардааст.
Силсилаи нақшбандия ҳам, яссавия ҳам ба Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ пайваст мешавад. Ба сабаби он ки Баҳоуддин Нақшбанд аз пирони ин ду тариқат таълим гирифта, дар ҳарду силсила ҳам шуморида мешавад.
Хоҷа Баҳоуддин 4 духтар ва як писар дошт. Ду маротиба ҳаҷ кардааст.
Асарҳои насрии «Аврод», «Далел-ул-ошиқин», асари назмии «Ҳаётнома» ба Баҳоуддин Нақшбанд нисбат дода мешавад.
5 рубоии мавсуф хеле машҳур аст, ки дар ҳар яке аз намозҳо якто аз онҳо чун анъана хонда мешавад.
Бо гузашти замонҳо дар атрофи қабри Хоҷа Баҳоуддин масҷид, манора, мадраса, хонақоҳ, мусофирхона, дарвоза барин иморатҳо сохта шуда, дар натиҷа ин ҷо ба як маҷмӯаи калон табдил ёфтааст. Ин маҷмӯа аз Бухоро 10 километр дур, дар тарафи шимолӣ-шарқӣ ҷойгир шуда, дар байни панҷ аср ташаккул ёфтааст.
Баъдтар аз вафоти Хоҷа Баҳоуддин дар ин ҷо намояндагони сулолаҳои ҳукмрони Бухоро дафн карда шудаанд. Ва ҳамин тариқа Дахмаи шоҳон ташкил шуд.
Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ таълимоти тасаввуфро дар Бухоро тарғиб кард. Яке аз муридони ӯ Хоҷа Абдулхолиқ ба тариқати хоҷагон, муриди дигараш Хоҷа Аҳмад Яссавӣ ба яссавия асос гузошт. То он вақт дар ҳудуди мо тариқати кубравия, ки Наҷмиддин Кубро асос ниҳода буд, амал мекарду халос. 
Чунон ки мушоҳида мешавад, тариқатҳои хоҷагон ва яссавия аз як сарчашма ғизо гирифтаанд. Тариқати хоҷагон ғояи «Дил ба ёру даст ба кор»-ро шиори асосии худ қарор додааст. Ин дар он давр гардиши куллӣ ба ҳисоб мерафт. Ин шиор имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. 
Ғояи мазкур барои тасаввурро ба ҳаёт наздик намудан амалан хизмат кардааст. Дар баъзе ҷараёнҳои дигари тасаввуф тарки дунё бартарӣ дошт, дар онҳо барои ба ҳақ расидан сӯфӣ бояд, ки аз корҳои дунё куллан даст мекашид. Аммо тариқати хоҷагон ба воситаи ҳамин шиори асосӣ роҳи муътадил: «Ин дунё гуфта он дунёро, он дунё гуфта ин дунёро фаромӯш набояд кард»-ро интихоб намуд. Ва ин барои дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ аз ҳад зиёд густариш ёфтани ҷараёни мазкур мусоидат намуд. 
Бино бар шиори «Дил ба ёру даст ба кор» солик моҳиятан, яъне ботинан бояд ҳамеша ба Худо дил бандад, аммо аз ҷиҳати зоҳирӣ дасти ӯ доим бо кор банд буданаш лозим. Ин дар моҳият зиёне надорад. 
Усули асосии тарбияи тариқати нақшбандия суҳбат аст. Зеро нақшбандиҳо таъкид мекунанд, ки суҳбат фоидаи зиёд дорад, ба воситаи суҳбат ба қалби инсон роҳ ёфтан мумкин аст. 
Мувофиқи нишондодҳо суҳбат дар тариқати нақшбандия аз шартҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар назди Хоҷа Баҳоуддин дар хилват шуҳрат аст. Дар ҷойи шуҳрат бошад, офат аст. Пас, дар ҷамъият, яъне байни бисёрӣ хайрият – хайру барака ҳаст. Ҷамъият бошад, ба воситаи суҳбат пайдо мешавад. 
Баҳоуддин Нақшбанд ҳаёти ниҳоят камтарона дошта, дар тақво, ҳалолхӯрӣ, ҳақгӯйӣ адолатхоҳӣ намуна будааст. Ёдовар мешавад, ки «Якто гов доштам, онро худам бонӣ карда, худам медӯшидам». 
Баҳоуддин Нақшбанд назру ниёз қабул накарда, баръакс, аз рӯзгораш барзиёд бошад, ба муҳтоҷон додааст. Қасри Орифон ба хонақоҳи ба худ хос табдил ёфта, Баҳоуддин Нақшбанд бо тарбияи муридон машғул гардидааст. 
Дар бораи Баҳоуддин Нақшбанд, таълимоти он кас, шайхони нақшбандӣ асарҳои зиёд таълиф гардидаанд. Танҳо дар фонди Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Ӯзбекистон доир ба нақшбандия 195-то китоб мавҷуд аст. Баҳоуддин Нақшбанд чиллашинӣ, зикри ҷаҳрияро маъқул намешуморидааст. Бояд гуфт, нақшбандия шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Он дар ҳудудҳои калонтарини олами ислом густариш ёфта ва ҳоло дорои идомадиҳандагони худ дар тасаввуф мебошад. Дар бисёр мамлакатҳои дунё идомадиҳандагони тариқати нақшбандия фаъолият доранд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки ғояҳои ин тариқат барои имрӯз, камолоти маънавии одамони замони ҳозира, барои ояндагон низ хеле зарур аст. Ба қавли Ҷ. С. Тримингэм тасаввуф, аз ҷумла, фалсафаи нақшбандия «баъди ин ҳам барои баркамолии маънавии инсоният ба сифати таълимоти муҳими ҳаётӣ боқӣ мемонад».

Комилҷон РАҲИМОВ,
доктори илмҳои таърих оид ба фалсафа, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии 
ба номи А.Берунӣ.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: