ӮЗБЕКИСТОН ВА ИМА САМТҲОИ НАВИ ҲАМКОРИРО МУАЙЯН МЕКУНАНД

15-17 майи соли равон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешбинӣ шудааст.

Дар бораи мулоқоти сиёсии Тошканд бо Вашингтон чиро бояд донист ва вохӯрии навбатии сарони ду давлат чӣ гуна пешомадҳоро боз мекунад, дар маводи мо аз ин хусус сухан меравад.
Иёлоти Муттаҳида истиқлолияти Ӯзбекистонро аз аввалинҳо шуда эътироф кардаанд, муносибатҳои дипломатӣ бошанд, 19 феврали соли 1992 ба роҳ монда шудаанд. Дар давраи сипаришуда муносибатҳои ӯзбекистониву амрикоӣ бо ҷиҳатҳои маҷмӯӣ, дарозмуҳлат ва бисёрҷанбаи худ тафриқа доштанд. Мулоқоти сиёсӣ ба равандҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, эҳтироми тарафайн ва ба инобат гирифтани манфиатҳои якдигар такя мекунанд. 
Пойгоҳи пурмуҳтавои муоҳидавиву ҳуқуқие, ки зиёда аз сад ҳуҷҷатро дарбар мегирад, ба татбиқи амалии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайн мусоидат мекунанд. Баённомаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба шарикии стратегӣ ва асосҳои ҳамкорӣ, ки соли 2002-юм имзо шудааст, дар муносибатҳои дуҷониба нақши муайянкунанда дорад.
Ду соли охир даврони пештар диданашудаи фаъолшавии робитаҳо гардиданд. Дараҷаи баланди эътимоди тарафайн ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат – президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп, ки барои дар тамоми самтҳо беҳтар кардани алоқаҳо ва бо мазмуну муҳтавои мушаххас сарпур сохтани онҳо нигаронида шудаанд, ба даст омаданд.
Танҳо дар соли 2017 роҳбарони Ӯзбекистон ва ИМА ду бор: дар соҳати ҳамоиши кишварҳои арабу мусалмон ва ИМА моҳи май дар Ар-Риёд ва дар доираи иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябр дар Ню-Йорк вохӯрданд. Сарони давлатҳо ҳамчунин суҳбатҳои телефонӣ доштанд ва ба муносибати ҳодисаҳои хотирмон номаҳои табрикӣ ирсол намуда, бо ин саъю кӯшиши қатъии худро ба вусъатдиҳӣ ва амиқ сохтани муносибатҳои дуҷониба намоиш доданд.
Бо мақсади ба ҳамкориҳои тарафайн, ҷиҳати мунтазам додан, ҳамчунин амалан татбиқ намудани муоҳидаҳои имзошуда дар Ӯзбекистон бинобар рушди ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо муфид «харитаи амалиёт»-и фарогир татбиқ карда мешавад.
Ҳайати дараҷаҳои гуногун, ки дар таркиби онҳо намояндагони идораҳои асосии ҳукумати Амрико дохиланд, мунтазам ба Ӯзбекистон меоянд. Дар доираи машваратҳои ҳарсолаи сиёсӣ, ки механизми муассири табодули фикру андешаҳо бинобар масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкорӣ гардиданд, ҳамкориҳои тарафайн татбиқ карда мешаванд.
Мақомоти қонунгузории ду давлат низ робитаҳои пурмаҳсулро ба роҳ монданд. Чунончи, соли гузашта сафари ҳайати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ба ИМА ташкил карда шуд, гурӯҳи конгрессменҳои амрикоӣ бо роҳбарии узви палатаи намояндагон Трент Келли ба ҷумҳурии мо сафар кард.
Ислоҳоти васеъмиқёс дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият, ки дар Ӯзбекистон оғоз ёфтанд, боз як омили қаробат гардиданд. Доираҳои ҷамъиятиву сиёсии Амрико тағйироти дар кишвари мо татбиқшудаистодаро муоина ва дастгирӣ мекунанд. Ин мавқеи Вашингтон чандин бор ва аз минбарҳои мухталиф таъкид шуд. Муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Рэнди Берри, ки ба наздикӣ ба ҷумҳурии мо сафар карда буд, имкон дошт дар бораи ҷараён ва натиҷаҳои ислоҳот маълумоти зарурӣ ба даст оварад. 
Коршиносон қайд мекунанд, Ӯзбекистон, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст, бо имкониятҳои бузургаш дар бисёр соҳаҳо дар сиёсати Иёлоти Муттаҳида бинобар ин минтақа воқеан нақши асосӣ мебозад.
Иқдомҳои қатъие, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев бобати дигаргун сохтани муносибат бо ҳамсоягон гузошта мешаванд, дар Вашингтон шавқу рағбати зиёд пайдо карданд. Раёсати Амрико изҳор дошт, ки роҳи нави сиёсати хориҷии Тошканди расмиро, ки имкон дод дар Осиёи Марказӣ муҳити куллан дигари сиёсӣ ташаккул ёбад, куллан дастгирӣ мекунад. 
Чунончи, дар ҷараёни суҳбати телефонӣ бо роҳбари давлати мо, ки моҳи декабри соли 2017-ум ба вуқӯъ пайваст, Президент Доналд Трамп сиёсати кушод ва пурмуҳтавои Ӯзбекистонро бинобар рушди муносибатҳои некҳамсоягӣ ва ҷоннок сохтани кооператсия бо кишварҳои ҳамҳудудро, ки ба мустаҳкам шудани сулҳу суботи минтақа мусоидат мекунанд, табрик кард.
Ҷонибҳо мулоқотро дар шакли «ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» (С5+1), ки ибтидои он дар ҷараёни вохӯрии вазирони корҳои хориҷии панҷ мамлакати минтақаи мо ва Иёлоти Муттаҳида   моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанд гузошта шуда буд, дастгирӣ менамоянд. То ҳол аллакай панҷ вохӯрӣ дар доираи механизми мазкур баргузор гардид, ки охиринаш моҳи январи соли равон дар Ню-Йорк ба вуқӯъ пайваст.
Стратегияи ҷории Вашингтон дар Афғонистон низ ба афзудани аҳамияти сиёсати Ӯзбекистон дар сиёсати Амрико хидмат мекунад. Иёлоти Муттаҳида ба муносибати нави Ӯзбекистон, ки Афғонистонро на ҳамчун манбаи таҳдид, балки ба сифати имконият барои ҳамкориҳои дарозмуҳлату муфиди тарафайни минтақавӣ баррасӣ менамояд, баҳои баланд медиҳанд.
Аз ин нуқтаи назар тааҷҷубовар нест, ки ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев бобати баргузор кардани Конфронси байналхалқии дараҷаи олӣ бинобар Афғонистон «Ҷараёни сулҳхоҳона, шарикӣ дар соҳаҳои амният ва ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ» аз ҷониби Қасри сафед куллан дастгирӣ гардид. Президент Доналд Трамп дар номааш ба унвони роҳбари давлати мо вобаста ба ин изҳор дошт, ки ташаббуси Президенти Ӯзбекистонро бинобар муносибатҳои минтақавӣ, ки барои танзими осоишта аз тариқи гуфтушунидҳо шароит фароҳам оварда, иқтисодиёти Афғонистон ва тиҷоратро бо он беҳтар мекунад, дастгирӣ менамояд.
«Саъю кӯшишҳои Шумо бобати вусъат додани ҳамкориҳои минтақавӣ аллакай сабаби муваффақиятҳои бузург шуданд. Конфронси Самарқанд, ки моҳи ноябри соли гузашта ба вуқӯъ омад, муҳити хубу умедбахши ҳамкориро дар тамоми Осиёи Марказӣ фароҳам овард, вохӯрии Шумо бо Президент Ғанӣ моҳи декабр барои робитаҳои зиёди тарафайн ва шукуфоӣ пойдевор гузошт», зикр гардида буд дар номаи роҳбари маъмурияти ИМА. 
Дар анҷумани тошкандӣ ҳайати сернамояндаи Амрико бо роҳбарии муовини Котиби давлатӣ Томас Шеннон, ки дар суханрониаш саривақтӣ ва рӯзмарра будани чорабинии мазкурро таъкид сохт, иштирок кард. Чанде пас дипломат дар гузоришаш ба расонаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ изҳор дошт, ки «мулоқоти Кобул ба Тошканд кӯчид ва мақоми байналхалқӣ дарёфт».
Умуман мулоқоти пешистодаи президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп дар Вашингтон имкон медиҳад муносибатҳо бинобар масъалаҳои рӯзмарраи дуҷониба ва байналхалқӣ мушаххас карда шаванд, ҳамчунин пешомадҳо дар муносибати Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳида барои солҳои наздиктарин муайян гарданд. Бинобар баҳои коршиносон натиҷаҳои сафари мазкур имкон медиҳанд мулоқоти стратегии ӯзбекистониву амрикоӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шаванд ва  куллан ба манфиати ҳар ду миллат ва воқеияти муносибатҳои кунунии байналхалқии асри XXI ҷавобгӯ бошанд. Ин  вазифа ба самтҳои бартариноки рушди ҳамкориҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиёти хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шарикони асосии хориҷӣ барои пешомади миёнамуҳлат низ комилан мусоидат мекунад, ки онҳо ба наздикӣ бо фармони Президенти мамлакати мо тасдиқ шуданд.

Шаҳриёр ТУРҒУНБОЕВ,
ОИ «Ҷаҳон».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: