МИРЗИЁЕВ ТАШАББУСКОРИ БЕҲБУДИИ АЗИМ ГАРДИД – ДЕПАРТАМЕНТИ ДАВЛАТИИ ИМА

Ба қарибӣ дар яке аз мактабҳои олии бонуфузи Амрико – Донишгоҳи Ҷорҷтаун таҳти мавзӯи «Осиёи Марказии дигаргуншаванда дар Авроосиёи калон» конфронс ба амал омад.

Дар чорабинӣ, ки Маркази тадқиқотҳои Авроосиё, Русия, Аврупои Шарқии назди Мактаби хидмати дипломатии муассисаи олии мазкур ташкил намудааст, намояндагони доираҳои сиёсӣ, корбастӣ ва академии ИМА, ҳайатҳои дипломатии Вашингтон иштирок карданд.
Дар конфронс дар бораи афзалиятҳои ИМА дар минтақа директори идораи оид ба Осиёи Марказии Департаменти давлатӣ Скотт Рид иттилоъ дод. Ба сифати яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Вашингтон бо мамлакатҳои ин қисми ҷаҳон дипломат аз миён бардоштани канораҷуии иқтисодии Осиёи Марказиро махсус қайд кард, ки имрӯз минтақаи дар ҷараёни ҷаҳонии иқтисодӣ на кам ҳамгароро ифода менамояд. Бар замми ин хатсайрҳои ояндаи тиҷоративу иқтисодӣ, чӣ хеле, ки интизорӣ меравад, бояд дар давлати асосии минтақа – Ӯзбекистон ба ҳам бармехӯранд.
Инчунин нерӯи истифоданашудаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бунёди низоми комилан нави идоракунии давлатӣ, рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ, ВАО-и мустақил таъкид гардид. Дар соҳаи амният ИМА бори дигар пайравиашро ба кӯмак расондан ба мамлакатҳои минтақа дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, дастгирии ҳамаҷониба ба истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ собит намуд. 
Ба сифати шохаи муҳим дар роҳи ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ ташаккул ёфтани минтақа ҳамоиши Остона – аввалин чорабинӣ дар тӯли солҳои зиёд, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 баргузор гардид, пешниҳод мегардад. Бино бар суханони С. Рид дар Вашингтон аз сарвари давлат дар муваффақ гардидан ба созишномаҳо бино бар масъалаҳои қаблан ҷанҷолӣ, аз он ҷумла оид ба рушди тиҷорати минтақавӣ, коркарди манфиатҳои умумӣ ва мақсадҳои рушд чунин ҷасоратро интизор набуданд.
Сиёсати амалии минтақавии пешвои Ӯзбекистон, ки дар роҳи рушди муназзами осоиштаи минтақа тамоми саддҳоро аз байн бардошт ва Ӯзбекистонро аз ҷудогузории дипломатӣ баровард, баҳои баланди истеблишменти вашингтониро гирифт. Қайд гардид, ки Ш. Мирзиёев дар Осиёи Миёна ба раванди ҳамгароӣ руҳ бахшид, дар муҳлати кӯтоҳ аз рӯзнома низоъҳои куҳнаи нисбати ҳамсояҳо ҷойдоштаро, ки даҳсолаҳои боз тамоми саъю кӯшиши дипломатияи минтақавиро «ба нестӣ мебаровард» аз байн бардошт. Чӣ хеле, ки С. Рид таъкид намуд, самти имрӯзаи ҷумҳурӣ имконияти «ҳаллу фасл намудани мушкилоти ҳалнопазирро» фароҳам меорад. Ҳамин тариқ, сиёсати некҳамсоягии Ӯзбекистон ба ташаккул додани муҳити куллан нави минтақа мусоидат менамояд.
ИМА инчунин саъю кӯшиши фаъоли Тошкандро бино бар танзими мушкилоти Афғонистон дастгирӣ менамояд. Анчумани васеъмиқёси байналхалқӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки моҳи март гузаронда шуд, комёбии бузурги дипломатияи Ӯзбекистон гардид. «Намоиши ин ташаббусро дастгирӣ намудани Вашингтон, – изҳор намуд С. Рид, – дараҷаи баланди ҳайати амрикоӣ таҳти сарварии муовини котиби давлатӣ Томас Шеннон гардид». Чорабинии мазкур аз ҷалб намудани Осиёи Марказӣ  ба саъю кӯшиши ҷомеаи байналхалқӣ бино бар танзими низои Афғонистон бо нақши асосии пешвои Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.
Аммо, чӣ хеле, ки корманди идораи сиёсати хориҷии ИМА таъкид кард, «Президент Шавкат Мирзиёев ташаббускори беҳбудии азим, дар навбати аввал, дар худи Ӯзбекистон гардид, ба ҷаҳон қиёфаи мамлакатро кушода, ҷониби мусбати онро намоиш дод». Бино бар суханони дипломат, Вашингтон самти Тошкандро бобати озодгардонии иқтисодиёт, беҳтар гардондани иқлими сармоягузорӣ, хусусан дар нақшаи танзими асъор, инчунин мустаҳкам кардани волоияти қонун ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҳолати мусбати ҷумҳурӣ бобати ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла бо Human Rights Watch қайд гардид. 
Дар конфронс иштирокдорон бо афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, қадамҳо бино бар мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя дар соҳаи сиёсат, иқтисод, тиҷорат, нақлиёт, инчунин ҳаллу фасли мушкилоти экологии минтақа шинос шуданд. Дастгирии васеи ташаббусҳои сарвари давлати Ӯзбекистон бино бар ташкил кардани майдончаи минтақавии мулоқоти бевоситаи байни ҷомеаҳои тиҷоратии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2017 дар конфронси байналхалқии Самарқанд садо дод, зикр гардид.
Ба сиёсати ислоҳотии Шавкат Мирзиёев дар баромадҳои худ намояндагони доираҳои корбасти ИМА баҳои баланд доданд. Қайд гардид, ки сиёсати некҳамсоягии Ӯзбекистон ба тантанаи ҳусни тафоҳум дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, имконияти «ҳаллу фасли мушкилотеро, ки то ба қарибиҳо амалан ҳалнопазир ба ҳисоб мерафт» фароҳам овард. Иштирокдорони конфронс таъкид намуданд, ки амалан тамоми дигаргуниҳои минтақа ба ташаббуси сарвари  Ӯзбекистон марбутанд. 
Мувофиқи фикру ақидаи директори Маркази Авроосиёи ба номи Д. Патрисиуи Шӯрои таҳлилӣ Ҷ. Хёрбст, танҳо ба туфайли ошкороии Ш. Мирзиёев ба ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо «Осиёи Марказӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ аз нав барпо мешавад». 
Чӣ хеле, ки Р. Хоугланд сафири собиқаи ИМА дар Қазоқистон ва Тоҷикистон изҳор кард, «ҳоло қувваҳои берунӣ нигаронанд, ки ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ чӣ хел шакл мегирад». Дар вохӯрии машваратӣ дар Остона сарони давлатҳои минтақа «ба ҷаҳон бонги дақиқ доданд, ки ояндаи минтақа – дар дасти онҳост». 
Декани Маркази тадқиқотҳои стратегии Шарқи наздик ва Осиёи Ҷанубии назди Вазорати мудофиаи ИМА Роҷер Кангас изҳор намуд, ки:
– Конфронси имрӯза барои муҳокимаи байни экспертҳо оид ба Осиёи Марказӣ майдончаи муҳим гардид. Бино бар масъалаҳои амният ва иқтисодиёт дар минтақа мубоҳисаҳои ниҳоят самарабахш ба амал омаданд. Ташаббусҳои роҳбарияти Ӯзбекистон бино бар мустаҳкам кардани равобит бо давлатҳои ҳамсоя, дар навбати аввал амиқ гардондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷанбаи муҳим гардиданд.
Корманди калони илмии Маркази тадқиқотҳои Авроосиё, Русия ва Аврупои Шарқии назди Мактаби хидмати дипломатии Донишгоҳи Ҷорҷтаун Эндрю Качине:
– Баргузор намудани конфронси мазкур, хусусан бо дарназардошти дигаргуниҳои азими минтақа ниҳоят муҳим мебошад. Аксарияти онҳо ба дигаргуниҳои мусбат дар Ӯзбекистон алоқаманд мебошанд. 
Самти нави ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ бино бар чунин самтҳо, мисли сиёсат, иқтисодиёт, савдо ва бехатарӣ имкониятҳоро боз менамояд. Муваффақ гардидан ба созишнома бино бар 85 фоизи сарҳадҳои байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон далели равшани ин мебошад. 
Пешравии дигари сиёсати хориҷии     Шавкат Мирзиёев беҳтар гардидани муносибат бо Тоҷикистон бино бар масъалаҳои истифодаи об, сарҳади давлатӣ, сабук гардондани равуои байни халқҳо гардиданд.
Ислоҳоти васеъмиқёси сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро қайд накардан нашояд. Мо нисбати дигаргуниҳои мазкур некбин ҳастем.

ОИ «Ҷаҳон»
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: