МО ОМАДАЕМ, КИ БАЗМ БУНЁД КУНЕМ!

Дар бораи сафари давлатии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, дидору гуфтугӯҳои ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва оиди имзои санадҳои зиёди ҳамкории миёни ду кишвари дӯсту бародар дар матбуот ва садову симо маводи зиёд ба табъ расиданд.

 Яке аз натиҷаҳои ин сафар аз байн бурдани низоми раводиди байни ду кишвар барои як моҳ мебошад. Ҳар фард, новобаста аз он, ки шаҳрванди Ӯзбекистон ё Тоҷикистон аст, бидуни раводид  метавонад ба ин ё он самти марз сафар кунад ва як моҳ он ҷо меҳмон шавад. 
Маҳз ана ҳамин падидаи нек боис гардид, ки мо азми сафари Тоҷикистон кардем. Аслан нигорандаи ин сатрҳо, ҳамсафаронам – Имомалӣ Эргашев ва Зайниддин Иброҳимов дар як донишгоҳ ва дар як курс таҳсил кардаем. Мо чанд сол инҷониб мехостем, ки ба Душанбе сафар кунем ва ба дидори ҳамкурсону дӯстонамон бирасем. Аммо ҳамеша гирифтани раводид ҳавсалаи моро пир мекард. Акнун хурсандем, ки ин монеа аз байн бардошта шуд. 
Мо ба гузаргоҳи марзиву гумрукии «Ойбек»-и вилояти Тошканд вақте расидем, хуршед навакак нурҳои босаховати худро дар ихтиёри мавҷудоти заминӣ қарор дода буд ва аз фаро расидани боз як рӯзи офтобӣ дарак медод. Дар посгоҳ мусофирон чандон зиёд набуданд, барои ҳамин дар зарфи  ҳашт-даҳ дақиқа гузаргоҳи ҷониби худамонро убур кардем ва худро ба гузаргоҳи марзиву гумрукии  «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон расондем. Он ҷо низ ҳуҷҷатҳоямонро расмӣ кунонида, вориди хоки Тоҷикистон шудем.  
Қобили зикр аст, ки марзбонҳо ва ходимони гумруки ду посгоҳи марзӣ нисбати мусофирон муносибати хубу самимона доштанд. Аз ин ҳол рӯҳ гирифта, ба  таксие савор шудем, ки моро то шаҳри Хуҷанд мерасонд. Вақте ки ронанда ба куҷо рафтанамонро фаҳмид,  маслиҳат дод, ки беҳтараш аз автовокзали «Роҳи абрешим»-и Хуҷанд ба таксӣ савор шавем.
– Нарху навои масири байни Хуҷанд – Душанбе дар ҳудуди 70-80 сомонӣ ё муодили 70-80 ҳазор сӯми ӯзбекист. Аз ин арзонтараш ҳам ҳаст, вале он мошинҳо шояд барои шумо чандон мувофиқ набошад, – гуфт ронанда пеш аз он ки аз мошинаш фароем.
Ба вай ибрози ташаккур кардем ва борҷомаҳоямонро гирифта, хостем, ки торик нашуда ба шаҳри Душанбе расем. Барои ҳамин зуд ба мошин нишастем. 
– Агар сафарамон барор гирад, масофаи байни Хуҷанд – Душанберо дар зарфи чоруним-панҷ соат тай хоҳем кард, – гуфт ронанда. 
Шаҳри Хуҷанд хеле тағйир ёфтааст. Дар тарафи соҳили рости дарёи Сир иморатҳои баланду бошукӯҳ қомат рост кардаанд, ки қаблан мислашонро надида будам. Вақте ки аз болои пули рӯди Сир мегузаштем, оби он мисли қалби поку беолоиши мардуми ин шаҳри бостонӣ мусаффо буд ва бо як маром ҷорӣ мешуд. Ин шаҳрест, ки олимону адибони бузургро зодаву парвардааст ва онҳо дар тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муассир доранд. 
Ба ёдам расид, ки солҳои пеш зуд-зуд падару модарамро ба ин шаҳр меовардам (равонашон шод бод!) ва онҳоро тамошо медодам. Онҳо дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дар бахши забон ва адабиёти тоҷик таҳсил кардаанд. 
Ғарқи фикру хаёл бехабар мондаам, ки мошинамон шаҳри Хуҷандро аллакай пас гузоштаву дар ноҳияи  Шаҳристон ба пеш мерафт. Баъди пас гузоштани маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи мазкур, ки дар сари роҳ вомехӯрданд,  табиати зебо ва мафтункори ду тарафи роҳ моро ба канори худ кашид. 
Тибқи омори расмии Тоҷикистон ноҳияи Шаҳристон 1140 километри мураббаъ масоҳатро ишғол мекунад ва яке аз минтақаҳои водии Фарғона маҳсуб мешавад. Ин ноҳия дар шимол бо шаҳри Истаравшан, дар шарқ бо ноҳияи Деваштич, дар ҷануб бо ноҳияи Айнӣ ва дар ғарб бо ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи кишвари мо ҳаммарз мебошад. 
– Ман ин ағбаро бори аввал убур мекунам. Вақти таҳсил дар донишгоҳ ҳамеша тавассути ҳавопаймо ба Душанбе парвоз мекардам. Он вақт тақрибан ҳар рӯз ҳавопаймо дар хати сайри  Тошканд – Душанбе парвоз мекард, – хомӯшии дармиёномадаро халалдор кард Имомалӣ Эргашев. 
Вай баъди анҷоми таҳсил бори аввал ба Тоҷикистон меомад. Имомалӣ, ки  аз тамошои анбӯҳи арчазорон ва талу теппаҳои хушманзара  завқ мегирифт, ба суханаш чунин идома дод:
– Гӯё ҳамаи мо дирӯзакак ҷавону донишҷӯ будем, вале надониста мондем, ки чиҳил сол ин қадар бо суръати тез паси сар шудааст.  Дар ин муддат чӣ қадар ҳодисаҳо рух доданд, чӣ қадар дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастанд, чӣ қадар бузургон бо ин дунё падруд гуфтанд.
Аммо бист сол мешавад, ки  ба шаҳри Душанбе нарафтаам. Бори охир як кори муҳим баромаду тавассути қатори Конибодом – Душанбе худро он ҷо расондам. Чанд тан аз хабарнигорони бо ҳам шинос дар хонаи Ҷовиди Муқим (ҳоло доктори илмҳои журналистика ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), дар яке аз биноҳои баландошёна гирд омадему суҳбат оростем. Баъди хӯрдани нони шом хостем, ки ба поён фароему аз ҳавои тоза нафас кашем. 
Вақте ки ин матлабамро оҳиста ба Суҳроби Зиё, хабарнигори бахши форсии ББС  гуфтам, ҳарфҳояш маро ба ҳайрат овард. Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз силоҳдорон шабонгоҳ дар ҳар ҷойи шаҳр пайдо мешаванд ва дар байни онҳо нафароне ҳастанд, ки касро дониставу надониста азият медиҳанд. Барои ҳамин шабона дар берун сайр кардани мо ба мақсад мувофиқ нест. 
Рӯзи дигар ман ба ҳамон қатори Душанбе – Конибодом савор шудаму  ба ақиб баргаштам. Аммо соли 2010 ҳамроҳи намояндагони Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд ду рӯз меҳмон будам ва мо дар маросими таҷлили «Рӯзи ваҳдат» ширкат доштем.   
– Ҳамин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳу субот омад, вагарна ҷангу куштор шояд боз давом мекард, – гуфтани яке аз ҳамсафарамон маро боз аз ғӯтаи фикру хаёл берун кашид. – Аз он рӯзҳои пурталотум вақти зиёд гузашт ва амну субот дар кишвари мо барқарору зиндагии мардум орому фаровон гардид. Сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо ва суханрониҳои ӯ ҳоло вирди забони мардум мебошад. Дар ду даҳсолаи охир дар кишвари мо ягон президентро чунин мутантану бошукӯҳ истиқбол нагирифтаанд! – ба шавқ илова намуд вай. 
Тунелу саддҳои сохташударо дида, боварӣ ҳосил намудам, ки дар ин беш аз ду даҳсола Тоҷикистон ба бунёди иншоотҳои бузург даст задааст. Дарозии баъзе  тунел  то панҷ километрро ташкил мекард.
Аҷабам омад, ки  дар ағбаҳои Шаҳристону Анзоб теъдоди хеле ками мошинҳо ҳаракат мекарданд ва инро бо  ағбаи Қамчиқи худамон муқоиса карданӣ шудам, ки рӯзмарра садҳо ва баъзан аз он бештар  мошинҳо мусофиронро ба ду тараф интиқол медиҳанду бори гуногунро мекашонанд. Ҳамчунин баъди баҳрабардорӣ аз роҳи оҳани Ангрен – Поп ва ҳаракати қаторҳои поезди мусофиркашу боркаш низ теъдоди мошинҳо аз тариқи ин ағба чандон кам нашуд. 
– Дар ин тарафи ағбаҳои Шаҳристону Анзоб танҳо як вилояти Суғд мавҷуд аст, ки теъдоди аҳолии он беш аз дуним миллион нафарро ташкил мекунад. Аммо дар  се вилояти водии Фарғонаи Ӯзбекистон бештар аз нӯҳуним  миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Шояд барои ҳамин ҳаракати мошинҳо он ҷо зиёд бошанд, – гуфт ронанда ва бо ин ҷавобаш ҳайрати моро афзуд. 
Дарвоқеъ, баъзе минтақаҳои роҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла роҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ пулакӣ будааст ва зимни сафари мо низ ҳар як мошин таваққуф мекард ва мувофиқи меъёре, ки муқаррар шудааст, пул пардохта, дубора ҳаракаташро давом медод.  Маълум шуд, ки роҳи мазкур ба дарозии 350 километр дар ивази 281 миллион доллари амрикоӣ тармиму бозсозӣ шудааст. 
Ахиран, мошин моро то назди корхонаи сементи Душанбе овард. Он ҷо мошинҳое қатор меистодаанд, ки ба самти Хуҷанд ва водии Зарафшон ҳаракат мекарданд. Аз мошин поён шудему баъд ба таксии дигар савор шудем.
– Моро ба назди бинои Театри лӯхтак расонед, – хоҳиш кардем аз ронанда. 
Дар назди бинои театр ҳамкурсамон Қиёмиддин Сатторӣ моро интизор буд. Дар ин ҷо вохӯрданамонро қаблан ҳамоҳанг сохта будем. Ин вохӯрӣ, ки  баъди чиҳил сол    ба вуқӯъ  пайваст, дар ҳаёти ҳамаи мо аз таҳаввулоти гуворотарин дар чанд соли охир маҳсуб меёфт. Мо омадем, ки бо дӯстони худ дар ин ҷо базми шодӣ бунёд кунем!

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТОШКАНД – ХУҶАНД – ДУШАНБЕ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: