ҚАҲРАМОНИ ӮЗБЕКИСТОН МАВЛУДА ИСМАТОВА

Маорифи халқи мамлакатамон талафи калон дод.

11 майи соли ҷорӣ дар синни 75 педагоги маъруф, Муаллими халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон Мавлуда Исматова вафот кард.
 М.Исматова 7 майи соли 1943 дар Тошканд таваллуд ёфт. Пас аз хатми мактаб ба факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд) дохил гардид.
Фаъолияти меҳнатиро соли 1968 чун муаллими синфҳои ибтидоӣ дар мактаби таълими ҳамагонии №26 ноҳияи Тошканд шурӯъ намуд. Солҳои 1975-1979 муаллими забон ва адабиёти ӯзбек, баъд муовини директор оид ба корҳои таълимӣ дар ҳамин мактаб буд. Соли 1983 директори мактаби таълими ҳамагонии №273 ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд таъин гардида, дар ин ҷо то охири ҳаёт бовиҷдонона меҳнат намуд. Дар тӯли фаъолияти беш аз 50-солаи педагогии худ М.Исматова худро чун муаллими бомаҳорату ташаббускор, мураббии дӯстдори ҷавонон зоҳир намуд, ки молики  дониш ва таҷрибаи васеъ дар масъалаҳои ташкили ҷараёни таълиму тарбия, ба соҳа татбиқ намудани технологияи замонавӣ буд. Ба туфайли чунин сифат ва обрӯйи баландаш дар ҷамъият ӯ ба татбиқи ислоҳоти васеъ дар низоми таълим, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи ватанпарварӣ ва садоқат ба ғояҳои истиқлолият саҳми муносиб гузошт.
Мактабе, ки муаллими шуҷоатнок роҳбарӣ менамуд, борҳо дар ҷумҳурӣ «Мактаби беҳтарини сол» шинохта шудааст. Таҷрибаи педагогии М.Исматова дар тамоми мамлакат васеъ омӯхта, паҳн карда шудааст. Меҳнати босамари бисёрсолаи М.Исматова аз ҷониби давлат муносиб қадр гаштааст. Соли 1995 ба ӯ унвони Муаллими халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 1999 – унвони Қаҳрамони Ӯзбекистон дода шудааст. Хотираи педагоги соҳибистеъдод, мураббияи ғамхор, инсони самимӣ ва хоксор Мавлуда Исматова ҳамеша дар қалбҳои мо боқӣ хоҳад монд.
Ш. МИРЗИЁЕВ, Н. ЙӮЛДОШЕВ, Н. ИСМОИЛОВ, 
А. АРИПОВ, У. ИНОЯТОВ, Т. АЗЛАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: