БАҲОР ҲАМ ХАЗОН ДОРАД

Субҳи барвақт аз хоб бархеста, рӯйи ҳавлӣ баромадам.

Аз ҳар гӯшаи деҳа бонги хурӯсон ба гӯш мерасид. Гӯё ба мардум аз фарорасии рӯз дарак медод.
Насими баҳорӣ аҷаб кайфияте дошт. Боди сабо бӯйи муаттари гулу сабзаҳоро ба машом мерасонд. Гулҳои рангоранги дарахтон манзараи хеле ҷолибу дилкаш доштанд. Табиат ҷомаи сабз ба бар карда буд. Ин манзара диламро мунаввар,  рӯҳамро болида мекард. Муддате рӯйи курсӣ нишастам. 
Мафтуни табиат будам. Ногоҳ аз поёни деҳа садои дилхароши гиряву нола ба гӯшам расид. Аз ҷо ҷаҳида хестам ва оҳи сард кашидам. 
– Дареғо, апаи Амонгул...
Ман Амонгулро хуб медонам. Дар як деҳа ба воя расида, то синни нафақа дар як мактаб кор кардем. Ҳарду донишкадаро дар Душанбе хатм намудем. Амонгул Субҳонова соли 1957 дар деҳаи Соихурди ноҳияи Нурато аз оилаи омӯзгор Субҳон Рӯзиев ба дунё омад. Аз кӯдакӣ ба китобу мутолиа меҳр баст. Дар мактаби рақами 43-и ноҳияи Нурато аз устодони сахтгиру ҳалим Субҳон Рӯзиев, Тӯра Раҳмонов, Ӯзбекбой Рӯзиев, Эсан Муродов, Низом Тилабов ва дигарон таълиму тарбия гирифт. Ба забон ва адабиёти тоҷик шавқи беандоза дошт. Пайваста мехонду меомӯхт. Солҳои мактабхонӣ ба маҷаллаи «Садои Шарқ» обуна шуда, онро мунтазам мехонд. Соли 1974 пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе супорид ва донишҷӯ шуд.
Амонгул Субҳонова ва дугонаи ӯ Чинигул Кенҷаева аз деҳоти Эҷ он солҳо аввалин духтароне буданд, ки маълумоти олӣ доштанд. Донишкадаро соли 1979 хатм намуда, ба зодгоҳ баргашт. Дар мактаби азизаш ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Дар паҳлӯи падари бузургвор кор мекард. Бо омӯзгорони кордидаю соҳибтаҷриба Турсунмурод Султонов ва Тӯра Раҳмонов ҳамкор буд, аз онҳо асрори касбро омӯхт.
Соли 1985 мактаби онҳо, ки филиали маърифатгоҳи рақами 43-юм буд, ба мактаби алоҳида табдил ёфт. Амонгул Субҳонова аз забони тоҷикӣ дарс мегуфт. Дар фосилаи кӯтоҳ тавонист ба дилу дидаи хонандагон роҳ ёбад. Завқу шавқи хонандагонро ба забони модарӣ бедор намуд. Заҳматҳои муаллима беҳуда нарафтанд. Дастпарваронаш Мирзо Зарифов, Ихтиёр Раҳмонов, Розиқ Эгамов, Сӯҳроб Ҳайдаров, Ҳикмат Ҳикматов, Анвар Ҳайдаров, Амриддин Ҳайдаров солҳои гуногун бахшҳои филологияи тоҷикро дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Душанбе хатм намуда, алҳол фаъолияти пурсамар доранд. Амриддин ва Сӯҳроб Ҳайдаровҳо аз устодашон Амонгул Субҳонова  миннатдоранд. Онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ғолиб омадаанд.
Амонгул тарғибгар ва дар айни ҳол посдори забон ва суннатҳои миллӣ буд. Чандин сол ҳамчун раиси кумитаи бонувони деҳа адои вазифа намуд. Маслиҳатгӯй ва ёвари модарони ҷавон буд. Чорабиниҳое, ки Амонгул бобати таҷлили Наврӯз андешида буд, то ҳол аз ҷониби шогирдон бомуваффақият истифода ва афзун гардонида мешаванд.
Амонгул баробари омӯзгори хуб будан, модари хушбахт ҳам буд. Бо ҳамсараш Суярқул Ҳайдаров, ки бисту нӯҳ сол роҳбарӣ – директории мактаби рақами 30-юмро дар ӯҳда дошт, се писару як духтарро ба воя расониданд. Дареғо, ки зиндагӣ ҳамвор нест. Писари хурдиаш Беҳрӯз, ки соҳиби ду фарзанд буд, гирифтори бемории вазнин гардид. Ғаму андӯҳи фавти фарзанд Амонгулро адо кард.
Боре бо Нурмуроди ҳамкор ба аёдаташ рафтем. Хеле коҳида буд. Чӣ хел накоҳад. Охир, модар аст. Ғами фарзанд, дарди бедаво.
Аз ҳар боб суҳбат доштем он рӯз. 
Оре, апаи Амонгул, ҳарчанд дар нафақа буд, аз омӯзиш дур нашуд. Фурсат ёбад китоб мутолиа мекард. Он рӯз ҳам дар паҳлӯяш романи «Фирдавсӣ»-и  Сотим Улуғзода буд. Аз он дидорбинӣ се рӯз гузашт... Ин субҳи содиқ ӯ ба дунёи боқӣ реҳлат намуда буд. Мардуми зиёде ҷамъ омад. Ҳама мегиристанд. Табиат ҳам.
Муаллима бо армон рафт, вале дар зиндагӣ аз худ нақши мондагор гузошт, хотираи ӯ ҳамеша дар ёди аҳли оила, фарзандону наберагон, рафиқон ва дилу дидаи шогирдон зинда хоҳад буд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: