АРМОН

Моҳи июли соли 1986 буд.

Моҳи июли соли 1986 буд. Ман курси сеюми бахши байтории Институти кишоварзии Самарқандро каме пештар хатм карда будам. Хостам таътили тобистонаро пурмазмун гузаронам. Барои ин маблағи зарурӣ доштам. 
Ман аз Самарқанд парвоз карда, ба фурудгоҳи Душанбе, ки ин шаҳрро ҳеҷ надида будам, фуромадам. Ба як автомобил нишаста ба шаҳр омадам. Дар меҳмонхонаи «Душанбе» ҷой набудааст. Дар кӯча ба як ҷавони шаҳритузӣ, ки номаш Ҷамолиддин будааст, шинос шудам ва мақсадамро баён намудам. Ҷамолиддин ҳам илова намуд, ки дар Самарқанд нонвойӣ кардаасту ин шаҳрро хуб медонистааст. Ба шаҳри Душанбе барои хондан омадааст ва ба ӯ низ ҷойи хоб лозим буд. Бо роҳнамоии ӯ дар меҳмонхонаи «Вахш» ҷойгир шудам. Пагоҳӣ ҳуҷҷатҳои Ҷамолиддинро ба Институти тарбияи ҷисмонӣ супурдем.
– Давр мезанем, ту маро бо шаҳр шинос кун. Боз бо ту устод Улуғзодаро зиёрат карданиам. Сарфу харҷ аз ман. Ӯ розӣ шуд. Мо аввал мақбараи Устод Айниро зиёрат кардем. Дар маркази шаҳр биноҳои муҳташами ҳукуматӣ, донишгоҳу донишкадаи педагогиро, ки ҳар ду дар як кӯча буданд, дидем. Дар ошхонаи назди Боғи Айнӣ таоми нисфирӯзӣ хӯрдем. Пайкараи Рӯдакӣ, бозори «Баракат»-и дуошёнаи серодам, боғи ҳайвонотро давр задем. Бегоҳӣ дар кинотеатри «Ҷомӣ» як филми бадеии тоҷикиро тамошо кардем. 
Шаҳри Душанбе – атрофаш арчазор, сабзгун, хушҳаво, табиату иқлимаш форам. Ман ин шаҳрро яке аз беҳтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ҳисобидам.
Рӯзи дигар ба бозор рафта, як гулдаста гирифтам. Ҷамолиддин ду дона фатир харид. Вай таъкид кард, ки Улуғзодаро медонад, китобҳои ӯро хондааст. Лекин, ӯро надидааст ва намедонад, ки вай дар куҷои шаҳр зиндагӣ мекунад.
Ба Ҷамолиддин фаҳмондам, ки ман низ романҳои «Навобод», «Восеъ»,  қиссаи «Субҳи ҷавонии мо», драмаҳои «Калтакдорони сурх», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон» ва дигар асарҳои нависандаро мутолиа кардаам.
Мо намедонистем, ки манзили устодро аз кӣ пурсем ва ниҳоят таксӣ киро карда манзили устодро ёфтем, аммо дар баста, устод дар хонаашон набуданд. Нафаре огоҳ кард, ки шояд Улуғзода дар бӯстонсаройи худ бошанд.
Бӯстонсарояшон дар Қарабоғ ё Қаратоғ буд? Намедонам. Рафтем. Дар он ҷо ҳам касе набуд. Пурсидем. Ҳамсояе ҷавоб дод:
– Он кас бемор буданд, ба Москва барои шифоёбӣ рафтагӣ...
Во дареғ! Ҳақиқатан ҳам ба дидори устод нарасидем! 
Бозгаштем ба Институти тарбияи ҷисмонӣ. Гулдастаи ба устод Улуғзода гирифтаро ба ҳамон бонуе, ки ҳуҷҷатҳои Ҷамолиддинро қабул кардаву аввалин шиноси душанбегиамон буд, туҳфа кардем.
Ману Ҷамолиддин калонтарин осорхонаи Тоҷикистон – Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Беҳзодро тамошо карда, бо табиат, иқлим, олами ҳайвонот, бойигариҳои табиӣ, таърихи гузашта ва замони нави ҷумҳурӣ шиносо шуда, маълумоти васеъ гирифтем.
Баъди пешин ман ба сӯйи Самарқанд чипта гирифта бо Ҷамолиддин хайру хуш карда, ба ақиб парвоз кардам.
Бо ман Ҷамолиддин чун додару дӯсти наздик шуд, дар даври донишҷӯиям бо вай мукотиба доштем. Дар кӯч-кӯчҳои иҷоранишинӣ нишонии вай гум шуду мактубнависиамон қатъ гардид. Дардовар аст, ки аз якдигар бехабар мондем.
Ба зиёрати устод Сотим Улуғзода ва дигар ба дидори дӯсти ҷавону додарворам Ҷамолиддин нарасидам, бароям армон шуд. 
   
Боймирзо ҲОШИМОВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: