ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ БРИТОНИЁИ КАБИР ВОХӮРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 май дар рафти таваққуфи кӯтоҳи техникӣ дар аэропорти шаҳри Лондон бо муовини вазири корҳои хориҷии Бритониёи Кабир Алан Дункан вохӯрд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев 15 май дар рафти таваққуфи кӯтоҳи техникӣ дар аэропорти шаҳри Лондон бо муовини вазири корҳои хориҷии Бритониёи Кабир Алан Дункан вохӯрд.
Аз ин хусус хидмати матбуоти Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар рафти суҳбат сарвари давлатамон муҳим будани самарабахш татбиқ намудани иқтидори бузурги ҳамкории дуҷонибаи мавҷударо алоҳида таъкид кард. 
Ба вусъат додани равобит дар дараҷаҳои мухталиф, рушди ҳамкории амалӣ, татбиқи барномаҳои муштарак ва лоиҳаҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, инноватсионӣ, молиявӣ, маданиву инсонпарварӣ ва дигар эътибори алоҳида дода шуд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев салом ва таманноҳои неки сарвазири Бритониёи Кабир Тереза Мейро расонд.
Алан Дункан ба ислоҳоте, ки дар зинаи нав дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, инчунин саъю кӯшиши фаъоли Ӯзбекистон бино бар таъмин кардани амният, субот ва рушди устувор дар минтақа, аз он ҷумла бомуваффақият баргузор намудани Конфронси байналхалқӣ оид ба Афғонистон моҳи марти соли ҷорӣ дар Тошканд баҳои баланд дод.
Ҷониби Бритониё қайд намуд, ки ба мустаҳкам кардани ҳамкории васеъмиқёси байни ду давлат тайёр аст.
Баъд аз таваққуфи техникӣ дар Лондон Президенти мамлакатамон роҳи ИМА-ро пеш гирифт.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: