ҲАР КОР МЕЪЁР ДОРАД

Офаридгор ба инсон неъматҳои бузург инъом намуда фармудааст, ки онҳоро дар ҳаёти худ ба мақсадҳои нек истифода барад.

Офаридгор ба инсон неъматҳои бузург инъом намуда фармудааст, ки онҳоро дар ҳаёти худ ба мақсадҳои нек истифода барад. Шукри беадад, дар сарзаминамон рӯзҳои хурсандибахш, анъана, тӯю тантанаҳо бисёр. Яке духтар ба шавҳар медиҳад, дигаре арӯс мебиёрад, сеюмӣ тӯйи суннатӣ барпо мекунад...
Халқи  меҳнатдӯсти мо саховатпеша, мехоҳад маблағи бо меҳнати ҳалол ёфтаашро ба рӯйи дастархони тӯю сур гузошта, орзуву ормонҳои худро шиканад. Маросимҳои мо таҷассумгари урфу одатҳои ниёкон мебошанд.
Аммо вақтҳои охир тӯю тантанаҳо ба як худнамоӣ, аз қабили “ман аз ту кам нестам”, “ ман аз ту зӯр” табдил ёфта истодааст, ки ҳар як шахси солимфикрро ба андеша кардан водор месозад. Дар асл, маблағи солҳои дароз бо машаққат ҷамъовардаро дар як рӯз ба боди фано додан кори мӯъмин нест. 
Пайғамбарамон (с.а.в.) фармудаанд: ”Мӯъмин камхарҷ аст”. Ҳақиқатан ҳам, дар коре, ки меъёр дорад, барака мешавад. Аммо, баръакс, шахсе, ки бемаслиҳат кор мекунаду ҳадди худро намедонад ва ба исрофкорӣ роҳ медиҳад, ангушти пушаймонӣ мегазад. 
Аз китобе доир ба тӯйи саҳобагон, шахсони бузург маводе хонда будам, фикр мекунам, ки барои имрӯзиён намунаи ибрат аст. 
Вақте Пайғамбарамон (с.а.в.) духтари меҳрубони худ Фотимаро ба Ҳазрати Алӣ (р.а) номзад мекунанд, дар бисоти Ҳазрати Алӣ (р.а.) ба ғайр як асп ва ҷавшан дигар чизе набуд. Барои маҳр маҷбур шуд, ки онҳоро фурӯшад. Аммо Расулуллоҳ (с.а.в.) ба фурӯхтани асп розӣ нашуданду рухсат доданд, ки ҷавшанро фурӯшад. Онро Усмон ибни Аффон (р.а.) ба чорсаду ҳаштод дирҳам хариданд. Ҳазрати Алӣ пулро гирифта, бо хушҳолӣ омодаи рафтан буданд, ки Усмон (р.а.) ӯро нигоҳ дошта гуфт: “Ҳоло ҷавон ҳастӣ, ҷавшан ҳам, асп ҳам ба ту лозим аст, ҷавшанро гашта гир, аз ман ба ту тӯҳфа”. Расулуллоҳ (с.а.в.) ин хабарро шунида ниҳоят мамнун шуданд ва ба ҳаққи Усмон (р.а.) дуо карданд. Рӯзи тӯй наздик. Барои меҳмонон бояд дасторхон паҳн мекарданд. Аммо дар дасти Алӣ (р.а.) якчанд дирҳам буду халос. Ин дафъа Алӣ (р.а.) ҷавшанро ба гарав монда аз як яҳудӣ ҷав гирифтанд. Яке аз саҳобаҳо ба ӯ гӯсфанд инъом намуд, онро кушта хӯрок тайёр намуданд. Расулуллоҳ (с.а.в.) бошанд, хурмо ва равғани зайтун фиристоданд. Дасторхони оддӣ омода гардид, ҳама хурсанд буданд. 
Ҷиҳози Фотима (р.а.) низ бисёр набуд, аз ду курта, як палоси аз пӯсти гӯсфанд тайёркардашуда, дуто болишт, меши об, кафлес, элак ва барои нишаст як кати чӯбин иборат буд. Расулуллоҳ (р.а.) Фотимаро барои ибрат ба занҳои дигар хоксор, хушфеъл ва босабру таҳаммул тарбия намуда буданд. Занҳо Фотимаро ба хонаи Алӣ (р.а.) арӯсбиёрон карда бурданд. Бо ҳамон ҷиҳоз хонаашро ҷиҳозониданд. Баъд аз якчанд рӯз Ҳориса ибни Нӯъмон барои арӯсу домод ҳуҷрае тӯҳфа намуд...
Ин гуна воқеаҳоро аз китобҳои таърихӣ хонда, шояд баъзеҳо гӯянд, ки “он рӯзгор шароит душвор будааст”. Чунин ривоятҳоро дар бораи  саҳобагон, ки соҳиби давлат ва молу мулк шуда бошанд ҳам, ба исрофкории беҳуда, худнамоиву манманӣ роҳ надодаанд, бисёр овардан мумкин.
Албатта, чунин дастархондорию фаровонии тӯю маъракаҳоямон ба шарофати дар мамлакатамон ҳукмрон будани тинҷиву осудагӣ  ва сулҳу салоҳ мебошад. Тарзи ҳаётамон ҳар қадар фаровон шавад, тӯю тантана ва маросимҳоямон ҳам ҳамон қадар тағйир меёбад. Аммо, ҳар як кор меъёр дорад. 
Мақолаи хабарнигори рӯзнома Зоҳир Ҳасанзода “Бидъатҳо дар тӯй ё худ онҳоро чӣ тавр маҳв кардан мумкин?” (“Овози тоҷик”, 4 августи соли 2021, № 60)-ро хонда кас ба андеша меравад. Муаллиф менависад: “Пӯшида нест, ки шахсони доро ва бадавлат мувофиқи табъи дили худ маърака меороянд. Зеро ба чунин дабдабаҳои нозарур имкон доранд, аммо оилаҳои камбизоату нодору ночор “обрӯ” гуфта, то баногӯш ба қарз ғӯтанд ҳам, гӯё ноилоҷ дег-дег ош дам мекунанд. Мо аз чӣ бошад, ки барои бахту саодат, соҳиби илму ҳунар шудани фарзандон кӯшиш намекунем, ё кам андеша менамоем, ҳушу ёдамон ба хатнатӯй, ақди никоҳ ва ғайра банд аст”.
– Ҳақиқатан ҳам, дар шаҳри Самарқанд ба дабдабаю исрофкории зиёд роҳ медиҳанд. Дар чанд тӯйи дӯстону хешон  иштирок карда гувоҳи он шудаам. Пеши чунин дабдабанокию исрофкориҳоро, ки хилофи фармону қарори роҳбари давлат мебошад, ба фикрам, бояд масъулони маҳалла гиранд. Агар ҳар як тадбиру марҳилаҳои тӯю маросимҳоро раис ва фаъолони маҳалла таҳти назорат гиранд,  ба тӯйдороне, ки талабу дархостро вайрон мекунанд, ба меъёр риоя намекунанд, ҷазо диҳанд ё ҷарима ҷорӣ кунанд, тӯю маросимҳоямон мувофиқи талаб баргузор хоҳанд шуд,– мегӯяд мутахассиси кор бо занону духтарони деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато Соҷида Расулова.
Вай дуруст мегӯяд, ба тартиб даровардани тӯю дигар маросимҳо ба калонсолон, хусусан, ба корбарии раису фаъолони маҳаллаҳо вобаста аст.   

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: