ВОХӮРӢ ХОТИРМОН БУД

Имрӯзҳо дар сартосари кишвар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ таҳти унвони “Вохӯрии се авлод”, ки ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон бахшида мешаванд, баргузор мегарданд.

Имрӯзҳо дар сартосари кишвар чорабиниҳои адабию фарҳангӣ таҳти унвони “Вохӯрии се авлод”, ки ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон бахшида мешаванд, баргузор мегарданд. 
Дар ин вохӯриҳо намояндагони насли наврас, миёна ва калонсол гирдиҳам меоянд. Ин қабил вохӯриҳо ба насли наврас чун дарси маънавият ва маърифат аст, ки аз роҳи тайкардаи калонсолон маълумоти ибратбахш мегиранд. Ба ҳамин муносибат дар Боғи ҷавонони «Бӯстон»-и ноҳияи Бӯка чунин вохӯрӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин чорабинӣ, ки бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Бӯка ва идораву ташкилотҳои давлатии ноҳия ташкил карда шуд, меҳмонон аз ҷумҳурӣ, вилояти Тошканд ва ноҳияи Бӯка иштирок карданд. Бояд гуфт, ки вохӯрии се насл ба тадбири адабию фарҳангии дӯстии халқҳо табдил ёфт. Дар растаҳои саҳнаи тадбир стендҳои намояндагони марказҳои миллӣ-мадании тоҷик, қирғиз, қазоқ, рус, уйғур, тотор ҷой гирифта, дар он сару либос ва таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорони калонсол ба сухан баромада оиди дастовардҳои солҳои истиқлолият, эътиборе, ки аз ҷониби роҳбарият ва ҳукумати кишвар ба насли калонсол ва ҷавонон дода мешавад, ҳарф заданд. Дар саҳнаи чорабинӣ гулдухтарони миллатҳои гуногун бо рақсҳои миллии худ иштирок карданд. 

М. ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД.

Дар сурат: лавҳа аз чорабинӣ.     
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: