ДАР БОРАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА КУЛЛАН БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАБАХШИИ ИНСТИТУТИ АДВОКАТУРА ВА ВАСЕЪ ГАРДОНДАНИ МУСТАҚИЛИИ АДВОКАТҲО

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар тӯли солҳои охир дар мамлакат ба сифати қисми муҳими таркибии ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ бино бар баланд бардоштани нақш ва аҳамияти адвокатура, ки яке аз институтҳои самарабахши таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, корҳои назаррас амалӣ гардонда шуданд.
Пайваста чорабиниҳое, ки ба ташкили фаъолияти зарурии тамоюли мубоҳисаи ҷонибҳо дар тамоми давраҳои мурофиаи судӣ нигаронда шудаанд, татбиқ гардиданд, барои фаъолияти касбии адвокатҳо пойгоҳи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуд.
Баробари ин, таҳлил нишон медиҳад, ки адвокатура  то ҳануз ба институти боэътимоди ҳифзи ҳуқуқе, ки ба боварии аҳолӣ сазовор гардидааст, табдил наёфт, як қатор омилҳое мавҷуданд, ки ба татбиқи пурраи ҳуқуқи адвокатҳо монеъ мегарданд ва дар расондани ёрии хушсифати ҳуқуқии онҳо халал мерасонанд. Аз ҷумла:
якум, кормандони ҷудогонаи мақомоти пурсуҷӯ ва тафтишоти пешакӣ бобати ба назди ваколатдиҳандагон (ҳимояшавандагон) даромадан бино бар сабабҳои расмӣ монеъ мегарданд, механизмҳои ҷории баррасии шикояти адвокатҳо дар чунин вазъият ҳолати самарабахши фаъолияти монеъ гардидан ба фаъолияти адвокатиро таъмин наменамояд;
дуввум, дархостҳои адвокатҳо, ки ба ташкилотҳои дахлдор барои ҳифзи самарабахши ҳуқуқ ва озодии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ равона карда мешаванд, дар бисёр ҳолатҳо, пеш аз ҳама аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ беэътибор мемонанд, тартиб ва муҳлати дақиқи баррасии дархости адвокатҳо, барои тақдим намудани маълумоти ошкоро дурӯғ ё ки нодуруст ҷавобгарӣ муайян нашудааст;
сеюм, нақши Палатаи адвокатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Палатаи адвокатҳо) ба сифати ҳимоякунандаи институти адвокатура паст шудааст, ҳамкории он бо адвокатҳо бо ҷамъ намудани омор маҳдуд мегардад ва аз расмиятпарастии зиёдатӣ иборат шуда мемонад;
чорум, шаклҳои дарамали ташкиливу ҳуқуқии сохторҳои адвокатӣ ба рушди рақобат дар бозори хидматрасонии ҳуқуқӣ мусоидат наменамояд, аз фаъолияти адвокатӣ ҷудо карда нашудани расондани хидмати ҳуқуқии маслиҳатӣ ба рушди соҳа таъсири ногувор мерасонад;
панҷум, низоми бо рухсатнома фаро гирондани фаъолияти адвокатӣ тақсимоти амалиёти ҳуқуқиро ба соҳаи дахлдор ба назар намегирад, ки ба ихтисоси касби адвокатӣ таъсири манфӣ мерасонад;
шашум, ҳангоми баррасии масъалаҳои боздоштан ва қатъ намудани амали рухсатномаи адвокатӣ ба таъсири қатъии маъмурӣ роҳ дода мешавад, ки дар натиҷаи он соҳибихтиёрӣ ва мустақилии адвокатура барбод дода мешавад;
ҳафтум, аз сабаби бояду шояд салоҳият надоштан, муносибати бевиҷдонона ба вазифаи касбии худ зуд-зуд фактҳои аз ҷониби адвокатҳо вайрон карда шудани Қоидаҳои ахлоқи касбии адвокатҳо, сири адвокатӣ ва қасамёди адвокат ба назар мерасанд, ки боиси эътирози ваколатдиҳандагони онҳо (ҳимоякунандагон) мегарданд.
Ба мақсади куллан такмил додани низоми адвокатура, баланд бардоштани сифати ёрии касбии ҳуқуқӣ ва обрӯву эътибори касби адвокат, инчунин татбиқи пурраи тамоюлҳои баробарҳуқуқӣ ва мубоҳиса дар мурофиаи судӣ.
1. Муайян карда шавад, ки аз 1 июли соли 2018:
адвокат ҳуқуқ дорад бино бар танзими тосудии низоъҳо, оштӣ додани ҷонибҳо чораҳо андешад, инчунин ба сифати суди ҳакамӣ, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки адвокат намояндаи яке аз ҷонибҳо мебошад, фаъолият нишон диҳад;
муҳлати коромӯзии ҳатмӣ дар фаъолияти адвокатӣ барои ба даст овардани рухсатномаи ҳуқуқи бо фаъолияти адвокатӣ шуғл варзидан аз 6 то 3 моҳ кӯтоҳ карда мешавад, дар ин бобат кормандони хидмати ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташкилот ва шахсоне, ки дар вазифаҳои судя, муфаттиш ё ки прокурор на кам аз 3 сол кор кардаанд, аз коромӯзии ҳатмӣ озод карда мешаванд;
муҳлати аз ҷониби адвокат бидуни сабабҳои асоснок иҷро накардани вазифаи касбии худ, ки барои қатъ намудани рухсатнома асос мегардад, аз се моҳи дарамал то шаш моҳ дароз карда мешавад;
дар ҳолати эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд оиди дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф намудани адвокат, судя дар тӯли як шабонарӯз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Палатаи адвокатҳоро дар тартиби муқарраргардида хаттӣ хабардор месозад;
адвокатҳои амалкунанда ва шахсоне, ки  мақоми адвокатро аз нав гирифтаанд, дар асоси литсензияи ҷудогона бино бар ҳар як ихтисоси интихобнамудааш, ки Палатаи адвокатҳо якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар менамоянд, ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд. Дар ин бобат ба адвокатҳои амалкунанда аз нав расмӣ гардондани рухсатномаро бино бар ихтисоси аз ҷониби онҳо интихобнамуда бо озод намудан аз азнавтавсиядиҳӣ ва пардохти боҷҳо амалӣ менамоянд;
қатъ намудани амали рухсатнома дар ҳолати  аз ҷониби адвокат мунтазам ё ки як дафъа дағалона вайрон карда шудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи адвокатура, Қоидаи ахлоқи касбии адвокатҳо, сирри адвокатӣ ва қасамёди адвокат, кирдоре, ки ба шаън ва қадру қимати адвокат доғ меорад ва нуфузи адвокатураро паст мегардонад, инчунин аз ҷониби шахс барҳам дода нашудани амали рухсатномае, ки боздошта шудааст, вазъияте, ки ба боздоштани амали рухсатнома дар муҳлате, ки дар он амали литсензия боздошта шудааст, овардааст, қатъиян дар тартиби судӣ бино бар муроҷиати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси хулосаи Комиссияи олии ихтисос амалӣ гардонда мешавад;
муҳлат барои такрорӣ супурдани имтиҳони ихтисос барои ба даст овардани мақоми адвокат аз як сол то шаш моҳ кӯтоҳ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
вохӯрии адвокатҳо бо ҳимоякунандагони худ дар хонаҳои махсус, ки воситаҳои назорати аудио ва видео надоранд, инчунин бидуни иштироки шахсони бегона сари вақт ва бемамониат таъмин карда мешавад, дар ин бобат бояд биниши визуалии адвокат ва ҳимоякунанда бо истисно намудани шунидани мулоқоти онҳо аз ҷониби шахсони сеюм нигоҳ дошта мешавад;
адвокат ҳуқуқ дорад ба бинои судҳо бемамониат воситаҳои компутер, мобайлӣ ва дигари коммуникатсиониро барои амалӣ гардондани фаъолияти касбии худ, ба ғайр аз ҷамъомадҳои пӯшидаи судӣ, бо қатъӣ риоя намудан ба моддаи 19-уми Кодекси ҷиноиву протсессуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварад. Дар ин бобат истифодаи таҷҳизоти мазкур дар дохили бинои суд набояд тартиботи ҷараёни судиро халалдор кунад;
дархости адвокатҳо барои гирифтани маълумотнома, тавсифнома ва дигар ҳуҷҷатҳо ё ки нусхаҳои онҳо, ки барои расондани ёрии пурихтисоси ҳуқуқӣ зарур мебошанд, аз мақомоти давлатӣ ва дигар, инчунин корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар дар муҳлати на беш аз 15 рӯзи баъди қабули дархост бояд иҷро гарданд,  ба ғайр аз маълумоте, ки асрори давлатӣ ё ки сири дигари мувофиқи қонун ҳимояшавандаро доранд;
адвокатҳое, ки бюрои адвокатӣ таъсис додаанд, фаъолияташонро дар биноҳои истиқоматие, ки ба онҳо дар асоси ҳуқуқи моликият ё ки дар асоси дигари қонунӣ тааллуқ доранд, метавонанд амалӣ намоянд, дар ин бобат барои ба фаъолияти бюрои адвокатӣ истифода бурдани биноҳои истиқоматии мазкур ба тоифаи биноҳои ғайриистиқоматӣ гузарондани онҳо тақозо карда намешаванд;
барои бино бар дархости адвокат сари вақт тақдим нанамудани маълумот, тақдим намудани маълумоти бардурӯғ ё ки нодуруст шахсони мансабдори гунаҳкор дар тартиби муқарраргардида дар асоси муроҷиати бевоситаи адвокат ба суд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
3. Ба таклифи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Палатаи адвокатҳо оиди васеъ гардондани доираи субъектҳое, ки хидмати ҳуқуқиву маслиҳатӣ мерасонанд, бо роҳи аз 1 августи соли 2018 муқаррар намудани тартиб розигӣ дода шавад, ки мувофиқи он:
ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд бидуни гирифтани рухсатнома, мувофиқи тартибе, ки Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян менамояд,  хидмати ҳуқуқии маслиҳатӣ расонанд. Дар ин бобат ташкилотҳои мазкур ҳуқуқ надоранд дар судҳо бино бар парвандаҳои шаҳрвандӣ, ҷиноӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ намояндагӣ кунанд;
ташкилотҳои адвокатӣ хидматҳои ҳуқуқиву маслиҳатиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи адвокатура» амалӣ менамоянд.
Вазорати адлия якҷоя бо Палатаи адвокатҳо дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи Низом дар бораи расондани хидмати ҳуқуқиву маслиҳатӣ ба ташкилотҳои тиҷоратиро тақдим намуда, талаботи умумии бидуни гузаштани тартиботи рухсатномавиро ба назар гирад.
4. Барномаи маҷмӯи чорабиниҳо бино бар минбаъд такмил додани институти адвокатура мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
5. Ба Палатаи адвокатҳо тавсия дода шавад, ки:
бино бар мувофиқи талаботи замон, мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур  аз нав раҳнамун намудани кори худ, маҷмӯи чорабиниҳо андешад, ба татбиқи амалии кафолати фаъолияти адвокатура, ҳифзи ҳуқуқи ташкилотҳои адвокатӣ ва адвокатҳо, пеш бурдани манфиатҳои қонунии онҳо дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ эътибори алоҳида диҳад;
дар назди Палатаи адвокатҳо Комиссияи оид ба ахлоқ созмон диҳад, ки коркарди андозаҳои расондани ёрии пурихтисоси ҳуқуқӣ ва дигари андозаҳои фаъолияти адвокатӣ, додани тавзеҳоти ҳатмӣ барои раёсатҳои ҳудудии Палатаи адвокатҳо, тамоми ташкилотҳои адвокатӣ ва адвокатҳо бино бар масъалаҳои истифодаи Қоидаҳои этикаи касбии адвокатҳо, инчунин вазифаҳои дигарро бино бар таъмин кардани андозаҳои баланди фаъолияти адвокатӣ амалӣ менамояд;
дараҷаи малакаи адвокатҳоро таъсис диҳад, ки вобаста ба собиқаи корӣ дар низоми адвокатура аз ҷониби раиси Палатаи адвокатҳо дар асоси хулосаи комиссияи малака  дода мешавад;
бино бар таъмин кардани рӯшодӣ ва ошкороии фаъолияти Палатаи адвокатҳо, аз он ҷумла шаффофияти фаъолияти молиявию иқтисодии он чораҳо андешад;
тартиб ва маҳаки навшудаи ба таври автоматикӣ муайян намудани ташаккули адвокатиро барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба гумондор, гунаҳкоршаванда ё ки судшаванда аз ҳисоби давлат муқаррар карда шавад, дар ин бобат гаштаю баргашта ҷалб намудани як адвокат,  инчунин дахолати шахсони сеюм ба ин ҷараён роҳ дода намешавад.
6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо розигии Палатаи адвокатҳо дар муҳлати се моҳ бино бар инҳо чораҳо андешад:
таъмин кардани шаффофияти ҷараёни гузарондани имтиҳонҳои квалификатсионӣ барои гирифтани мақоми адвокат, аз он ҷумла бо истифодаи имкониятҳои онлайн додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, мақбулгардонии рӯйхат ва намоиши рафти имтиҳон дар тартиби давраи воқеӣ дар шабакаи интернет;
рушди расондани ёрии бепули ихтиёрии ҳуқуқӣ (pro bono) табақаҳои ночори аҳолӣ аз ҷониби ташкилотҳои адвокатӣ ва адвокатҳо;
ҷорӣ кардани механизмҳои аз ҷониби адвокатҳо равон намудани дархост ба мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ барои расондани ёрии хушсифати ҳуқуқӣ ба ваколатдиҳандагон (ҳимояшавандагон).
7. Муқаррар карда шавад, ки:
лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ба фаъолияти адвокатӣ ва мурофиаи судӣ алоқаманд, ба тартиби ҳатмӣ бо Палатаи адвокатҳо мувофиқа карда шавад;
раиси Палатаи адвокатҳо ҳуқуқ дорад дар ҷамъомадҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар баррасии лоиҳаҳои қонунҳо ва изҳор намудани фикру ақида бино бар онҳо иштирок намояд;
мурофиаи интизомӣ нисбати адвокатҳо танҳо бо қарори комиссияи дахлдори ихтисосӣ ё ки Комиссияи олии малака кушода мешавад.
8. Кормандони мақомоти пурсуҷӯ ва тафтишоти пешакӣ дар бораи роҳдоданашавандагии монеаи фаъолияти қонунии адвокатҳо  дар ҳар гуна зуҳурот, аз он ҷумла бо роҳи маҳдуд намудани дастрасии онҳо ба ваколатдиҳандагон (ҳимоякунандагон), огоҳонида шаванд.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иҷрои бечунучарои қонунҳо оид ба кафолатҳои фаъолияти адвокатҳо бо қабул намудани чораҳои қатъитарини ҷавобгарӣ ба шахсони гунаҳкори мансабдор, пеш аз ҳама мақомоти пурсуҷӯ ва тафтишоти пешакӣ назорати прокурориро пурзӯр гардонанд.
9. Хидмати таъминоти ҳуқуқии ислоҳот ва мутобиқсозии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
бино бар омӯзиш ва оммавӣ гардондани таҷрибаи вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии адвокатҳо ҳангоми аз ҷониби онҳо ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ расондани хидмати юридикӣ, якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қабул намудани чораҳои ҷавобгарӣ нисбати шахсони мансабдор, ки барои ҳифзи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар мурофиаи ҷиноӣ ва маъмурӣ, ҳангоми ҳаллу фасли низоъҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, маҷмӯи чораҳо андешанд;
ҳолати риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии адвокатҳоро даврӣ баррасӣ намоянд ва қайдҳои таҳлилиро бино бар таъмин кардани ҳуқуқ барои ҳифзи шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ дохил намояд.
10. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Б.Муродов, ҷонишини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон                Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
12 майи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: