ЗИНАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ДОИРАҲОИ КОРЧАЛЛОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ОЛМОН

15 май дар Тошканд ҷамъомади навбатии Шурои корчаллонони Олмону Ӯзбекистон ба амал омад.

15 май дар Тошканд ҷамъомади навбатии Шурои корчаллонони Олмону Ӯзбекистон ба амал омад.
Дар он намояндагони вазорату идораҳо, ширкату консернҳои ду мамлакат, ки барои равобити иқтисоди хориҷӣ, соҳаи савдо, сармоя, молия, саноати масолеҳи бинокорӣ, мошинсозии кишоварзӣ, автомобилсозӣ, кимиё, электротехника, сектори бонкӣ, сайёҳӣ, хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо масъул мебошанд, иштирок карданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов, ҳамраиси Шурои корчаллонони Олмону Ӯзбекистон, директори иҷроияи ширкати «Knauf Gips KG» М.Грундке ва дигарон таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ байни мамлакатҳоямон дар тааоми самтҳо фаъол ривоҷ меёбанд, корҳо бино бар ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани ҷоpзибадории он ҳамчун омили муҳим хидмат мекунад.
Дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 бино бар рушди минбаъда ва озодгардонии иқтисодиёт, мустаҳкам кардани устувории макроиқтисодӣ, нигоҳ доштани суръатҳои баланди афзоиши иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, фаъорл ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи иқтисодиёт ва минтақаҳои мамлакат бо роҳи беҳтар гардондани иқлими сармоягузорӣ вазифаҳо муайян шудаанд.
Дар тӯли солҳои охир бино бар баланд бардоштани иқтидори иқтисодиётамон корҳои васеъмиқёс амалӣ мегарданд. Ба низоми озодтабодулии асъори миллӣ пурра гузашта шуд, андоз барои тиҷорат кам гардид, дастрасӣ ба вомҳо васеъ гардид, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуданд, ки дар онҳо ба сармоягузорон имтиёзҳои васеъ дода мешаванд. Ҳамкорӣ бо идораҳои байналхалқии молиявӣ бомуваффақият ривоҷ меёбад. Ин шавқу рағбати сармоягузорони хориҷиро ба мамлакати мо баланд мекунад.
Имрӯз дар Ӯзбекистон беш аз 5 ҳазор ширкат бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолият нишон медиҳад, ки аз онҳо 132 корхона якҷоя бо доираҳои корчаллони Олмон созмон дода шудаанд. Ба рушди шарикии ба ҳамдигар муфид ва дарозмуҳлат бо ширкатҳои бонуфузи Олмон эътибори алоҳида дода мешавад. Дар айни ҳол дар мамлакатамон  консерну корхонаҳое, ки пешвои соҳаи худ ба ҳисоб мераванд, мисли «MAN», «Claas», «Lemken», «Knauf» ва дигар фаъолият нишон медиҳанд. Якҷоя бо «Siemens», «Bosch», «Viessmann», «Humana» ва ширкатҳои дигари зиёд лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия мегарданд.
 Сармояҳои ба иқтисодиёти Ӯзбекистон аз ҷониби Олмон ҷалбшаванда мунтазам меафзояд. Ба саъю кӯшиши мамлакатамон бино бар фароҳам овардани имтиёзу сабукиҳо барои сармоягузорони хориҷӣ доираҳои корчаллони Олмон баҳои баланд медиҳанд.
– Ӯзбекистон мамлакати иқтидори иқтисодиаш бузург мебошад, – мегӯяд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар мамлакатамон Гюнтер Оверфелд. – Ба чорабинии имрӯза намояндагони ширкатҳои бонуфузи Олмон омаданд. Мақсади мо минбаъд ривоҷ додани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни мамлакатҳоямон мебошад. Дар доираи  ташриф ширкати «Knauf» дар Бухоро хатти нави истеҳсолӣ боз менамояд. Ба ғайр аз ин, васеъ гардондани шарикӣ дар саноати автомобилсозӣ, кимиё ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ҷамъомад аз ҷониби Палатаи савдову саноат, Вазорати савдои хориҷӣ ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо барои доираҳои корчаллони ду мамлакат анҷумани тиҷоратии Ӯзбекистону Олмон ва биржаи кооператсионӣ ташкил карда шуд.
Дар анҷуман раиси Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон А.Икрамов соҳибкорони олмониро бо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, аз ҷумла бино бар беҳтар гардондани муҳити корӣ, ҳифзи тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҷозибадории сармоягузории иқтисодиёти мамлакат, инчунин бо шароитҳое, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудаанд, шинос кард.
Узви ҳайати тиҷоратии Олмон ба шароитҳои дар мамлакатамон барои сармоягузорон фароҳам овардашуда баҳои баланд дода, муҳим будани анҷумани мазкури тиҷоратиро ҳамчун майдонча барои мубодилаи таҷрибаи байни намояндагони доираҳои корчаллон таъкид намуданд.
– Мо аз шарикии тиҷоратии васеъмиқёс ва ба ҳамдигар муфид бо Ӯзбекистон манфиатдорем, – мегӯяд роҳбари ширкати «Mangold consulting» Клаус Манголд. – Муҳити ҷозибадори сармоягузории мамлакататон дар сармоягузорони хориҷӣ шавқу рағбат зоҳир менамояд. Ман инчунин раиси шурои назоратии яке аз ширкатҳои бузурги соҳаи сайёҳӣ «TUI AG» мебошам, бо иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон хуб шинос ҳастам. Дар оянда васеъ ҷалб намудани сайёҳони Олмонро ба мамлакататон ба нақша гирифтаем.
Дар биржаи кооператсионӣ 150 соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони 40 ширкати Олмон иштирок карданд. Дар он масъалаҳои ташкил кардани корхонаҳои нави муштарак, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ба имзо расондани созишномаҳои ба ҳамдигар муфид баррасӣ шуданд.
Худи ҳамон рӯз ҳайати вакилони Олмон ба заводи «Алгоритм» дар Тошканд ташриф оварданд. Дар ин ҷо корчаллонони Олмон ният доранд минтақаи хурди саноатӣ созмон диҳанд. 

Байрам АЙТМУРОДОВ,
Улуғбек ШОНАЗАРОВ,

мухбирони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: