«НОНУ НАМАКИ ДУ ДИЁРРО ЧАШИДААМ...»

Роҳбари давлатамон ҳамкориҳои муфидро бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда, муносибатҳои некҳамсоягиро беш аз пеш мустаҳкам месозад.

Роҳбари давлатамон ҳамкориҳои муфидро бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ монда, муносибатҳои некҳамсоягиро беш аз пеш мустаҳкам месозад.
Баъд аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ мардум ба дидорбинии ҳамдигар мешитобанд ва ба ин рӯзҳои хуш шукрона мегӯянду ба роҳбарони ҷумҳуриҳо миннатдорӣ изҳор менамоянд.
Бахусус, муносибати навини Ӯзбекистону Тоҷикистонро мардуми ду ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пазируфтанд. Халқҳои ӯзбеку тоҷик аз қадимулайём паҳлу ба паҳлу зиста, дӯстона зиндагӣ кардаанд. Онҳо якҷоя тиҷоратро ба роҳ монда, маданияту санъати якдигарро пурра кардаанд.
– Рӯзгоре ҳеҷ кас ту тоҷик ё ӯзбек намегуфт. Ҷавонон баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медоданд,– гуфт ҳамсуҳбати мо, нафақахӯр аз шаҳри Гулистон Анорхол Қудратова.
– Ман фарзанди ду ҷумҳурӣ мебошам. Нону намаки ду диёрро чашидаам. Шавҳарам Неъмат Қудратов баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Соби ноҳияи Нурато (собиқ ноҳияи Фориш) ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченкои шаҳри Душанбе  (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон) дохил шуд. Баъди хатми донишкада дар ҳамон ҷо ба кор монд. Ба даҳҳо шогирдон аз фанни таърих дарс гуфт. Дертар фаъолияташро дар фабрикаи «Тоҷикатлас» идома дод.
Соли 1969 оилаамон ба Душанбе кӯчид. Дар деҳа устухонам бо говбонӣ, говҷӯшӣ, боғдорию пиллапарварӣ сахт шуда буд, дар Тоҷикистон низ бекор нанишастам. 21 сол дар фабрикаи пойафзордӯзӣ кор кардам. Ҳам тарбияю нигоҳбонии фарзандон, кори рӯзгор, кор дар фабрика  маро монда мекард. То соҳиби хонаи хусусӣ шудан бачаҳоро кашола карда, сумкаю тӯрба дар китф аз як хона ба хонаи дигар кӯчида, иҷора менишастем. Донишҷӯёне, ки дар омӯзишгоҳҳои Душанбе таҳсил мегирифтанд, хешу табор ё дигар ҳамдеҳагони корафтода, албатта меҳмони хонаи мо мешуданд. Баъзан кӯрпаю болишт намерасид, дар айвони хона ба таги сар китоб монда хоб мекардам. Танҳо ба рӯзҳои оянда, ба калон шудани фарзандонам умед мебастам.
Анорхол Қудратова соли 1945 дар деҳаи Соби ноҳияи Нурато ба дунё омад. Падари ғамхор ва модари меҳрубонаш фарзандонашонро бо нони ҳалоли чӯпонӣ ба воя расонданд.
– Айёми кӯдакии ман ба солҳои баъдиҷангӣ рост омад. То худро мешиносам, меҳнат мекунам. Хонандагони синфҳои якум то чорум дар як синф мехондем, дар синфамон ҳамагӣ 6-то парта буд, дар як парта чор кас менишастем. Дар ёдам ҳаст, муаллимамон харсавор аз деҳаи Синтаб меомад. Як китоби алифборо, ки варақҳояш зардшуда ва дӯхтагӣ буд, бо навбат мехондем, – бачагиашро ба ёд меорад холаи Анорхол, – мутолиаи китобҳои бадеиро дӯст медоштам. Дертар ба деҳаи мо низ китоб, рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикии «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Маориф ва маданият» меомадагӣ шуданд ва мо онҳоро мехондем. Асарҳои Юсуф Акобиров «Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам», «Мунира», «Осмони соф» ва «Замини падарон»-ро то ҳол фаромӯш накардаам. Дурӣ ва душвории роҳ, шароити вазнини иҷоранишиниро ба назар гирифта, даҳ сол ман дар деҳа ва шавҳарам дар шаҳр зиндагӣ кардем. Ҳафт сол фарзанд надидем. Ба ҳамааш сабр кардем.
Ҳоло холаи Анорхол давраи пирии хушбахтонаро мегузаронад. Ӯ ба модарони оянда ва арӯсони худ насиҳат карда мегӯяд, ки ҳамеша ширинсухан, меҳрубон ва вафодор бошед. Бе ёри вафодор на дар умр лаззате ҳаст ва на дар зиндагӣ роҳате.
Духтари бузурги ӯ Мусаллам Қудратова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, бо унвони Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Мунира филолог, Моҳира санъатшинос, писарон бо соҳибкорӣ машғул мебошанд.
– Моҳи октябри соли 1995 ба Ӯзбекистон баргаштем. Духтарбача санги фалахмон гуфтагӣ барин, ду духтарро ба тоҷикистониҳо ба шавҳар додам. Онҳоро ёд мекардам, дидорбинӣ ва омаду рафт ниҳоят душвор буд. Дар гузаргоҳҳо тамоми чизҳоямонро кофтуков мекарданд, дар таги офтоби сӯзон, дар сардии зимистон истода, барои гузаштан соатҳо навбат мепоидем. Кушода шудани гузаргоҳҳо ин гуна муаммоҳоро аз байн бардошт. Илоҳо, дӯстиву рафоқати ду халқи соҳибтамаддун, ки қадима буд, то абад идома ёбад,– гуфт момои Анорхол.
– Баъд аз нооромиҳои Тоҷикистон падару модарам ба зодгоҳи худ баргаштанд. То зиндагию рӯзгори навро ба роҳ мондан, душвориҳои зиёдро аз сар гузарондем. Падарам ба беморӣ гирифтор шуда, аз олам чашм пӯшид. Модари меҳрубонам ба мо саробон, маслиҳатгӯй ва ғамхор буд,– ба суҳбат ҳамроҳ шуд, писари хола Алишери соҳибкор. 
Бале, месазад, ки ҷавондухтарону писарони мо аз ҳаёти чунин момоҳои пурдида меҳнатдӯстӣ, меҳру вафо ва сабру тамкинро омӯзанд. 

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: