ҶАШНИ ЗОДРӮЗИ АДИБИ ЗУЛЛИСОНАЙН

Чанде қабл дар ҳокимияти ноҳияи Деҳнав ба муносибати 70-солагии нависандаи чирадаст Чоршанбеи Деҳнавӣ (Бойбӯсинов) ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт.

Чанде қабл дар ҳокимияти ноҳияи Деҳнав ба муносибати 70-солагии нависандаи чирадаст Чоршанбеи Деҳнавӣ (Бойбӯсинов) ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Маҷлиси мутантанро ҳокими ноҳия Улуғбек Қосимов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, нависандаи зуллисонайнро бо ин санаи муборак аз номи ҳокимияти ноҳия ва сокинони сершумори он табрику муборакбод гуфта, ба Чоршанбеи Деҳнавӣ сиҳҳату саломатӣ, умри бардавом ва барори эҷодӣ орзу намуд.
Сипас ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Тирмиз  Абдуқодир Тошқулов нависандаро бо ҷашни зодрӯз табрик гуфт ва салому паёми ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимовро ба адиби  воҳа расонид. Нотиқ дар фуроварди суханрониаш ба соҳибҷашн туҳфаи хотиравии ҳокими вилоятро таҳти чапакзаниҳо супорид.
Раиси маркази миллию мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Шарофат Эрматова дар баромади хеш қайд кард, ки устод Чоршанбеи Деҳнавӣ анъанаҳои неки бузургонамонро идома дода, ба ду забон – ӯзбекиву тоҷикӣ баробар эҷод мекунад. Хусусан асарҳои ӯ «Вақте ки осмон фурӯ рафт», «Лайлатулқадр», «Сӯнгги ӯқ» ва ғайра мақбулу писанди хонандагони ӯзбек ва тоҷик мебошанд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъақул Ҳамроев дар баромади худ иброз дошт, ки Ҷоршанбеи Деҳнавӣ дар насри адабиёти ӯзбек ва тоҷик ҷойгоҳи хоси худро дорад. Асарҳои нависанда «Вақте ки осмон фурӯ рафт», «Баҳор дар пеш», ҳикояву новеллаҳои зиёдаш ҷолиб буда, хонандагон аз мутолиаи онҳо таассуроти нек мегиранд.
Роҳбари бахши вилоятии иттифоқи нависандагон Менгнор Алламуродов низ соҳибқаламро аз номи адибони воҳаи Сурхондарё самимона табрик кард.
Дар қисми дуввуми ин чорабинӣ, ки дар тарабхонаи «Афросиёб» идома дошт, ҳофизи хушадои воҳа Тоҳир Зоҳиров хотири иштирокдорони ҷашни зодрӯзи адибро хушнуд сохт.

Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: