ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад.

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Пардаи самоъ» ниҳодем ва онро ҳамроҳ бо шарҳи фолаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.

ПАРДАИ САМОЪ

Зулфат ҳазор дил ба яке тори мӯ бибаст,
Роҳи ҳазор чорагар аз чор сӯ бибаст.
То ошиқон ба бӯйи насимаш диҳанд ҷон,
Бикшод нофаеву дари орзу бибаст.
Шайдо аз он шудам, ки нигорам чу моҳи нав,
Абрӯ намуду ҷилвагарӣ карду рӯ бибаст.
Соқӣ ба чанд ранг май андар пиёла рехт, 
Ин нақшҳо нигар, ки чӣ хуш дар каду бибаст.
Ё раб, чӣ ғамза кард суроҳӣ, ки хуни хум,
Бо наъраҳои қулқулаш андар гулӯ бибаст.
Мутриб чӣ парда сохт, ки дар пардаи самоъ,
Бар аҳли ваҷду ҳол дари ҳою ҳӯ бибаст.
Ҳофиз, ҳар он кӣ ишқ наварзиду васл хост,
Эҳроми тавфи Каъбаи дил бевузӯ бибаст.

Нози маҳбуб дар баробари ниёзи ошиқони худ ва офариниши лаҳзаҳои ноби ишқварзӣ бо ҳамаи нокомиҳои зотии он бисёр зебост ва хулуси ошиқ бар ҳамаи ин вижагиҳо сар аст, ки бидуни он низ васл номуяссар аст. 

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: