ӮЗБЕКИСТОН – ИМА: ҚАДАМИ ДИЛПУРОНА БАРОИ ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ НАВ

Тавре ки хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп 15-17 майи соли 2018 бо аввалин сафари расмӣ ба Вашингтон рафт.

Чорабиниҳои асосии сафар 16 май дар қароргоҳи расмии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Қасри сафед ба амал омаданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп истиқбол кард.
Вақтҳои охир робитаҳои дуҷониба дар сатҳи сарони давлатҳо ҷиҳати доимӣ пайдо карданд. Соли 2017-ум Президентҳои Ӯзбекистон ва ИМА ду бор – моҳи май дар Ҳамоиши кишварҳои арабу мусалмон ва ИМА дар шаҳри Ар-Риёди Арабистони Саудӣ ва моҳи сентябр дар доираи иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк вохӯрданд ва дар ҷараёни онҳо ҳолати ҷории муносибатҳои байни кишварҳои мо ва нақшаҳо барои пешомадро муҳокима намуданд.
Соли 2017-ум ҳамчунин суҳбати телефонии байни роҳбарони Ӯзбекистон ва ИМА баргузор шуд. Моҳи  марти соли равон Президент Доналд Трамп ба Президент Шавкат Мирзиёев дар арафаи Конфронси байналхалқии Тошканд дар сатҳи олӣ оид ба Афғонистон номаи табрикӣ ирсол намуд.
Дар ҷараёни ин мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд, бинобар масъалаҳои рӯзмарраи дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, ки ба он ҳар ду ҷониб рағбат доранд, мубодилаи афкор намуданд. Ба масъалаҳои таъмин гардидани амният дар Осиёи Марказӣ, танзими вазъият дар Афғонистон, аксуламал ба терроризми байналхалқӣ, экстремизм ва радикализм эътибори махсус дода шуд.
Президенти ИМА сиёсати ошкоро ва пурмуҳтавои хориҷии Ӯзбекистон, саъю кӯшишҳои фаъоли онро, ки ба рушди муносибатҳои некҳамсоягӣ ва таҳкими кооператсияи байни кишварҳои минтақа, фароҳам овардани муҳити сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, дастгирӣ менамояд. 
Қаробати нуқтаи назар ва муносибати сарони давлатҳо дар масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба хусус бинобар таъмин сохтани сулҳу амнияти минтақавӣ ва миқёси байналхалқӣ  ҳамчун асоси мустаҳками пешрафти мустақими муносибатҳои бисёрҷанбаи байни кишварҳои мо хидмат мекунанд.
То имрӯз Ӯзбекистон ва ИМА барои рушди муносибатҳо  дар рӯҳи шарикии стратегӣ, ки ба ҳусни тафоҳуми тарафайн, эҳтиром ва манфиатдории дуҷониба асос мекунанд, қадамҳои муҳим гузоштанд.
Барои баррасии муштараки нақшаҳои минбаъдаи вусъат додани ҳамкориҳои тарафайн Президент Доналд Трамп Президент Шавкат Мирзиёевро бо сафари расмӣ ба ИМА даъват кард. Ин даъват аз ҷониби роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ пазируфта шуд ва ба ибтидои давраи нави робитаҳои дараҷаи олӣ асос гузошт.
Дар ҷараёни мулоқоти рӯ ба рӯи сарони давлатҳо Доналд Трамп бобати кори муштарак баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву инсонпарварии байни мамлакатҳоямон, муваффақ шудан ба ҳадафҳои ягона дар соҳаҳои амният ва эътидоли минтақавӣ қаноатмандӣ изҳор намуд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сиёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба пешрафти минбаъдаи Осиёи Марказӣ ва таҳкими некҳамсоягии минтақа нигаронида шудааст, дастгирӣ мекунанд, қайд кард Доналд Трамп.
Шавкат Мирзиёев ба Доналд Трамп барои эҳтироми баланд ва меҳмоннавозие, ки нисбат ба ҳайати Ӯзбекистон зоҳир карда шуд, миннатдорӣ баён намуд.
– Сафари ҳолоина барои коркарди масъалаҳое, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои телефонии дар соли 2017-ум баргузоршуда баррасӣ гардиданд, ҳамчунин барои ба дараҷаи нав бардоштани ҳамкориҳои бисёрҷанбаи мо имконияти хуб хоҳад шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Пас аз интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон ва ИМА муносибатҳо дар байни кишварҳои мо ба дараҷаи нав бардошта шуданд. Танҳо унвони Изҳороти муштараки мо, ки имрӯз қабул мегардад, яъне «Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико: ибтидои давраи нави шарикии стратегӣ» аз бисёр чиз дарак медиҳад: саъю кӯшишҳои мо ба инкишофи минбаъда нигаронида шудаанд. 
Роҳбари давлати мо тағйирнопазирии ҷиҳатҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъкид кард. Кишвари мо ҷонибдори қатъии минбаъд вусъат додани муносибатҳо бо ИМА, таҳкими мустақим ва рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба ба шумор меравад.
Вусъат додани робитаҳои байни ду мамлакат бобати ба роҳ мондани фаъолияти дарозмуҳлати тиҷорати Амрико дар кишвари мо, ҳамчунин пешрафти минбаъдаи ҳамкориҳои сармоявиву технологӣ бо ширкат ва иттиҳодияҳои бузурги ИМА нақши муҳим мебозад.
Дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 татбиқ сохтани сиёсати дурандешонаву, муфиди тарафайн ва пурмуҳтавои хориҷӣ, мустаҳкам кардани вазъи амният, эътидол ва ҳамсоягии нек дар минтақа аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор мераванд.
Бо ташаббус ва ба шарофати иродаи сиёсии роҳбари давлати мо дар байни кишварҳои минтақа эътимоди тарафайн мустаҳкам гардид. Бобати сарҳадҳои давлатӣ, истифодаи об, ба роҳ мондани гузаргоҳҳои нақлиётӣ, ҳамкории минтақаҳо ва бисёр масъалаҳои дигари муоҳидаҳои муфиди тарафайн имзо шуданд. 
Президенти кишвари мо ҳангоми суханрониаш дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ бори дигар таъкид сохт, ки Ӯзбекистон алҳол минтақаи Осиёи Марказиро ҷиҳати асосии сиёсати хориҷии худ муайян кардааст. «Ӯзбекистон, ки дар қалби Осиёи Марказӣ қарор дорад, аз  он ки минтақа ҳудуди эътидол, рушди устувор ва некҳамсоягӣ гардад, бевосита манфиатдор мебошад. Осиёи Марказии орому осуда ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта – мақсади муҳимтарин ва вазифаи асосии мост. Ӯзбекистон қатъиян ҷонибдори мулоқот, ҳамкории пурмуҳтавои тарафайн ва таҳкими некҳамсоягӣ аст. Мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар тамоми масъалаҳо ба гузаштҳои андешамандона омода мебошем», гуфт роҳбари давлати мо аз минбари СММ. 
Дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон ба ИМА ба ин масъала эътибори махсус дода шуд. Президент Доналд Трамп тағйироти мусбатро дар минтақаи мо махсус зикр намуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Доналд Трамп гуфтушунидҳоро бо иштироки ҳайатҳои расмии ду мамлакат идома доданд.
Ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ эътибори асосӣ дода шуд. Масъалаҳои фаъол кардани робитаҳои байни вазорат, ширкат ва доираҳои корчаллон, татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараки сармоявӣ дар соҳаҳои технологияҳои олӣ, савдо, саноати гармиву энергетикӣ, нақлиёт ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Дар соҳаи савдои байни мамлакатҳои мо аз соли 1998 боз тарзи мусоидати бештар амал мекунад. Дар Ӯзбекистон 181 корхонае, ки якҷо бо сармоягузорони ИМА ташкил шудаанд, аз ҷумла 46 корхона бо сармояи садфоизаи Амрико амал мекунанд.
Кишварҳои мо дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, дорусозӣ, автомобилсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, электротехникӣ, хоҷагии қишлоқ савдои тарафайн доранд.
Палатаи савдои амрикоиву ӯзбекистонӣ, ки инак беш аз бист сол боз амал мекунад, механизми муҳими дастгирӣ ва татбиқ намудани барномаву лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт гардид. Алҳол дар мамлакати мо ширкатҳои бузурги амрикоӣ, аз ҷумла «Boeing»,  «General Motors», «General Electric»,«CNH Lndustrial», «Hayatt», «Hilton» ва бисёр дигар бомуваффақият фаъолият доранд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо тайёр будани худро аз мунтазам идома додани робитаҳо дар сатҳи олӣ, беш аз пеш фаъол кардани ҳамкорӣ дар иқтисодиёт, энергетика, соҳаҳои молияву сармоя, технологияҳои олӣ ва ғайра, афзун сохтани ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол, вусъат додани алоқаҳои инсонпарварӣ иброз доштанд.
Мавҷудияти имкониятҳои истифоданашуда барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид гардид, ки ба роҳ мондани онҳо барои ҳар ду давлат манфиатбахш мебошад.
Президентҳо, аз ҷумла ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳои мавҷударо барои ҳамкории қарин дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноати кимиё ва бофандагӣ, молия, сайёҳӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва технологияҳои рақамӣ тадқиқ кунанд. 
Қайд шуд, ки дар ҷараёни сафар байни ширкатҳои Ӯзбекистон ва ИМА зиёда аз 20 муоҳидаҳои азим ба имзо расидаанд, ки маблағи умумии онҳо 4,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҷонибҳо бобати вусъат додани робитаҳои тарафайн дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таълим, варзиш ва сайёҳӣ мубодилаи афкор карданд.
Президентҳо дар Ӯзбекистон номнавис шудани Шӯроҳои оид ба таълими байналхалқии Амрикоро, ки ба ҳамкориҳои  соҳаи таълим саҳм мегузоранд, дастгирӣ намуданд. Доналд Трамп зикр сохт, ки ИМА барои дар Ӯзбекистон татбиқ шудани барномаҳои таълимӣ оид ба забони англисӣ кӯмак хоҳад кард. 
Изҳороти муштараки сарони давлатҳо «Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико: ибтидои давраи нави шарикии стратегӣ» қабул гардид.
Ҳамчунин ҳуҷҷатҳои байни вазорату идораҳои гуногуни ду давлат, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дарозмуҳлату васеъмиқёс дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, электротехника, дорусозӣ, сармоя, технологияҳо, инноватсия ва таълим нигаронида шудаанд, имзо гардиданд.
Махсус зикр шуд, ки сафари Президенти Ӯзбекистон барои фатҳи қуллаҳои нав дар муносибатҳои дуҷониба қадами муътамад ба шумор меравад.
Дар нимаи дуввуми рӯз роҳбари давлати мо нигористони Артур Саклерро тамошо кард. Дар нигористон тақрибан 10 ҳазор намунаи санъати халқҳои Осиё нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар нигористон Президенти мамлакати мо намунаҳои маснуоти газвори Ӯзбекистонро дар қисмати бахшида ба Осиёи Марказӣ тамошо кард, бо миниатюра ва дастнависҳо шинос шуд.
Дар Вашингтон бо намояндагони доираҳои корчаллони ИМА мулоқот баргузор шуд. 
***
Роҳбарони давлатҳо 16 май дар Қасри сафед вохӯрданд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҳолати ҷорӣ ва пешомади рушди ҳамкориҳои ӯзбекистониву амрикоӣ баррасӣ шуданд. Доир ба масъалаҳои рӯзмарраи дорои аҳамияти байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.
Бино бар натиҷаи гуфтушунидҳо Изҳороти муштараки сарони давлатҳо «Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико: ибтидои давраи нави шарикии стратегӣ» қабул шуд. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои муфиди тарафайни соҳаҳои гуногун нигаронида шудаанд, имзо гардиданд.
Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳо дар бораи вусъат додани робитаҳои тарафайни тиҷоратӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои таълими олӣ ва тадқиқоти академӣ, хоҷагии қишлоқ ва энергетика имзо шуданд. Меморандумҳо дар бораи ҳусни тафоҳум бобати ҳамкорӣ дар ҷараёни узви Созмони умумиҷаҳонии савдо гардидани Ӯзбекистон ва дар соли 2018-ум дар Тошканд баргузор намудани Анҷумани тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба имзо расиданд. Дар байни Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ва Бонки содироту воридоти ИМА меморандуми бо маблағ таъминкунии лоиҳаҳои муштарак қабул шуд.
Ин муоҳидаҳо, бидуни шубҳа, ибтидои даврони нави таърихии пураҳамияти муносибатҳои кишварҳои мо мебошанд. 
Дар пазироие, ки дар меҳмонхонаи «Уиллард интерконтинентал» ба шарафи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба ИМА баргузор шуд, Шавкат Мирзиёев махсус зикр намуд, ки вохӯрӣ бо Доналд Трамп дар рӯҳи эътимоду эҳтиром, дар пояи ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн гузашт. «Мо ин сафари таърихиро ба сифати идомаи мантиқии ҳамкориҳои ӯзбекистониву амрикоӣ, ки ду соли охир бо суръати бемисл инкишоф меёбанд, қабул мекунем. Ҳарчанд кишварҳои моро масофаи азим аз ҳам дур мекунад, суннатҳое чун меҳнатдӯстӣ, кушодадилӣ ва ватанпарварӣ халқҳои моро қарин месозанд», – гуфт роҳбари давлати мо.
Шавкат Мирзиёев ба Фредирик Старр ва олимони дигари амрикоӣ, ки таърих ва маданияти Ӯзбекистонро амиқ омӯхта, онҳоро васеъ тарғибу ташвиқ мекунанд, миннатдорӣ изҳор кард, 
Дар чорабинӣ хабар дода шуд, ки барои саҳми бузургаш дар кори рушди санъати классикии мусиқии мақом, ҳамчунин иштироки фаъолаш дар тарғибу ташвиқи мероси ғановатманди фарҳангии мардуми Ӯзбекистон дар байни ҷомеаи васеи ҷаҳон ба собиқ овозхони гурӯҳи мақомхонон Эзро Ашерович Малаков унвони ифтихории «Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон» дода шудааст. Эзро Малаков ба Президенти кишвари мо барои ин эътибори баланд миннатдорӣ изҳор кард.
Рӯзи саввуми сафар низ пурмуҳтаво буд. 
Роҳбари давлати мо бо Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео вохӯрд.
Дар мулоқот қайд шуд, ки сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба манфиати ҳар ду мамлакат хидмат хоҳад кард. Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, беҳтар ба роҳ мондани робитаи байни идораҳои сиёсати хориҷӣ баррасӣ шуданд.
Роҳбари давлати мо дар Пентагон бо вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис гуфтушунид дошт. 
Президент зикр намуд, ки бо такя ба равандҳои рӯшодӣ ва некҳамсоягӣ дар сиёсати хориҷии худ, барои минбаъд мустаҳкам намудани озодӣ ва истиқлолияти Ватани мо Доктринаи нави мудофиаи Ӯзбекистон қабул гардид, сохтор ва вазифаҳои округҳои ҳарбӣ куллан таҷдид шуданд, омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ ислоҳ гардиданд. 
Ӯзбекистон аз табодули таҷриба, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбиву техникӣ, ҳамкории тарафайн дар соҳаҳои мудофиа ва амният бо ИМА манфиатдор аст, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вазири мудофиаи ИМА таъкид кард, ки Ӯзбекистон давлати дорои нақши муҳими геостратегӣ дар минтақаи худ мебошад.
Бинобар сиёсати ошкоро ва пурмуҳтавои хориҷии Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ муҳити некҳамсоягӣ ташаккул ёфт. Робитаҳои шумо бо Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, аз ҷониби шумо таъин шудани намояндаи махсус оид ба Афғонистон аҳамияти бузург доранд. Нақшаи панҷсолаи ҳамкории ҳарбӣ, ки дар доираи сафари расмии шумо қабул гардид, ба таҳкими сулҳу салоҳ ва амнияти минтақа хидмат хоҳад кард, гуфт Ҷеймс Мэттис.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои мудофиа ва амният, ҳарбӣ ва ҳарбиву техникӣ баррасӣ шуданд.
Роҳбари давлати мо дар Капитолия бо конгрессменҳо таҳти сарварии узви Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Трент Келли вохӯрд. Дар мулоқот зикр шуд, ки дар байни кишварҳои мо муносибате, ки ба эътимод ва манфиатдории тарафайн такя мекунанд, ба роҳ монда шудааст. Масъалаҳои минбаъд вусъат додани робитаҳои байнипарлумонӣ муҳокима гардиданд.
Президенти кишвари мо таъкид сохт, ки фаъолшавии сафарҳо дар сатҳи парлумонҳо ва ҳукуматҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард. 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамчунин бо гурӯҳи сенаторон таҳти роҳбарии муовини Раиси Сенати ИМА, раиси Кумитаи оид ба молияи Сенат Оррин Хэтч мулоқот кард. Дар ҷараёни суҳбат бинобар ҳолати ҷорӣ ва пешомади алоқаҳои байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои тарафайни тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Зикр шуд, ки вохӯрии кунунӣ ба пешрафти минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ, амиқсозии ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон хидмат мекунад.
Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким вохӯрд.
Роҳбари давлати мо бо ҳамватанонамон, ки солҳои дароз дар ин сохтори байналхалқии молиявӣ кор мекунанд, суҳбат кард.
Алҳол ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо бонки мазкур соҳаҳои бозсозии шабакаҳои энергетикӣ, обёрӣ ва коммуналӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзиро дарбар мегирад. 
Дар барномаи муштарак оид ба ҳамкорӣ, ки то соли 2020-умро пешбинӣ мекунад, 27 лоиҳаи муҳим дохил карда шудаанд. Арзиши умумии онҳо аз чаҳор миллиард доллар зиёд мебошад, ки се миллиард доллари он вомҳои Бонки умумиҷаҳонӣ аст.
Роҳбари давлати мо самаранокии баланди ҳамкориро бо Бонки умумиҷаҳонӣ бобати татбиқ сохтани лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ дар Ӯзбекистон қайд намуд.
Дар ҷараёни суҳбат лоиҳаҳои пешомаднок баррасӣ шуданд, бобати минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои амалии  тарафайн таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Бино бар рушди боғдорӣ, такмил додани низоми кӯмаки таъҷилии тиббӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикии корхонаҳои саноатӣ, бозсозии шабакаҳои гармкунӣ, хидматҳои машваратии молиявӣ ва самтҳои дигар муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Бо ҳамин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ИМА анҷом ёфт. Ин ҳодисаи таърихӣ, бешубҳа, дар муносибатҳои дуҷониба ҳамкории кишварҳои моро ба дараҷаи сифатан нав мебардорад.

Абу Бакр ӮРОЗОВ, 
хабарнигори махсуси ӮзА.

ТОШКАНД – ВАШИНГТОН – ТОШКАНД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: