ҚАДАМҲОИ УСТУВОРУ САМАРАБАХШ

Кору фаъолияти таълимгоҳҳо ва омӯзгорон гоҳ-гоҳ муаммоҳои таълиму тарбияро «кашф» мекунанд.

Муаммоҳои сарбаста баҳсу талошҳоро тақозо менамоянд. Ҳар як муаллим мехоҳад, ки муҳтоҷи дигарон нашавад. Дар акси ҳол вай, пеш аз ҳама, ба ҳамкасбони худ дархости худро изҳор мекунад. Агар муаммоҳо дар миқёси таълимгоҳ ҳалли худро наёбанд, муаллим метавонад, бо воситаи дигар мактабҳо садди роҳашро кушояд. 
Бо мақсади равшанӣ андохтан ба масъалаҳои тибқи талаботи замон истифода бурдан аз асбоби аёнӣ, воситаҳои техникии таълим, компутер ва шабакаи васеи Интернет, такмил додану мустаҳкам гардондани дониш ва баланд бардоштани маҳорати касбии муаллимони забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби такягоҳии рақами 13-уми ноҳияи Чуст хониши педагогӣ ташкил карда шудааст. Дар ҷамъомадҳои он муаллимони забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои миёнаи рақамҳои 13, 50, 58 ва 60-уми ноҳия иштирок мекунанд. Онҳо бо гирифтани маслиҳат ва омӯхтани усулҳои нави таълим, беҳтар намудани азхудкунии забони тоҷикӣ дар мактабҳо, баҳри беҳбудии сифати таълим кӯшиш карда истодаанд ва барои ҷорӣ намудани навигариҳо ба таълим коркарди нави дарсро тайёр намуданд. 
Хониши педагогии мо имрӯзҳо чунин мавзӯъҳоро дар бар мегирад: «Тарзҳои ташкил кардани маҳфили забон ва адабиёти тоҷик», «Омӯзондани қисми морфологии забон дар ҷараёни дарс ва маҳфил», «Васфи Ватан ва ватанпарварӣ дар шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ», «Дар ҷараёни дарсҳо таҳлили асари бадеӣ», «Истифода бурдани роҳҳои назоратӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ», «Дар дарси адабиёт омӯзиши асари бадеӣ ба воситаи ТИК». Дар чорабиниҳо аз ҳар мактаб муаллимаҳои тоифаи олӣ мисли Муҳаббат Тӯйчиева, Гулбаҳор Шарафова, омӯзгорони тоифаи якум Мастура Абдураҳмонова, Насиба Шаҳобова, Раъно Нуриддинова, Шаҳло Шарофова ва Ҳамида Содиқова баромад карда, фикру мулоҳизаҳояшонро баён мекунанд, ба саволҳои шунавандагон  ҷавоб медиҳанд. Баъзан саволу ҷавобҳо ба баҳсу мунозираҳо табдил меёбанд.
Дар натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо ва саъю кӯшишҳо дар хонишҳои педагогӣ рӯзҳои наздик ду муаллима – Н. Шаҳобова ва С. Ҳошимова аз аттестатсияи олӣ бо муваффақият гузашта, ба гирифтани  тоифаи олӣ тавсия гардиданд. 
Хонишҳои педагогӣ то моҳи декабри соли ҷорӣ давом хоҳад кард.

Санобар ҲОШИМОВА,
муаллимаи тоифаи
якуми забон ва адабиёти
тоҷики мактаби рақами13-уми ноҳияи Чуст. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: