ДАР БОРАИ ҶОРӢ КАРДАНИ НИЗОМИ ТАКМИЛДОДАШУДАИ ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ПУРЗӮР НАМУДАНИ РАҒБАТНОКСОЗИИ МОДДИИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ МАДАНИЯТ ВА БОЙГОНИҲОИ ДАВЛАТӢ

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар доираи татбиқ сохтани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар мамлакат бобати мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии театрҳои давлатӣ, сиркҳо, осорхонаҳо, боғҳои зоологӣ, созмонҳои консертӣ, ҷамоаҳои эҷодӣ, муассисаҳои маданиву маърифатӣ (минбаъд – муассисаҳои давлатии маданӣ) ва бойгониҳои давлатӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.
Таъсис ёфтани Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва раёсатҳои ҳудудии он ба татбиқ гардидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, татбиқ шудани чораҳои мунтазам бобати ҳифз кардан ва зиёд намудани мероси маданӣ  ва маънавии миллӣ, ҳамаҷониба инкишоф додани санъат ва эҷодиёти бадеӣ, рағбатноксозии минбаъдаи баланд бардоштани сатҳи маънавиву ахлоқӣ ва мадании аҳолӣ, ҷалб намудани он ба беҳтарин намунаҳои маданияти миллӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат карданд.
Аз ҷониби Оҷонсии «Ӯзархив»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Оҷонсии «Ӯзархив») бино бар ҳисобгирӣ, ҳифз намудан ва истифода бурдани иншооти хаттии мероси фарҳангӣ, ки дар Бунёди бойгонии миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд, чораҳо андешида мешаванд.
Баробари ин вазифаҳои пешгузошташуда бобати рушди минбаъдаи эҷодиёти бадеӣ, аз ҷумла санъати театрӣ, мусиқӣ, рақс, эстрада, сирк ва халқиву амалӣ, кӯмакрасонии ҳамаҷониба ба ҷамоаҳои эҷодӣ, бахусус ҷавонони эҷодкор, бино бар офаридани асарҳое, ки саҳифаҳои дурахшонтарини таърихи халқи мо ва ҳаёти кунунии онро равшан мекунанд, наметавонад бидуни рағбатноксозии тахассусии кадрҳои соҳаҳои фарҳанг ва бойгониҳо таъмин карда шавад.
Бо мақсади минбаъд такмил додани низоми пардохти музди меҳнат ва беҳтар намудани таъминоти моддии кормандони муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва бойгониҳо, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешаванд ва  бинобар таъмин сохтани баҳодиҳии сазовори маҳорати эҷодӣ, фароҳам овардани ҳавасмандӣ, ки ба муттасил баланд бардоштани дараҷаи касбӣ ва ихтисоси онҳо нигаронида шудаанд:
1. Таклифи Вазорати фарҳанг, Оҷонсии «Ӯзархив», Вазорати молия ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи:
аз 1 июни соли 2018 ба ҳисоби миёна 45 фоиз зиёд кардани ҳаҷми музди меҳнати кормандони маъмуриву идоравӣ, роҳбариву бадеӣ, ҳунармандӣ, эҷодӣ ва ходимони дигари муассисаҳои давлатии фарҳанг, ҳамчунин ходимони раҳбарикунанда ва мутахассисони бойгониҳои давлатӣ (минбаъд – кормандони муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва бойгониҳои давлатӣ);
аз 1 июни соли 2018 ҷорӣ кардани низоми такмилдодашудаи пардохти меҳнати кормандони муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва бойгониҳои давлатӣ бо муқаррар кардани моҳонаи вазифавӣ бино бар табақаҳои ихтисоснок ва мансабҳо, ҳамчунин рағбатноксозии рушди касбӣ аз ҳисоби зиёд кардани андозаи байни маошҳои вазифавӣ;
аз 1 июни соли 2018 ба роҳ мондани пардохти мукофотонидани ҳармоҳа барои хидматҳои чандинсолаи табақаҳои алоҳидаи кормандони Сирки давлатии Ӯзбекистон, боғҳои зоологӣ, китобхонаҳои барои нобиноёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бойгониҳои давлатӣ, дар ҳаҷме, ки барои кормандони ҳунарманд ва бадеии ташкилотҳои театриву консертӣ пешбинӣ шудаанд, маъқул дониста шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки харҷҳои вобаста ба ҷорӣ намудани низоми такмилдодашудаи пардохти меҳнат ва пардохти мукофоти ҳармоҳа барои хидмати чандинсола, ки қарори мазкур пешбинӣ намудааст, аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва маблағҳои ғайрибуҷавии муассисаҳои дахлдори давлатии фарҳангӣ ва бойгониҳои давлатӣ татбиқ карда мешавад.
3. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи ду ҳафта:
миқдори маошҳои асосии вазифавиро бино бар пардохти меҳнати кормандони муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва бойгониҳои давлатӣ, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешаванд;
номгӯйи табақаҳои ҷудогонаи  кормандони муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва бойгониҳои давлатӣ, ки нисбати онҳо мукофоти ҳармоҳа барои хидмати чандинсола мувофиқи боби якуми қарори мазкур муқаррар карда мешавад;
дастурамал дар бораи тартиби пардохти меҳнат ва рағбатноксозии моддии кормандони муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва бойгониҳои давлатӣ, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешаванд, тасдиқ кунад.
4. Аз 1 июни соли 2018 миқдори пардохти ягонаи андоз барои фирмаҳои кӯчак ва корхонаҳои хурде, ки аз ташкил кардани чорабиниҳои оммавии тамошобоб аз тариқи ҷалби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ (аз ҷумла ғайрирезидентҳо), ки барои машғул шудан бо фаъолияти консертиву тамошобоб рухсатнома доранд, аз 30 то 5 фоиз коҳиш дода шавад.
5. Дар боби «Миқдори андози % ба пойгоҳи андозситонӣ» банди 4-уми замимаи №91 ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 декабри соли 2017-ум №ҚП-3454 «Дар бораи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии  макроиқтисодӣ ва афзалиятҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2018» рақами «30» бо рақами «5» иваз карда шавад.
6. Ба Вазорати фарҳанг ва Оҷонсии «Ӯзархив» супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунанд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.С.Сайфуллоев ва директори генералии Оҷонсии «Ӯзархив» У.Б.Аъламов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон                      Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
14 майи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: