ДАР БОРАИ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуд.
Дар аввали суҳбат роҳбари давлатамон бори дигар Владимир Путинро самимона бо оғози иҷрои вазифаи Президенти Федератсияи Русия табрик намуд ва барояш муваффақиятҳои бузург орзу кард.
Бо қаноатмандии амиқ махсус таъкид гардид, ки муносибати дӯстона, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ ва ҳамчунин пешрафти ноилгардида дар васеъ намудани ҳамкории бисёрҷанбаи муфиди тарафайн байни Ӯзбекистон ва Русия муттасил рушд меёбад ва мустаҳкам мегардад.
Зимни суҳбати телефонӣ роҳбарони ду давлат масъалаҳои муҳими рӯзро дар партави омодагӣ ба ташрифи давлатии ояндаи Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳокима намуданд.
Аҳамияти татбиқи амалии қарордодҳои қаблан бадастомада ва шартномаҳои имзогардида дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз он ҷумла дар доираи фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ таъкид ёфт.
Бино бар ин ба масъалаҳои омода намудани лоиҳаҳои истиқболнок бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Русия ва бонкҳо дар маҷмӯи энергетикӣ, филизот, мошинсозӣ, саноати электротехникӣ ва дигар ҷанбаҳои баландтехнологӣ эътибор нигаронда шуд.
Аҳду паймон дар заминаи идома додани робитаҳои зич дар дараҷаи минтақаҳо ва тирамоҳи соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор намудани Анҷумани байниминтақавии Ӯзбекистон ва Русия мувофиқа гардид.
Ногузирии минбаъд васеъ намудани табодули сайёҳӣ ва маданӣ, татбиқи барномаҳои ба ҳамдигар муфид дар ҷанбаи таълим ва тандурустӣ таъкид гардид.
Роҳбарони давлатҳо инчунин дигар масъалаҳои муҳими сиёсати байналхалқиро баррасӣ намуданд. Табодули афкор доир ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ ва суботнокии минтақавӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар поёни суҳбати телефонӣ президентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия омодагии идома додани ҳамкории зичро дар дараҷаҳои гуногун собит намуданд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: