ДАВРАИ НАВ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ӮЗБЕКИСТОНУ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Ҳайати намояндагоне, ки таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи кории Шӯрои Иттиҳоди Аврупо доир ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ютто Эдтхофер ба мамлакати мо ташриф овард, 21 май бо Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Исмоилов вохӯрданд. Дар таркиби гурӯҳи корӣ намояндагони 28 давлати аъзои Иттиҳоди Аврупо омаданд.

Ҳайати намояндагоне, ки таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи кории Шӯрои Иттиҳоди Аврупо доир ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ютто Эдтхофер ба мамлакати мо ташриф овард, 21 май бо Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Исмоилов вохӯрданд. Дар таркиби гурӯҳи корӣ намояндагони 28 давлати аъзои Иттиҳоди Аврупо омаданд.                                       Онҳо ҳамаи ҷанбаҳои муносибати дуҷониба ва байниминтақавии Иттиҳоди Аврупоро бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хоҳанд омӯхт.
Дар вохӯрӣ оиди миқёси ислоҳоте, ки тибқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегарданд ва низоми мулоқоти нодиру самаранок бо халқ, сухан ба миён омад.
Ҳамчунин оиди сохтори Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, гурӯҳҳои дӯстие, ки дар доираи ҳамкорӣ бо парлумони давлатҳои хориҷӣ ташаккул ёфтаанд, фаъолияти Институти муаммоҳои қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои парлумонии назди Олий Маҷлис, портали ҷамъиятии муроҷиати электронии «Mening fikrim» маълумот пешниҳод гардид.
Дар доираи созишномаи шарикию ҳамкорӣ байни Ӯзбекистону Иттиҳоди Аврупо кумитаи ҳамкории парлумонӣ ва шаш созмони ҳамкор, ки кумитаҳои хурдро дар бар мегирад, ташкил дода шуд. Дар кишвари мо бо иштироки сармояи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо беш аз 1000 корхона фаъолият дорад. Бо кӯмаки техникии комиссияи Иттиҳоди Аврупо оиди рушди тиҷорату сайёҳӣ, логистикаи нақлиёт, идораи сарҳадот, мубориза бо гардиши ғайриқонунии доруҳои нашъадор, бехатарӣ ва дигар соҳаҳо 35 лоиҳа ба амал татбиқ мегардад.
Вохӯрӣ ҷолибу конструктивӣ сурат гирифт. Аъзои ҳайат бо фаъолияти палатаи поёнии парлумон ошно шуданд. Доир ба масъалаҳои таҳким бахшидани робитаҳои байнипарлумонӣ ва роҳандозии мулоқоти доимӣ ба мақсади офаридани пойгоҳи муътамад барои рушди ҳамкории дуҷониба, табодули афкор ба амал омад.
– Дар ҳамкории байни Ӯзбекистону Иттиҳоди Аврупо давраи нав оғоз ёфт, – мегӯяд Андреа Доменикони (Италия). – Дар рафти гуфтушунидҳо мо оиди ғанӣ гардондани ҳамкорӣ бо созишномаҳои нав сухан рондем. Мо ба дастгирии ислоҳоте, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ мешаванд, омодаем.
Ҳамон рӯз аъзои ҳайат дар маркази «Стратегияи рушд» бо намояндаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман) У.Муҳаммадиев гуфтушунид ба амал оварданд.
Дар чорабинӣ қайд гардид, ҳадаф аз ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Президент татбиқ мешаванд, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба аҳолӣ мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ аъзои ҳайат бо барномаи чорабинии бахшида ба 70-солагии қабули Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон, ҷараёни ташаккулёбии механизми дифоъи миллӣ дар асоси институти Омбудсман, фаъолияти Омбудсман доир ба ҳифзи қишри ниёзманди аҳолӣ, ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ, сарраёсати Комиссари олӣ оиди ҳуқуқи инсон, САҲА ва дигар сохторҳои байналхалқӣ ошно гардиданд.
Ҷонибҳо, оиди таҳким бахшидани ҳамкории тарафайн, ба ҳам дидани таҷриба дар бахши ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон, табодули афкор намуданд.

Г. САТТОРОВА,
Б. АЙТМУРОДОВ, (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: