БОҒЕ ДАР ДАШТИ ШӮРТЕПА

CОЛИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРИИ ФАЪОЛ, ҒОЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯ

Солҳое, ки Саидаҳмад Арзиматов дар идораи собиқ хоҷагии ҷамоавии «Ахча»-и деҳаи Ахчаи ноҳияи Чуст вазифаи раиси иттифоқи касабаи хоҷагиро ба ӯҳда гирифта буд, дар дил як боғи меваҷоташ гуногун барпо карданро мепарварид. Барои амалӣ гардидани орзуяш борҳо ба андеша мерафт, ки бояд боғро дар куҷо бунёд кунад.
Мавзеи Шӯртепаи деҳа, ки аз сатҳи замин дар 80 метр баландӣ воқеъ буд, солҳои бачагиаш дар  ҳамин саҳрои хушку холӣ гузаштааст, боғ барпо карданро ихтиёр кард. Вале ҳамдеҳагонаш дар чунин теппагии беоб ташкил кардани боғ чӣ қадар душвор ва заҳматталаб буданашро борҳо такрор мекарданд. Вай аз пайи мақсадаш аз ҳеҷ гуна душвориҳое, ки садди роҳаш буд, наҳаросида хоҷагии фермерии ба боғпарварӣ ихтисосонидашудаи «Тошқӯзиев Арзимат»-ро ташкил кард.
Се писар ва ду духтарашро ба паҳлуяш гирифта, саҳрои хушку холии солиён бекорхобидаро бо меҳнати фидокоронаи аъзоёни оилааш ба кишт ҳозир кард. Чуноне ки вай чанд сол боз қитъаи наздиҳавлиашро бо ёрии чоҳи артезиание, ки аз 60 метр чуқурӣ бо ёрии насоси обкашӣ обёрӣ мекард, кӯшиш намуд, ки боғи навбунёдашро низ бо ин усул обёрӣ кунад. Вале масофа қариб 800 метрро ташкил мекард. Дар ин ҷода бо якчанд нафар кормандони хоҷагии оби ноҳия машварат кард. Аз рӯйи иҷрои мақсадаш ақибнишинӣ накард. Аз ҳавлии истиқоматиаш ба сӯи боғи навбунёдаш монтажи қубурҳои полиэтилениро ба роҳ монд. Ниҳоят корҳоро ба охир расонда, ба воситаи насоси обкашӣ ба баландӣ об баровард.
Аввали баҳор Саидаҳмад Арзиматов ба кӯчатшинонӣ шурӯъ кард. Ба 60 сотих навъи ниҳоли кӯчати токи «Ризаматота», «Ҳусайнӣ, «Кишмиш», ба 60 сотих навъи себи «Бойка», «Семиренка», ба 40 сотих навъи зардолуи серҳосили «Қандак»-ро шинонида, ба гирду атрофаш олу, олуча шинонида, парваришашро ба роҳ монданд. Ба мобайни ниҳолҳо картошка, сабзӣ, пиёз, юнучқа, кабудӣ ва масолеҳи озуқавории чорво коштанд.
– Маҳз ба туфайли хоҷагии фермериаман дар теппагӣ ниҳолҳо бар авҷ ривоҷ меёбанд, – гуфт боғбони соҳибтаҷриба Саидаҳмад Арзиматов.
Қобили қайд аст, ки фермери чашмикордон ба теппагие, ки аз қубури полиэтиленӣ об ҷорӣ мешавад, дар ҳаҷми 8х20 метр ҳавза ковондааст. Бо ёрии қубурҳои полиэтиленӣ ба решаи ҳар як бех дарахтон об ҷорӣ карда мешавад. Инчунин дар ҳавзаи мазкур моҳии «сазан» парвариш меёбад. Дар ин боғ ғайр аз аъзоёни оилааш боз 4 нафар ҳамдеҳагонаш бо кори доимӣ банд мешаванд. Ба онҳо ҳар моҳ маош муайян карда шудааст.
Бошандагони деҳа ҳеҷ гоҳ худро бе чорво тасаввур карда наметавонанд. Саидаҳмадака ба як сӯи боғ молхона бунёд карда, 12 сар чорворо парвариш мекунад. Аз онҳо рӯзе 45-50 литр шир ҷӯшида мешавад. Ба рӯ ба рӯйи молхона гармхона барпо карда, ниҳолҳои лимӯ ва кабудӣ мерӯёнад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: