ДИДОРУ СУҲБАТҲОЕ, КИ ФАРОМӮШ НАХОҲАНД ШУД!

Раҳоварди сафар

Мо субҳи дигар, баъди ношто хостем, ки аз боғу майдонҳо ва биноҳои нави Душанбе боздид кунем. Қиёмуддин Сатторӣ машварат дод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биравем.
– Ин китобхона дар паси муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва шафати манораи рамзи Тоҷикистон қомат афрохтааст. Хазинааш ҳам хеле бою ғанӣ мебошад, – илова намуд ӯ.
Солҳои донишҷӯӣ ба китобхонаи ба номи Фирдавсӣ мерафтем. Махсусан, рӯзҳои якшанбе лозим меомад, ки мо то нимаи рӯз мунтазири расидани навбати худ бошем. Ҳамон солҳо аксарияти донишҷӯён рӯзи якшанберо дар китобхонаҳо сипарӣ мекарданд ва ба навиштани корҳои курсӣ, рисолаҳои дипломӣ машғул мешуданд, ба семинарҳо тайёрӣ медиданд. 
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар баландии 25 метр қомат афрохта буд. Дар паси он майдоне бунёд кардаанд, ки ҷойи сайру гашти одамон маҳсуб меёбад.  
– Марҳамат, хуш омадед, – гуфт духтари зебое, ки моро дар даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ истиқбол гирифт. – Имрӯз «Рӯзи дарҳои кушод» аст. Метавонам шуморо роҳнамоӣ кунам, – илова намуд бо табассуми ба худ хос.
Вай ба мо нақл намуд, ки хишти аввали бинои Китобхонаи миллиро 4-уми сентябри соли 2007 гузоштаанд. Ба гуфтаи ӯ маросими ифтитоҳи китобхона ба арафаи иди Наврӯзи соли 2012 рост омад ва баъд онро «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» унвон карданд.
Бинои китобхона аз ҳар нигоҳу равзана хеле боҳашамат менамуд.   
– Китобхона дар чаҳор самт фаъолияти худро пиёда мекунад, ки аз ҳифзи китоб, қироат, хизматрасонӣ ва роҳандозии чорабиниҳои фарҳангӣ иборат мебошад. Бино 167 метр дарозиву панҷоҳу ду метр баландӣ дорад. Масоҳати он бошад, беш аз чилу чор ҳазор метри мураббаъро ташкил менамояд. Китобхонаи мо барои даҳ миллион нусха китоб муқаррар шудааст. Дар айни ҳол китобҳоямон бештар аз шаш миллион нусхаро ташкил медиҳанд, ки аз китобҳои чопиву электронӣ иборатанд, – гуфт роҳбалади мо.
Дар яке аз толорҳо китобҳои нодиртаринро ба маърази тамошо гузошта буданд. Дар байни ин китобҳо чанд нусхаи китоб ва тафсирҳои «Қуръон», 7 ҷилди «Тафсири Табарӣ», 3 ҷилди «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, се ҷилди «Луғатномаи Деҳхудо»,  «Девони ашъор»-и Ризоӣ Абдулбар, қисман нусхаҳои хаттии «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ ва амсоли онро дидан мумкин буд.
Гуфта мешавад, бештар аз дуним миллион нусха китобро аҳолӣ ба маъмурияти китобхона тақдим кардаанд. Тамошои 28 толори барҳавои он дар мо таассуроти хеле нек боқӣ гузошт.  
Аз  китобхона бо табъи хушу гуворо баромадем ва каме дар майдон сайру гашт кардем. Дар ақиби манораи Рамзи миллии Тоҷикистон шаршараеро дидему моту мабҳут мондем. Дар маркази шаҳр бунёд кардани он ҳайрати ҳар бинандаро хоҳад овард. Ду тарафи шаршара зина ба зина курсиҳои нишаст гузошта буданд, ки агар дар ҳавои гарм низ кас он ҷо нишинад, асло эҳсоси нороҳатӣ нахоҳад кард.
Ҳарчанд дил мехост, ки боз чанд лаҳза шоридани оби шаршара ва манзараи зебои онро тамошо кунем, аммо тибқи нақшаамон то нимаи рӯз бояд аз Боғи устод Рӯдакӣ ва чанд ҷои дигари шаҳр боздид намоем.  
Боғи устод Рӯдакӣ намои навро ба худ касб намуда буд. Аз ошхонаҳои дохили боғ, ки солҳои донишҷӯӣ баъзан мо хӯрок мехӯрдем, ному нишон намондааст. Гулгаштҳои ободу зебо бунёд шудаанд, ки аз бӯи гулҳои муаттари ду самти роҳравҳо димоғи кас роҳат мекард. Дарҳақиқат, хеле меҳнату маблағ сарф шудааст ин ҷо.  
Бинои «Кохи ваҳдат»-ро тармими куллӣ мекарданд, барои ҳамин натавонистем, ки дохили онро тамошо кунем. Андак дар чойхонаи «Роҳат» нишастем ва ман нақлиёти ҷамъиятиро мушоҳида намудам, ки дар кӯчаҳои марказии шаҳр равуо мекард. Ба назар мерасид, ки дар шаҳр троллейбусҳо нақлиёти асосӣ маҳсуб меёбанд. Гоҳ-гоҳ автобусҳои тамғаҳои гуногуни хориҷӣ низ дар кӯчаҳои шаҳр пайдо мешуданд.  
Мебоист ба тамошои «Кохи Наврӯз» равем, зеро достони таърифу тавсифашро борҳо хондааму шунидаам. Гуфта мешавад, ин кох яке аз беҳтарин иншооти даврони истиқлолияти Тоҷикистон, ки тарҳи он шояд дар фазои шӯравии собиқ назир надорад. Он аз 12 толор иборат буда, барои се ҳазору дусад нафар пешбинӣ шудааст. Дар он аз тамоми санъати меъмории классикиву замонавӣ истифода кардаанд.
Ин дам садои занги телефон баланд шуд ва моро водор намуд, ки тамошои иншоотро ба вақти дигар гузорем.
– Шумо ҳоло куҷо? Бояд баъди понздаҳ-бист дақиқа дар назди тарабхонаи «Помир» ҳозир шавед. Ин тарафаш – «сюрприз»,– гуфт аз он тарафи гӯшак Қиёмуддин.
Ҳар се худро ба тарабхонаи «Помир» расонидем. Як гурӯҳ занҳо дар назди даромадгоҳи он меистоданд. Гумон кардем, ки шояд онҳо мисли занҳои тошкандӣ ба «гап»-и худ ҷамъ омадаанд. Аммо наздик рафтему ба чашмонам бовар накардам. Он ҷо ҳамкурсони собиқамон – духтарони курсамон меистоданд, ки мисли мо солхӯрда шудаанд. То наздик шудан Қурбонбӣ, Ҳуринисо, Маҳрам ва Санамбиро шинохтам. Он ҷо боз як зани дигар меистод. Гумон кардам, ки мудири тарабхона аст, барои ҳамин ба вай чандон аҳамият надодам.
Ҳама шодона бо якдигар вохӯрӣ кардем. Ростӣ, ҳолати ҳамон лаҳзаро қаламдод кардан бароям осон нест. Ҷисму ҷонамро ҳисси шодиву ифтихор фаро гирифта буд. Асло тасаввур намекардам, ки ба дидани ин қадар ҳамкурсонам мушарраф мешавам.  
Сонӣ разм мондаму зани панҷумро шинохтам. Ӯ Шодигули бухорӣ буд, ки баъди хатми таҳсил сукунат дар шаҳри Душанберо ихтиёр кард. Баъди лаҳзае Сарвар ва Саида ба мо пайвастанд. 
– Ҳамаи мо ба дидани шумо омадем. Агар Қиёмуддин ба Душанбе омадани шуморо ба Сарвари ҳамкурсамон нагӯяд, мо бехабар мемондем, – гуфт шикоятомез Санамбӣ.
Ҳувайдо буд, ки онҳо низ моро сахт пазмон шудаанд. Охир, мо мисли хоҳарону бародарон дар як курс панҷ сол хондем, дар пахтазорон моҳҳои дароз пахта чидем! 
Дар атрофи мизи калон нишастем, аз таҳти дил суҳбатҳо кардем. Гуфтему шунидем, хандидем ва гоҳ чеҳраҳо ҷиддӣ шуданд. Дар ин муддат Саида, Сарвар ва Барно хонаи Худоро зиёрат карда баргаштаанд. Ба ёд овардем, ки дар муддати чиҳил сол даҳ нафар ҳамкурсонамон қазо кардаанд. Аз онҳо низ ёдоварӣ кардем.
– Медонед, таҷлили ҷашни чилсолагии хатми донишгоҳ охири моҳи июл баргузор хоҳад шуд. Албатта, ҳамкурсони зиёдамон гирди ҳам хоҳанд омад, – гуфт Қиёмуддин Сатторӣ.
Ҳудудан беш аз як соат суҳбатамон аз ину он идома кард. Аз ҳаёту зиндагӣ, маишату муваффақиятҳои ҳамдигар огоҳ шудем. Баъди шунидани сурудҳои дилангез ва рақсу бозӣ вақти хестан расид. 
Баъд ҳамроҳ чанд акс гирифтем ва бо умеди он ки боз дида ба дидор хоҳад расид, хайрухуш намудем.  

Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик».
ДУШАНБЕ – ХУҶАНД – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: