ШОИРОН ВАСЛГАРИ ДИЛҲОАНД

Рӯйдоди фарҳангӣ

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Зиёданд шуарою фузалои тоҷик, ки зинда ва ҷовид мондаанд. Зиёд некӯкорӣ кардаанд онҳо. Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Низомӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомӣ ва садҳо нафарони дигар натанҳо ба ташаккули фарҳангу маънавияти мардуми Осиё, балки ба такомули рушди фарҳангу маърифати халқҳои Аврупою Амрико таъсири мондагоре доштаанд. Ашъори ҷовидонаи Ҳуте ва Есенин, дар пештоқи яке аз биноҳои СММ сабт гардидани байтҳои машҳури Саъдӣ:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,   
Дигар узвҳоро намонад қарор,

далели фикрҳои фавқ мебошанд.
Дар сафи ин нобиғаҳои бо маърифати худ оламгир мақому мавқеи муносиб дарёфтан на ба ҳама даст медиҳад. Боиси хушнудист, ки ба чанд нафар адибони муосири тоҷик ин мақом даст додааст. Яке аз онҳо Лоиқ Шералӣ мебошад, ки ба наздикӣ мардуми тоҷик 77-солагии ӯро бо тантана ҷашн гирифт.
Саҳнаи мактаби 49-уми деҳаи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ идона оро ёфта буд. Пешгоҳи саҳнаро сурати рангаи Лоиқ ҳусн мебахшид. Шоир бо чеҳраи кушоду болида гӯё меҳмононро хайра мақдам мегуфт. Дар ин маҳфил хонандагон меҳмононро бо гулдастаҳои тару тоза истиқбол намуданд. Шоири шинохта Паймон аз шаҳри азими Тошканд, шоир ва олимони машҳур аз шаҳри бостонии Самарқанд, аз вилоятҳои Сирдарёву Диззак ва намояндагони мактабҳои тоҷикии ноҳияи Нурато ҳозиру нозир буданд.
Маҳфилро бо суханони муқаддимавӣ раиси кумитаи падару модарони мактаб, омӯзгори собиқ Ҷаббор Ҷабборов ҳусни оғоз бахшид.
Хонандагони мактаб дар бораи шарҳи ҳол ва осори Лоиқ маълумот доданд, аз ашъори ӯ намунаҳо қироат карданд.
Дар маҳфил суханронии шоири самарқандӣ Салим Кенҷа хотирмон буд. Ӯ аз ҳамкориҳояш бо Лоиқ нақлҳои аҷиб кард ва «Ману Лоиқ» ном шеърашро қироат намуд. Шоири 82-сола дар маҳфил чунон рақсид, ки ин ҳозиринро бетараф нагузошт. Дигарон ба ӯ пайвастанд.
Дар маҳфил  профессор Аслиддин Қамарзода, забоншинос Амина Шарофиддинова, шоирон Нормурод Каримзода, Паймон, Пайғом, ҳаҷвнигори моҳир Бахтиёри Ҷумъа аз хотироти худ оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии Лоиқ нақлҳои ғароиб баён доштанд. Маҷмӯаҳои назмию насрии худ ва шоиру нависандагони дигарро ба китобхонаи мактаб ҳадя намуданд.
Базми шеъру суруд дер идома ёфт. Нафаре аз атрофи маҳфил дур намешуд. Бо як дилбастагӣ ҳама мафтуни шеър буданд.
– Имрӯз ман қувва ва ҷозибаи шеърро бори дигар дарк намудам, – гуфт директори мактаби рақами 43 Нурулло Мехлиев. – Он қувваест, ки одамонро муттаҳид мекунад ва ба пешрафти ҷомеа кӯмак мерасонад.
Дар маҳфил суханронии як нафар кӯдаки 5-сола боиси таваҷҷӯҳ буд. Ӯ аз ашъори Лоиқ ду байтро қироат намуда, пасон:
– Хуш омадед, ба зодгоҳи Лоиқ — деҳаи Синтоб!, – гуфт. Аксар бо чапакзанӣ суханони кӯдакро пазироӣ намуданд.
– Оре, ӯ саҳв карда буд, вале на саҳви мантиқӣ. Кӯдаки кӯдакистону мактабнадида, аз он базми шеъру суруд ба ваҷд омад, аз ёддоштҳои меҳмонон доир ба ҳаёт ва фаъолияти Лоиқ баҳра бурд ва гумон дошт, ки Синтоб зодгоҳи Лоиқ аст.
Алҳол воқеан Лоиқ чун як шоҳсутуни адабиёти тоҷик «узви ҳар як хонадони тоҷикон гардидааст» ва дар қалби ҳар як хонанда ошён дорад. Дар дилу дидаи мухлисон ҷой гирифтааст. То тоҷике ҳаст, ӯ зинда хоҳад буд. 
Базми шеърро сарояндаи хушовози кӯҳистони Нурато Дилмурод Қӯзиев боз ҳам рангину ҷаззобтар сохт. Ӯ чандин таронаро бар ашъори Лоиқ суруд ва хотири ҳозиринро болида дошт.
Дар охир ба ҷамоаи омӯзгорони мактаби 49 бо роҳбарии сарвари маърифатгоҳ Боймаҳмад Ниёзов, ба устодони собиқи мактаб Ҷаббор Ҷабборов, Чиннигул Пирназарова ва мӯйсафеди нуронии деҳа, дӯстдори шеъру адаб Бобо Зарифуллоев изҳори миннатдорӣ менамоем, ки чунин як базми хотирмонро бахшида ба 77-умин солгарди устод Лоиқ Шералӣ ташкил доданд ва аз меҳмонони маҳфил пазироии хуш карданд.  

Ӯ. РАҲМОНОВ,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: