ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ СОҲИБИ ҶОИЗАҲО ШУДАНД

ОЗМУН

Варзишгоҳи   Донишгоҳи давлатии Фарғона чаҳор рӯз намои идона ба худ гирифта буд. Дар ин ҷо марҳилаи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни  ин озмун аз рӯи чаҳор номинатсия – «Беҳтарин корманди қатории  шӯъбаи посбонӣ», « Беҳтарини сардори пункти техникии посбонӣ», «Беҳтарин фармондеҳи  отряди посбонӣ» ва «Беҳтарин командаи  посбонӣ»  байни ҳам сабқат намуданд.
Рӯзи аввали озмуни мазкур гимни Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод ва ҳама  даст болои сина гузошта, суруди миллиро зам-зама карданд. Дар фазои оҳанги марши оркестри низомии нафасӣ чанд гурӯҳ афсарону сарбозони Нерӯҳои Мусаллаҳ бовиқор қадамзанон аз назди афсарони баландрутба ва тамошобинон гузаштанд. Аз паси онҳо иштирокчиёни озмун марши онҳоро такрор карданд. 
Баъд гурӯҳҳои вижаи мобилии Вазорати корҳои дохилаи кишвар маҳорату малакаи ҷангиашонро  бо устокорӣ ва чолокӣ, дар савияи баланд барои тамошобинон намоиш доданд ва боиси кафкӯбиҳо гардиданд. Ногуфта намонад, ки иштирокчиёни озмуни ниҳоӣ аз шаҳри Тошканд ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳамчунин аз дувоздаҳ вилояти кишвар дар шаҳри Фарғона гирдиҳам омада буданд.
Онҳо марҳила  ба марҳила ба давраи ниҳоии озмун наздик шуданд. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш кард, ки шартҳои ба пеши вай гузошташударо бекаму кост ва бо маҳорати баланд иҷро кунад.
– Аслан роҳандозии ин озмунҳо маҳорату малакаи кормандони бахши посбонии ниҳоди моро хеле обутоб медиҳад ва мӯъҷиби он мегардад, ки  онҳо дар ҳар гуна шароиту вазъият аз ӯҳдаи иҷрои вазифаашон бо сарбаландӣ баромада тавонанд. Аз ҳама муҳимаш, дар кормандонамон ҳисси масъулиятшиносӣ бештар мегардад, ки бе он мо наметавонем вазифаҳои муқаддаси дар пеш гузоштаи Президенти мамлакат ва роҳбарони худро иҷро кунем, – изҳор намуд муовини сардори Саруправленияи посбонии ВКД Мирзоимон Мирзораҳмедов.
Дар шароите, ки кору зиндагӣ мекунем, ҳар як афсару сержант ва корманди қатории ниҳоди мазкур бояд ба ҳар гуна ҳолатҳову вазъиятҳои изтирорӣ омода бошад.
 Ҳамин буд, ки  чаҳор рӯз кормандони шуъбаҳои посбонӣ ба аъзои ҳакамон дар  давидан ба масофаи сад метр, дар турник кашидан, ҷанги тан ба тан, ҳамчунин машқҳои интелектуалӣ маҳорати худро  намоиш доданд. Гузашта аз ин, мусобиқаи титу пош кардан ва аз нав чидани қисмҳои силоҳи оташфишонӣ  низ хеле пуршавқу шӯр сурат гирифт.
– Баъди мушоҳидаҳои бевоситаи маҳорату малакаи кормандони милиса, ки дар варзишгоҳи донишгоҳамон  баргузор шуд,  қарор кардам, ки  аввал дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунам ва баъд ба сафи кормандони ин ниҳод пайвандам. Ин қарорам қатъист, албатта. Кӯшиш мекунам, ки вақтам беҳуда нагузарад ва худро обутоб диҳам, – мегӯяд бо шавқу ҳавас бошандаи ҷавони шаҳри Фарғона Шерзод Маҳмудов.
Маросими натиҷагирӣ ва супурдани мукофотҳо дар Қасри санъати ба номи Ислом Каримов баргузор гардид. Сардори Саруправленияи посбонии ВКД, полковник Тоҳириддин Наҷимов ғолибонро самимона табрик намуд ва дар иҷрои вазифаҳои оянда барояшон муваффақиятҳо таманно кард.
Аз рӯи номинатсияи «Командири аз ҳама беҳтарини отряд» ҷойи аввалро  Ҷамшед Ёдгоров (Фарғона) ишғол кард. Ҷойи дуюм насиби Толибҷон Муҳиддинов (Тошканд) ва ҷойи сеюм насиби Ҷасурбек Абдуллоев (Андиҷон) шуд.  Беҳзод Тӯхтамуродов (Тошканд), Ваҳҳобҷон Назаров (Бухоро) ва Зӯҳриддин Расулбердиев (Тошканд) аз рӯи номинатсияи «Сардори аз ҳама беҳтарини пункти техникии посбонӣ» се ҷойи аввалро боҳам диданд. 
Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин корманди қатории посбонӣ» ҷойи якумро намояндаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Фарид Ҷумъабоев, ҷойи дуюмро Охун Хайруллоеви намангонӣ ва ҷойи сеюмро Шаҳобиддин Абдурасулови қашқадарёӣ соҳиб шуданд.
Дар мусобиқа аз рӯи номинатсияи «Командаи аз ҳама беҳтарини посбонӣ» се ҷойи ифтихориро намояндагони Тошканд, Хоразм ва Самарқанд ба даст дароварданд. Ба ғолибони озмун дипломҳо ва мукофотҳои қиматбаҳо супурда шуд. Озмуни ҷумҳуриявии ходимони милиса бо консерти дастаҳои гуногуни ҳунарӣ ба охир расид.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии
Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: