ҲАМКОРИҲО ВУСЪАТ МЕЁБАНД

Забон донӣ – ҷаҳон донӣ

Ӯзбекистон бо кишварҳои хориҷӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ҳамкорӣ мекунад. Бахусус, солҳои охир ин ҳамкориҳо вусъат меёбанд. Дар пойгоҳи коллеҷи нақлиёт ва алоқаи шаҳри Ҷиззах маркази таълимӣ ва фарҳангӣ бо номи «Inul Studi», ки ба омӯзондани забонҳои хориҷӣ ихтисосонида шудааст, ба кор оғоз кард.
Омӯзгори забони фаронсавӣ Тамара Ковилова ба сафоратхонаи Фаронса барои кӯмак ба кушодани марказ изҳори ташаккур намуд. Директори коллеҷ Олим Қазоқов ба ҳозирин ҳайати меҳмонони хориҷӣ ва барномаи онҳоро, ки барои дар муассисаҳои таълимии ҷумҳуриамон татбиқ намудан тарҳрезӣ кардаанд, шинос намуд. 
Сипас дар толори бинои Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах таҳти унвони «Нақши технологияҳои инноватсионӣ зимни омӯхтани забонҳои хориҷӣ» семинари илмиву амалӣ баргузор гардид. Дар ин семинар аз боби ҳамкориҳои минбаъда дар ҷодаи туризм, таълиму фарҳанг сухан рафт. Қарор шуд, ки ҳамкории ин муассисаи таълимӣ бо Донишгоҳи Бордо-Монтели Фаронса ба роҳ монда мешавад.

А. НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: