КОРШИНОСОНИ ХОРИҶӢ ХУЛОСАҲОИ ХУДРО ПЕШНИҲОД КАРДАНД

19-23 майи соли равон ба мақсади бо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, шинос шудан, мубодилаи афкор бино бар сиёсати нави минтақавӣ ва баррасии пешомадҳои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба ҳайати Гурӯҳи кории Шӯрои Иттиҳоди Аврупо оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба кишвари мо омад.

19-23 майи соли равон ба мақсади бо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, шинос шудан, мубодилаи афкор бино бар сиёсати нави минтақавӣ ва баррасии пешомадҳои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба ҳайати Гурӯҳи кории Шӯрои Иттиҳоди Аврупо оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба кишвари мо омад.
Мулоқоти аъзои ҳайат бо муовини аввали Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Сафоев баргузор шуд.
Ҳангоми суҳбат ба меҳмонон дар бораи аҳамияту моҳияти ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки аз дастурҳои асосии Барномаи давлатӣ бино бар татбиқ намудани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо бармеоянд, маълумоти муфассал дода шуд.
Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони асосии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Замони кунунӣ инкишоф додан ва ҳамаҷониба мустаҳкам кардани ин робитаҳоро тақозо менамояд. Сафари коршиносони Гурӯҳи корӣ барои вусъат додани ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ бо Иттиҳоди Аврупо, рушди иқтисодиёти давлатҳои минтақа, минбаъд фаъолтар кардани робитаҳо дар соҳаҳои таълим, хоҷагии қишлоқ ва ҷанбаҳои дигар аҳамияти бузург дорад.
Дар вохӯрӣ аъзои ҳайат таассуроти худро, ки ҳангоми сафар бардоштаанд, баҳам диданд, хулосаҳояшонро изҳор доштанд. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва пешомади вусъат додани ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисодӣ, сармоявӣ, ҳамчунин бобати минбаъд демократикунонии мамлакат ва ҷамъият дар бахши таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон баррасӣ карданд.
Ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба тағйироти муттасил ва дигаргуниҳое, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуқӯъ меоянд, ҳамчунин ислоҳоте, ки ба беҳсозии некӯҳолии аҳолӣ ва мустаҳкам кардани обрӯи байналхалқии мамлакат нигаронда шудаанд, баҳои баланд дод.
– Мо имкон доштем бо ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, бевосита шинос шавем, онҳоро, аз ҷумла дар сатҳи минтақа таҳлил кунем, – гуфт роҳбари Гурӯҳи кории Шӯрои Иттиҳоди Аврупо оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хонум Ютта Эдтхофер. – Мо тағйиротеро, ки дар мамлакати шумо амалӣ мешавад, дастгирӣ мекунем. Муътақидем, ки сафари ҳолоина ба мустаҳкам шудани ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки нафақат барои мамлакати шумо, балки барои кулли давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳим мебошад, хидмат мекунад.
Ҷонибҳо ҳамчунин бино бар баъзе масъалаҳои рӯзмарраи сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо ҳар ду ҷониб рағбат доранд, мубодилаи афкор карданд.
– Ман ба Ӯзбекистон бори аввал омадаам, – гуфт Регина Паланди-Паҷу (Эстония). – Мо аз Самарқанд ва Бухоро боздид ба амал овардем. Кишвари зебои шумо, шаҳрҳои таърихӣ дар дилҳои мо таассуроти бузург гузоштанд. Дар як қатор вазорату идораҳо гуфтушунид кардем. Боварӣ ҳосил намудем, ки Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар самти сайёҳӣ имкониятҳои азим дорад.
Ҳайат ҳамчунин аз вазоратҳои иқтисодиёт, савдои хориҷӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба сайёҳӣ, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздид ба амал овард ва самтҳои бартариноки фаъол сохтани ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупоро муҳокима кард.

Гӯзал САТТОРОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: