ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР КИШОВАРЗӢ

Ҳар боре, ки Президент Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо корҳои созандагӣ, рафти ислоҳот, лоиҳаҳои бузурге, ки дар маҳалҳо татбиқ мегарданд, инчунин мулоқот оростан бо халқ ба вилоятҳо ташриф меорад, дар маҳалҳо корҳои васеъмиқёс амалӣ гардида, корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Дар мамлакатамон ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзие, ки барои содирот пешбинӣ шудааст, аз ҷумла меваву сабзавот эътибори алоҳида дода мешавад. Дар ин бобат лоиҳаҳои нав татбиқ  мешаванд.
Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди устувори меваву сабзавот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 29 марти соли ҷорӣ, бино бар васеъ гардондани ҳаҷми истеҳсоли меваву сабзавоти ба содирот нигаронидашуда ва умуман рушди соҳа ҳамчун дастурамали муҳим хидмат мекунад.
  Сарвари давлат 2-3 майи соли ҷорӣ ба вилояти Намангон ташриф оварда, бори аввал бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Барака мева саноат сервис»-и ноҳияи Чуст шинос шуда, доир ба  азнавкоркарди маҳсулот   вазифа гузошт.
Чанде пеш, барои аз наздик шиносоӣ пайдо кардан роҳи корхонаро пеш гирифтем. Корхона бо усули гармхона ташкил гардида, дар он ҷо кӯчатҳои помидор, чормағз, қаламчаҳои каврак ба чашм мерасад. Инчунин тухми картошка бо усули ҳозиразамони аэропоника рӯёнида мешавад, ки ин дар Осиёи Марказӣ ягона ҳисоб меёбад.
Ин навгонии барои рӯёнидани тухми картошка пешбинишуда бо саъю кӯшиши муҳаққиқи ҷавон Шерзод Тошпӯлодов ба роҳ монда шудааст. Аз ин навгонӣ ҳатто олимони шинохта низ дар ҳайратанд. Дар ин ҷо се ҳазорто тухми картошка берун аз хок бо усули ноанъанавӣ баравҷ мерӯяд. Барои рӯшанӣ даровардан оиди афзалияти парвариши тухми картошка бо ин усул бо Шерзодҷон Тошпӯлодов суҳбат оростем.
– Афзалияти усули мазкур аз ин иборат аст, ки тугунакҳо дар давоми сол паи ҳам калон шуда меравад. Агар дар як бехи картошка 5-6 дона ҳосили тухмӣ рӯёнида бошад, дар ин усул аз 60 то 100 донаҳои ҳосил мерӯяд. Тугунакҳои майда низ беталаф рӯз то рӯз калон шуда меравад.
Моҳи августи соли ҷорӣ боз дар як гектар гармхона, бо усули аэропоника коштани тухми картошкаро ба нақша гирифтем. То соли 2021 24500 тонна тухми навъи элитаи картошка ба истеҳсол бароварда, ба ҳамаи хоҷагиҳои фермерии вилоят, ки бо истеҳсоли тухми картошка машғуланд, пешниҳод карда мешавад ва ба 7 ҳазор гектар қитъаҳо коштан пешбинӣ шудааст. Ин аз тухми картошкаи аз хориҷ оварда 34 фоиз арзон мебошад.
Ҳоло  аз навъи «Аламина» ном помидори аз Ҳӯланд овардашуда 150 тонна ҳосил гирифтем. Аз рӯйи шартнома  помидорро ба Русия мебарорем.
Дар гармхонаи навбатӣ 30-35 сантиметр қаламчаҳои чормағз мерӯяд, барои пайвандкунӣ омодагӣ дида мешавад. Чуноне ки Шерзодбек таъкид кард, аз 1 тонна тухми чормағз  чил ҳазор дона ниҳоли  чормағз мерӯяд. Моҳи августи соли ҷорӣ ва моҳи марти соли оянда мавсими корҳои пайвандкунӣ ба роҳ монда мешаванд. Инчунин шинондани қариб панҷоҳ ҳазор бех «Чандлер» ном навъи кӯчати чормағзи аз Туркия овардашуда, дар 160 гектар замини мавзеи Қарақӯрғон ба нақша гирифта шудааст.
Гармхонаи навбатие, ки дар он растании каврак мерӯйид, эътиборамонро ҷалб кард. Дар ин ҷо аз моҳи феврали соли ҷорӣ 300 дона растании сабзидаи ёбоиро дар шароити гармхона мерӯёнанд. Қобили қайд аст, ки аз ҳар як кӯчати растании каврак то 100 қаламча мерӯяд. Моҳи августи соли ҷорӣ ба 30 гектар майдон ҳамчун таҷриба шинондан ба нақша гирифта шудааст. 
Имрӯзҳо дар корхона 32 нафар меҳнат мекунанд. Инчунин рӯзҳои тобистон шумораи кормандони мавсимии корхона ба 800 нафар мерасад.
Мувофиқи пешниҳоди роҳбари давлатамон, аз ҳудуди маҳаллаи Садачаи шаҳри Чуст барои сохтмони завод як гектар замин ҷудо карда шуда, ҳоло ба сохтмон тайёрӣ дида мешавад. Пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани он, қадоқкунии маҳсулот низ дар Чуст ба роҳ монда мешавад. Дар натиҷа, дар ин ҷо маҳсулоти тайёри қадоқгардида ба содирот бароварда мешавад.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: