ҶАШНВОРАИ РАҚСҲОИ ДУНЁ — ОМИЛИ ДӮСТИИ БАЙНИ МИЛЛАТҲО

Дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 64-уми ноҳияи Чусти вилояти Намангон фарзандони миллатҳои гуногун таълиму тарбия мегиранд.

 Дар ин ҷо барои дар дили хонандагон зиёд кардани меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, афзудани эҳсоси дӯстиву бародарӣ озмуну азназаргузаронӣ ва тадбирҳои гуногун баргузор мегарданд.
Ба қарибӣ дар Қасри маданияти ноҳия бо ташаббуси шуъбаи ноҳиявии Маркази маънавият ва маърифати чумҳурӣ таҳти шиори «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» ҷашнвораи рақс ба амал омад. Омӯзгори фанни информатика Наргиза Валихонова пеш аз он пойтахт ва шаҳрҳои таърихӣ, шумораи аҳолӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, парчам ва гербҳои мамлакатҳои дунёро, ба воситаи слайдҳо нишон дод. 
Хонандагони мактаб дар бар бо либосҳои миллии халқҳои гуногун рақсҳои тоҷикӣ, испанӣ, итолиёӣ, туркӣ, куриёӣ, туркманӣ, гурҷӣ, украинӣ ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро карданд. Аз ҷумла рақси «Андиҷон полкаси» аз ҷониби хонандагони синфи 9-ум бо шукӯҳу назокати ҷаззоб иҷро гардид.
Ҷашнвораи рақс ба омӯзиши расму ойин, маданият, санъат, анъанаҳои деринаи миллатҳои гуногуне, ки дар кишварамон аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд, инчунин ба боз ҳам мустаҳкам шудани дӯстии миллатҳои гуногун хидмат мекунад.

М. АНВАР, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: