ИМКОНИЯТҲОИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Ба туфайли ғамхорию дастгирии ҳукумат эътибор ба замини наздиҳавлигӣ ва истифодабарии оқилонаи он афзуд.

Аксари аҳолӣ дарк намуд, ки таъминот бо маҳсулоти озуқаворӣ аз бисёр ҷиҳат сермаҳсул истифода бурдан аз хоҷагии наздиҳавлигӣ вобаста мебошад. Дар ноҳияи Сӯх, ки замини корам кам аст, ба ривоҷи ин соҳа дар ҳар як оила эътибор дода мешавад. Дар ноҳияҳои ҳамсоя, масалан, дар Олтиариқу Риштону Бағдод соҳибкорони наздиҳавлигӣ соле то се маротиба ҳосил мерӯёнанд. Баҳорон ба ҷои бодиринг, ҷуворимакка, картошка, турбу шалғам мекоранд. Дар натиҷа фоидаи калон ба даст оварда, туфайли ҳамин меҳнати ҳалол ризқу рӯзии хонадони худро таъмин менамоянд. 
Дар ноҳияи мо то айни ҳол дар масъалаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ фориғболӣ ба назар мерасид. Мардум ба ҳосили чанд бех зардолуву себу гелос нигарон шуда менишастанд. Сабзӣ, пиёз, бодиринг, карам, қаламфур, помидор, картошка барин маҳсулоти зарурии рӯзгорро аз бозорҳои  Фарғона харида меоваранд, ки сифати онҳо дар роҳи дури байни Сӯху Фарғона коҳида, ҳатто ба истеъмол корношоям мешавад.
Ҳоло ба туфайли корҳои тарғиботию ташвиқотии деҳқонони кордида, роҳбарони маҳалҳову ҳокимият мардум дарк карданд, ки дар худи заминҳои наздиҳавлигии худ ин ҳамаро рӯёнанд, меҳнат карда аз имкониятҳои хоҷагии оилавӣ пурсамар истифода баранд.
Вақте ки сухан аз ин боб рафт, яке аз деҳқонони номӣ Нурмуҳаммад Қаҳҳоров гуфт, ки нисбат ба заминҳои иҷоравӣ мардум аз хоҷагии оилавии худ фоидаи калон ба даст меоранд.
– Ман ҳар сол аз қитъаи замини наздиҳавлигии худ, ки ҳамагӣ чаҳор сотих аст, барои рӯзгори худ ва ҳатто фурӯш ҳосили фаровони полиз мерӯёнам, – мегӯяд вай ҳини суҳбат. – Инчунин барои иҷора замин гирифта, дар он сабзӣ, пиёз, картошка мекорам. Туфайли ин ҳам оилаамро, ҳам ҳаммаҳаллаҳоямро бо маҳсулоти зарурии рӯзгор таъмин менамоям.
Ҳаминро ҳам бояд таъкид кард, ки ба соҳиби замини наздиҳавлигӣ касе фармон ва ё супориш намедиҳад. Вай кай кишт кардан, кай ба амал баровардани коркарди агротехникӣ, обу ғизодиҳии деҳқонии худро танҳо худаш ҳал мекунад. Ба маҷлисбозиҳою иҷрокунии фармонҳои ташкилотҳои болоӣ сарукор надорад. Тамоми вақти худро сарфи деҳқонӣ карда, аз ҳама муҳимаш ба маҳсулоти рӯёнидааш худаш нарх мемонад ва озод мефурӯшад. Билохира, тамоми фоида ба буҷаи оилавӣ мемонад.
Модоме ки мо аз маркази вилоят фарсахҳо дур ҳастем, ғами худро худамон бояд хӯрем. Аз заминҳои наздиҳавлигии худ оқилона ва самаранок истифода барем ва ҳамин тариқ дастурхони оилавиамонро пурфайз гардонем.

Раҳимбердӣ ТОШМАТОВ,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: