МАШҚҲОИ МАХСУСИ ТАКТИКӢ

Ходимони садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах ва Навоӣ оид ба наҷот додани аҳолӣ ҳангоми обхезӣ, заминҷунбӣ, сӯхтор ва ғайра дар ҳудуди вилояти Ҷиззах машқҳои махсуси тактикӣ гузаронданд.

Дар қисми назарии ин машқҳои муштарак ба таври онлайн ба шаҳрвандон роҳҳои ҳифз намудани худро зимни ҳодисаҳои нохуш фаҳмониданд.
Ин ҳамкориҳо аз як тараф барои афзудани маҳорату малакаи ходимон оварда расонад, аз сӯи дигар одамон фаҳмиш ва дониш ҳосил мекунанд, – гуфт мудири шуъбаи садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилояти Ҷиззах Анвар Абдуллоев. – Ҳаёт ҳамеша аз тасодуф иборат аст, аз ин рӯ мардум ҳам бояд ба ин омода бошанд.
– Дар мактаби мо ходимон ба таври амалӣ нишон доданд, ки дар вақти заминҷунбӣ шахси дар зери вайронаҳо мондаро чӣ хел наҷот додан лозим аст, – гуфт директори мактаби рақами якуми шаҳри Гагарин Азиз Додоев. – Аёният дар тасаввури бачаҳо бештар нақш хоҳад баст.
Ин гуна машқҳо дар кӯчаи «Ӯзбекистон»-и шаҳр, ки корҳои сохтмон ҷараён дорад, низ ба амал омад. Дар он ҷо ҳам дар вақти ҳодисаҳои нохуш халос кардани одами ба фалокат дучоргардида ва расондани аввалин ёрии тиббиро намоиш доданд.
Дар истгоҳи роҳи оҳани Ҷиззах ҳодисаҳои вобаста ба сӯхтор ва хомӯш кардани онро тавассути машқҳои амалӣ нишон доданд.

Анорбой НАЗАРОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: