«ШУМО БАРОДАРАМ ҲАСТЕД, БАРОДАРАМ!»

Дар яке аз рӯзҳои сафарамон ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» рафтам.

Мехостам бо сардабир ва кормандони он аз наздик шинос шавам. Ба озмуни он як мақола низ ирсол карда будам, ки ба 110-солагии гиромидошти Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Ин мақола аз мулоқоти мо, як гурӯҳ донишҷӯёни солҳои ҳафтодум бо Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар коргоҳаш ба вуқӯъ пайвастааст. 
Дар ин идора ғайр аз Бузургмеҳри Баҳодур касеро намешинохтам. Дари утоқи шуъбаи фарҳангро, ки андаке нимроғ буд, бо нӯги ангушт тақ-тақ задам. Аз дарун садои «Марҳамат, дароед!» шунида шуд.
– О, устод, марҳабо! Биёед, биёед,– Бузургмеҳр маро дида ҷаста аз ҷояш хест ва гарму ҷӯшон истиқболам гирифт. Самимона ҳарду вохӯрӣ кардем.
– Шунидам, ки дар Душанбе ҳастед, зеро «Хайр Тошканд, салом Душанбе»-атонро хондам, – гуфт хандида Бузургмеҳр. – Медонистам, ки албатта ба идораи мо ҳам саре хоҳед зад, – илова кард ӯ.
Мо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дӯстони маҷозӣ ҳастем. Маводашро мехонам ва гоҳо дар бораи навиштаҳояш шарҳҳо менависам. Аммо ягон бор ӯро пеш надида будам.
– Мехостам худам шуморо пайдо кунам, устод, – гуфт боз бо ҳамон одоби ҳамида Бузургмеҳр. – Аммо омадани шумо нур болои нур шуд. Мақолаатон дар ҳамин шумора интишор меёбад. Ман бароятон чанд нусха тақдим хоҳам кард, – илова намуд ӯ бо ҳамон зарофат.
– Муҳим нест, ки мақола кай мебарояд. Ман омадам, ки як бор шумову ҳамкорони шуморо бубинам.
– Ба шумо ҳоло як нусха аз шуморае медиҳам, ки дар он мақолаи муовини сардабири «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов ба табъ расидааст, – гуфт Бузургмеҳр ва аз байни дастаи рӯзномаҳо ҳамон шумораро ёфта ба дастам дод. – Инро бурда ба Тоҷибойака диҳед, хурсанд мешаванд, – афзуд ӯ.
– Мақолаву гузоришҳоро ба озмуне, ки шумо низ ширкат доред, хеле зиёд гирифтем ва мунтазам нашр мекунем. 
Вай боз тазаккур дод, ки баъди сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду мамлакати ҳамҷавор комилан беҳтар шуданд. 
Бо як даста рӯзнома ба меҳмонхона бармегаштам. Роҳравон ба Марямбону занг задам. Духтараш Маҳпора гӯширо бардошт. Вақте ки худро муаррифӣ кардам, пурсид:
– Тағо, чаро шумо ба хонаи мо намеоед? Модарам ҳар рӯз чашм ба роҳатон карда шиштаанд. Акнун набиёед ҳам, майлаш. Модарам гуфтанд...
 Аз ин гуфтаҳои Маҳпора  хун дар рагҳоям шах шудагӣ барин шуд ва дарк намудам, ки ҳамин ҳозир хеста наравам, дер мешавад!
– Ҳамин ҳозир меоям, – гуфтаму аз Маҳпора нишонии дақиқи ҳавлиашонро пурсидам ва ба меҳмонхона омада, ба Имомаливу Зайниддин амр кардам:
– Бародарон, хезед, ба назди як ҳамдиёрам меравем.
Далел ин буд, ки  чаҳор рӯз боз дар Душанбе истода, натавонистам, ки  ба аёдати Марямбону равам.
Ба назди дарвозаи ҳавлии ӯ расида будем, ки аз дарун як духтарча баромад.
– Дар хона кӣ ҳаст? – пурсидам аз вай.
– Шумо аз Сӯх омадед? – ҳайратамро бедор кард духтарча.
– Ҳа, аз Сӯх омадам.
– Дар хона бибиам,– гуфту духтарча дубора ба ҳавлӣ даромада рафт.
Даричаи дарвоза боз буд. Имомалӣ ва Зайниддин дуртар аз назди дарвоза бозии як гурӯҳ кӯдаконро тамошо мекарданд. Аз он нигарон будам, ки Марямбону аз ман қаҳр кардааст ва ба пешвозам нахоҳад баромад.
Якбора дидам, ки Марямбону рақскунон сӯи дарвоза меояд. Дилам дарҳол таскин ёфт ва ман қадамзанон ба истиқболаш шитофтам. Ҳарду ҳамдигарро ба канор кашидем. Вай чунон хурсанду хушбахт буд...
– Худова шукр, хонаи моро ҳам меёфтед! Чор рӯз боз чашмонам сӯи дарвоза чор шуда рафт, ки ана мебиёед, мана мебиёед-а. Маҳпораи духтарам бароятон гуфтагист? Қаҳр кардам сахт. Аммо бо пою қадаматон ҳамаро аз байн бардоштед. Шумо бародарам ҳастед, бародарам,–  гуфт Марямбону ва хост маро ба ҳавлӣ раҳнамоӣ кунад.
Гуфтам, ки ман танҳо не, ду ҳамроҳам низ пушти дарвоза истодаанд.
– Вай ман мурам, даррав унҳоя ин ҷо дароред. Ман ҷой дуруст мекунаму чой мемонам,– гуфт ӯ ва ҳадаҳа ба дарун даромада рафт.
Зайниддину Имомалӣ ин ҳамаро набинанд ҳам, овозамонро шунидаанд. Онҳо баъд дарк намуданд, ки ин омаданашон чӣ қадар арзишманд аст. Ҳардуро ба даруни ҳавлӣ манзарат кардам.
 Сонӣ ҷуръат карда ба Марямбону гуфтам, ки бемалол омаданӣ будам, вале  фурсат нашуд.
– Фурсат нагӯед. Дар ким-куҷоҳо хуфту хез карда гаштед. Ин ҷо ҳамин қадар хонаҳои холиро монда. Ҳамин ҳам инсоф шуд? – ин дафъа дар гуфтораш аз қаҳр дида бештар навозиш ҳувайдо буд ва ҳамроҳонамро хайра мақдам гуфт. 
Болои кати рӯи ҳавлӣ нишастем. Марямбону аз хурсандӣ худро гум карда буд. 
– Фурсате ором шинед, азизам. Мо барои дидани шумо омадем,– гуфтам ва хостам, ки вайро аз такопӯҳои дигар боздорам.
– Аҷаб гап мезанед-а, бародарҷонам. Ҳар чӣ дорам, мебарорам. Афсӯс, ки духтарҳо дар кор, – гуфт ӯ каме худро ба даст гирифта.
 – Инҳо ҳамкурсони собиқам – Зайниддин ва Имомалӣ. Яке аз Тошканду дигаре аз Ангрен, – шинос кардам ба Марямбону оҳиста.
Аз шабакаҳои иҷтимоӣ медонам, ки Марямбонуи ҳамдиёрам ба чӣ муваффақиятҳо ноил гаштааст. Дарвоқеъ, вақти директориам дар мактаби деҳаамон дар рӯнамоии китоби аввалини ӯ – «Афсонаи тамаддун» андак саҳм гузоштаам.
– Аз китобҳое, ки ба Сӯх фиристодаед, ҳанӯз ягонтояш ба ман нарасидааст, – гуфтам якбора. 
 Ӯ хеста боз ба хона даромад. Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамроҳонам гуфтам, ки Марямбону то кунун китобҳои «Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Риштон», «Хуморшикан», «Чаҳор қисса», «Шаҳболи хаёл», «Таманно» ва маҷмӯаҳои шеърии  «Исои ман шав», «Нури ахтарпораҳо» ва «Табъи гуҳаррез»-аш  интишор ёфтаанд. Марямбону соҳиби Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак, ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон –  «Нишони сурх» ва ба номи Садриддин Айнӣ низ ҳаст.
Ӯ бо як даста китоб ба наздамон баргашт. Ба ҳар кадоми он оҳиста соядаст навишт ва ба мо онҳоро тақдим намуд.
Баъди суҳбату дардошноиҳо ҳавлии Марямбонуро тарк кардем. Ӯ ба неву нестонамон нигоҳ накарда, моро то кӯчаи калон гусел кард. 
Вақте ки хайрухуш кардем, аён буд, ки вай худро базӯр нигоҳ медорад. Барои ҳамин каме ба пеш қадам мондаму пас нигаристам: Марямбону аз кисааш рӯймолча баровардаву ашки чашмонашро пок мекард. Дилам барояш сӯхт. Дар ин асно гумон кардам, ки ҳамон обу ҳавоеро, ки бо худ ба канори ӯву манзилаш оварда будам, дубора бо худ мебарам. 
 «Ин бор аз ҳузури худ шуморо дилбазан хоҳам кард» якбора аз дилам чунин фикрҳо гузаштанд.
Ҳамин тавр, сафари шаҳри Душанбе ба охир расид ва рӯзи дигар мо озими Хуҷандшаҳр шудем. Дар ин ҷо вақти говгум моро Бобоҷон Икромов  пазируфт. Бо Бобоҷон ғайр аз он ки ҳамроҳ дар як курс таҳсил кардаем, хешони наздик низ мебошем. Баъд ба мо журналистони хуҷандӣ Неъмат Мирсаидов ва  Илҳоми Ҷамолиён пайвастанд. Баъди суҳбату мулоқотҳои самимӣ субҳи рӯзи дигар аз тариқи марзҳои «Фотеҳобод» ва «Ойбек» ба Тошканд баргаштем.

Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири «Овози тоҷик».
ДУШАНБЕ – ХУҶАНД – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: