ДИЛИ ҲАР СОКИНИ ДИЁР – ХОНАИ ДӮСТ

Дӯстию бародарии халқҳое, ки аз қадим дар Осиёи Марказӣ паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ мекунанд, минҷумла, риштаҳои ҳамраъйии байни халқҳои Ӯзбекистону Туркманистон дар шароити нави таърихӣ мустаҳкам мешаванд.

Нахустин сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Туркманистон  ба вуқӯъ пайваст ва шарикии стратегии байни ин ду мамлакати дӯст  мазмун ва моҳияти тоза касб намуд. Нақшаҳои мустақиме, ки бобати роҳандозии муносибатҳои бисёрҷониба ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн кашида шуданд, дар «Харитаи амалиёт» тарҳи худ ёфта ва тасдиқ шуда, алъон батадриҷ татбиқ мегарданд.
Баъди вохӯриҳои роҳбарони ду давлат Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, ки моҳҳои май ва сентябри соли 2017 ба амал омаданд, корҳо бобати вусъат бахшидани муносибатҳо дар соҳоти гуногун куллан ранги дигар гирифтанд. 23-24 апрели соли  равон бино бар даъвати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба мамлакатамон омадани Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва ба имзо расидани Шартнома дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2018-2020, Барномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Туркманистон оиди рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои минбаъда, аҳдномаҳо бобати бароҳгузории низомҳои коммуникатсионӣ, ҳаракати нақлиёт ва боркашонӣ тавассути истифодаи роҳҳои оҳану автомобилгард, боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои адабию фарҳангӣ байни халқҳоямон, ки умумияти томи таърихию динӣ доранд, дар равнақи муносибатҳое, ки ба бародарию баробарӣ, ҳусни тафоҳум, якдилию меҳру оқибат асос ёфтаанд, саҳифаҳои тоза кушоданд.
Вақте ба саҳифаҳои таърих назар меафканем, қаробат ва дӯстии адабиёти халқҳои минтақа, минҷумла, ҳамҷиҳатии қаламкашони форсию туркии қаламравро идрок менамоем.
Асрҳост, ки туркманҳо Навоию Бобурро дар асл мутолиа мекунанд.
Ашъори шоири шаҳири туркман Махтумқулӣ, ки дилпазир садо медиҳанд, ҳазорон ҳамдиёронамонро, ки дилбастагӣ ба адабиёт доранд, тасхир месозанд. Шоир ва сарлашкари туркман Байрамхон, ки дар доираи адабии Ҳинд мавқеи ба худ хос дошт, ба форсӣ ғазалҳои фаровон дорад.
Имрӯзҳо, хусусан, Махтумқулӣ дар Ӯзбекистон мавриди эътибори алоҳида аст. Яке  аз кӯчаҳои Тошканд Махтумқулӣ номгузорӣ шуда ва тасвири барелефи вай, ки устувор шудааст, эътибори умумро ба худ мекашад. Вақте сухан оиди адабиёт аст, ҳавзаҳои адабие ба хотир мерасанд, ки дар Чорҷӯй ва Марв ташкил ёфта ва дар онҳо нуфузи шеърияти форсӣ бештар эҳсос мегашт. Ин ҷост, ки дар эҷоди баландғояи Махтумқулӣ калимаю ифода, оҳанг ва зарби сухани форсӣ-тоҷикӣ зиёд ба мушоҳида мерасад.
Дар доираи адабии Марв, зимнан, бисёр намояндагони адабиёти мо парвариш ёфта, дар равнақи шеър ва ҳунари Хуросон ва Мовароуннаҳри илму адабпарвар саҳм гирифтаанд. Шоири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ дар мадрасаи форсии Марв таҳсил гирифта буд.
Асное Шавкат Мирзиёев ва Гурбангулӣ Бердимуҳамедов кӯчаи ба номи Махтумқулиро тамошо ва ба пояи ёдгории ӯ гул мегузоштанд, оиди нақши адабиёт дар наздикгардонии халқҳо гуфтушунид ба миён оварданд ва изҳори боварӣ карданд, ки дар қавӣ шудани муносибатҳо дӯстии адабиёти ду халқ низ хидмати муносиб мекунанд.
Дар ноҳияи Яшнободи Тошканд бино бар супориши роҳбари давлати мо соли гузашта барпои боғи нави маданият ва истироҳате оғоз ёфт. Майдони умумии боғи «Ашқобод» 12 гектарро фаро гирифтааст. Боғ алъон мавриди истифодабарист. Дар павилиони асосии пӯшида 26 аттраксион, дар ҳавои кушод бошад, 31 аттраксионҳо васл гардонда шудаанд.
Дар ин ҷо барои истироҳати мадании аҳолӣ кулли имкониятҳо фароҳаманд ва боғ яке аз гӯшаҳои дилкашу назаррабост дар Тошканди сабзу хуррам.
Маросими кушоиши боғ ба яке аз рӯзҳои файзбахши баҳор рост омад ва дар он роҳбарони ду кишвар иштирок намуданд. Дар дил ва чеҳраи мамнуни ҳозирон, дар дақиқаҳое, ки аз муҳаббат ва рафоқати азалии ӯзбекҳо ва туркманҳо ҳарф зада мешуд, мисле баҳори дӯстӣ худнамоӣ мекард.
Яке аз рамзҳои мардонагию ҷасорати туркманҳо аспҳои ахалтекин мебошанд.
Бо дидан кардан аз композитсияи том, ки дар даромадгоҳи боғ воқест, кас гӯё савори ин аспҳо ба сайри боғҳои афсонавӣ мебарояд.
Бо риоя аз меъмории миллии туркманҳо боғи «Ашқобод» ороиш ёфтааст. Ели сабз, санавбари Қрим, булут ва шоҳбулут, сарви Аризона ва дигар дарахтони манзаравӣ ба ҳусни боғ хуррамии дигар зам мекунанд. Гулгашту кӯчабоғҳо хеле назаррабо, амфитеатр диққати касро ба худ мекашад, обҷаҳу фаввораҳо ба рӯҳ сафо мебахшанд.
Дар яке аз маҳаллаҳои туркманнишини ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм дар асоси меъмории анъанавию миллӣ ва замонавӣ Хонаи дӯстии ӯзбеку туркман барпо карда шудааст. Зимнан, хонаи қалби ҳар сокини диёри мо барои дӯст – як хонаи умед ва дари он ҳамеша боз мебошад.
Ӯзбекон ва туркманҳо дар рӯзҳои пурташвиш якдигарро дастгирӣ карда омадаанд.
Асри гузашта дар Ашқобод ва Тошканд зилзилаҳои сахт рӯй доданд. Дарҳол ба кӯмак шитофта, ин ду халқ воқеан ба ҳам садоқатманд будани худро ба исбот расонданд. Рӯзҳое, ки дар Амӯ обхезиҳо шуда, хонаву ҷойи аҳолии Чорҷӯй сахт зарар дид, ӯзбекистониён нахустин шуда дасти мадад дароз карданд. Тошкандиҳо дар  Чорҷӯй дар масоҳати панҷ ҳазор квадрат метр хонаву ҷойи нав барпо карданд, ки онҳо ҳанӯз барҷо буда, чун ифодаи барҷоии бародарии ду халқ хидмат мекунанд.
Халқҳои Ӯзбекистону Туркманистон имрӯзҳо аз он мамнуну шукргузор, ки бо боз ҳам мусаффогардии осмони дӯстӣ дар давраи нави таърихӣ барои дидор ва сайру зиёратҳо, мазмуни тоза пайдо кардани ҳамкорию муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: