ҶАШНВОРАИ АБРЕШИМ ВА ЗИРАВОР

Дар Бухорои куҳан ва ҳамешаҷавон ҷашнвораи XVII байналхалқии анъанавии «Абрешим ва зиравор» барпо гардид.

Чорабинӣ, ки онро ҳокимияти вилояти Бухоро, раёсати ҳудудии вилоятии Кумитаи давлатии оид ба рушди сайёҳӣ, раёсати ҳудудии иттиҳодияи «Ҳунарманд» дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дигар созмон доданд, аз қалъаи куҳнаи Арк ибтидо гирифт.
Маросими тантанавӣ, ки аз намоишҳои театрикунонидашуда дар рӯҳи анъанаҳои таърихӣ иборат мебошад, аз хиёбонҳо гузашта, аз тариқи ёдгориҳои меъморӣ ба маҷмӯи Лаби ҳавз равона шуд.
Дар маросими кушоиши чорабинӣ шахсони мансабдори ҳокимияти вилоят, созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони ҷамоаҳо иштирок карданд.
Фармон ва қарорҳои Президенти мамлакати мо дар бораи рушди сайёҳӣ омили муҳими баланд бардоштани иқтидори сайёҳии Бухоро, мустаҳкам гардидани инфрасохтори шаҳр мегарданд. Соли равон 30 меҳмонхонаи хусусӣ бунёд шуд, пойгоҳи моддиву техникии ташкилотҳои сайёҳӣ мустаҳкам гардиданд, ки онҳо ба афзудани миқдори сайёҳон ба кишвари мо ва беҳтар шудани сифати хидматрасонӣ мусоидат мекунанд.
Ҳар кадом минтақаи Ӯзбекистон дорои усул ва мактабҳои нодири ҳунармандӣ мебошанд. Маснуоте, ки дар растаҳои савдои махсус барои ҷашнвора муҷаҳҳаз шудаанд, намоиш дода мешаванд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Истеъдоди ҳунармандони моҳир дар маснуоти зардӯзӣ, ҳаккокиҳои Бухоро, кашидадӯзиҳои Самарқанд, Қашқадарё ва Сурхондарё, атлас ва адраси дар тамоми олам машҳур, тоқӣ ва маснуоти чиннии водии Фарғона, ашёҳои дастӣ, ки дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Навоӣ, Тошканд, Сирдарё ва Ҷиззах тайёр шудаанд, зоҳир мегардад. Аз шафати растаҳое, ки дар онҳо зиравори хушбӯй ва дорувор аз рустаниҳои давоӣ намоиш дода мешаванд, наметавон бефарқ гузашт.
Бамаврид аст зикр кунем, ки рағбат ба ҷашнвора торафт меафзояд. Ғайр аз намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷашнвора ҳунармандони Русия ва Афғонистон низ маҳсулоти худро намоиш медиҳанд.
Дар ҷашнвора дастаҳои халқиву фолклории ноҳияву шаҳрҳои вилояти Бухоро, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва як қатор вилоятҳо санъати худро пешкаш мекунанд.
– Сурудҳои мардумӣ, ки анъана ва урфу одатҳоро тараннум мекунанд, мӯъҷизаоваранд,– мегӯяд Анран Брижа аз Фаронса. – Ман ба мазмуни онҳо сарфаҳм намеравам, вале оҳангҳо, тарзи иҷро ва рақсҳое, ки ба сурудҳо мувофиқат мекунанд, маро моту мабҳут сохтанд. Ман дар ибтидо гумон кардам, ки дар дастаҳо ҳунарпешагони касбӣ амал мекунанд. Вале хато карда будаам. Маълум шуд, ки ҳамаи онҳо ҳаваскоранд. Чунин санъати баландро наметавон дар ҳама ҷо мушоҳида кард.
Дар доираи ҷашнвора, ки 27-уми май анҷом ёфт, баромади мӯдсозони машҳур, ороишгарони ҷавон, озмун-азназаргузарониҳо оид ба тайёр кардани таоми миллӣ – палав, дигар чорабиниҳои дилнишин барпо шуд.

Эркин ЁДГОРОВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: