МАШВАРАТГАРИ ОМӮЗГОРОН

Чанд сол қабл аз ин толибилмони таълимгоҳи рақами 53-юми ноҳияи Олтинсой ба бинои нав кӯчиданд.

Хурсандии устодону шогирдонро ҳадду канор набуд. Кунун мебоист ҷамоаи омӯзгорон дар таълимгоҳи нав услуби кори хешро аз рӯйи талаботи давр ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас ҳиссаи хешро мегузоштанд. Воқеан ҳам ин талаби давр буд. Қабули барномаи ислоҳотӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев дар назди кормандони соҳаи таълими халқи ҷумҳурӣ анҷоми як қатор корҳоро вогузошт, ки таъхири он аз имкон берун буд. Дар шуъбаи таълими ноҳияи Олтинсой низ баъд аз қабули ин барнома корҳои таълим боз ҳам ҷоннок карда шуд. 
Супориши аввалини шуъбаи таълими халқ ин буд, ки бояд сохти берунии мактаб, синфхонаҳои фаннӣ, толорҳо бо шиору даъватҳои хотирмон ҷиҳозонида шаванд. Дар деворҳои бинои таълимӣ шиорҳое овезон карда шавад, ки он диққати ҳар як хонандаро ҷалб намуда, онҳоро дар роҳи донишандӯзӣ ҳидоятгар бошад. Ҳамин тариқ, ин супориши муҳим дар таълимгоҳи рақами 53-юми ноҳия ба зиммаи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Шавкат Абдураҳмонов вогузор шуд. Ин супориш масъулияти баландро тақозо мекард. Аз ин хотир ӯ аввал бо ҷамоаи омӯзгорон, директори мактаб Ҳофиз Муҳаммадиев ва мудири қисми илмӣ низ маслиҳат намуд. Баъд бо маслиҳати омӯзгорон ба кор шурӯъ кард. Тибқи маслиҳатҳои тарафайн ҳар як шиору матни овезаҳоро бо диққат хонда баромада, онро дар хотираи компутер ҷой дод. 
Дар тӯли ду моҳ бо роҳбарии омӯзгор Ш.Абдураҳмонов ин кори масъулиятнок ба анҷом расонида шуд. Рӯзе аз рӯзҳо пас аз анҷоми ин кор мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Қудрат Сафаров ба таълимгоҳи рақами 53 омада, корҳои омӯзгоронро дид, махсусан тарзи ҷобаҷогузории шиору  овезаҳо, шоҳбайтҳои классикони Шарқ ба ӯ писанд омад. Пас аз чанд рӯз мудир дар ин мактаб бо иштироки роҳбарони таълимгоҳҳои ноҳия маҷлиси машваратӣ баргузор намуд. Мудир ба кори омӯзгор Шавкат Абдураҳмонов ва маъмурияти таълимгоҳ баҳои баланд дод ва ба дигар таълимгоҳҳо тавсия намуд, ки ин усули кори таълимгоҳи мазкурро омӯхта, дар фаъолияти хеш аз он васеъ истифода баранд. Дар ҷамъбасти маҷлиси машваратӣ ӯ ба омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Шавкат Абдураҳмонов тақдирномаи шуъбаи таълими халқи ноҳияро супорид.
– Ман ҳамеша маслиҳатҳои худро дар ин бобат ба ҳамкорон ва шогирдони хеш дареғ надорам. Чанд рӯз қабл аз ин намояндагони таълимгоҳҳои кӯҳистони Ҳавз, Хӯҷаипок, Оқсу ба назди мо омада, дар ин бобат маслиҳатҳо пурсиданд. То ҷое, ки тавонистам, ба онҳо маслиҳат додам. Ният дорам, бо тавсияи шуъбаи таълими халқи ноҳия дар таълимгоҳҳои кӯҳистон чунин як маҷлиси машваратиро баргузор намоям. Ҳоло дар ин бобат тайёрии ҳамаҷониба мебинам, – гуфт Ш.Абдураҳмонов. 

Нуралии РАҶАБ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: