АДИБИ ЗИНДАЁД

Фарзанди фарзонаи Самарқанд, нависанда ва тарҷумони маъруфи тоҷик Ҳасан Ирфон бо асарҳои дилнишину шавқангезаш ба худ ҳайкал гузошта буд.

Вай муаллифи романи «Дар кулбаи косибон» ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» аст. Аммо ӯ дар соҳаи тарҷума мактабу пайраҳаи хосса дошт. 


Ҳасан Ирфон аз айёми бачагӣ асарҳои адибони рус ва ҷаҳониро ба тоҷикӣ баргардондааст. Устод дар 16 солагӣ «Робинзон Крузо» ном китоби Даниэл Дефоро мустақил тарҷума карда буд. Сипас «Бачагони капитан Грант»-и Жюл Верн, сегонаи Максим Горкий «Бачагӣ», «Дар байни мардум», «Дорулфунунҳои ман», «Чӣ бояд кард»-и Николай Чернишевский, «Спартак»-и Ҷоваллонӣ, «Достони марди ҳақиқӣ»-и Борис Полевой, «Завол»-и Робендранат Такур ва ғайраҳоро пешкаши хонандагони тоҷик кардааст. Чанд муддат дар идораҳои маҷаллаи «Шуълаи инқилоб», рӯзномаи «Овози тоҷик», нашриёт фаъолияти пурсамарона бурд.
Соли 1960 ба нафақа баромаду то лаҳзаи вопасин бо кори эҷодӣ машғул шуд. Дар синни 73-солагӣ чашм аз олами ҳастӣ пӯшид.
Баъди ду соли дигар 120 солагии ӯ на танҳо дар Самарқанд, инчунин Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо ҳамин муносибат бо ташаббуси як гурӯҳ шогирдону равшанфикрон ва алалхусус набераи падарарӯсаш – машъалафрӯзи маънавият Саидризо Ализода Фарҳод Ализода дар назди ҳавлии ӯ дар гузари Чорраҳа, ки дар шафати бозори Сиёб аст, ба устод Ҳасан Ирфон лавҳаи ёдгорӣ (барелеф) гузошта шуд. Дар ин тадбир раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хоҷа Зудмурод Зариф Насриев, нависандагон Нусрат Раҳмат, Бахтиёр Ҷумъазода, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов ва дигарон ба сухан баромада, оиди ҳаёт ва фаъолияти адибу тарҷумони зиндаёд, устод Ҳасан Ирфон ҳарф заданд.
– Камина дер боз ният доштам, ки хизматҳои шоистаи заҳматкаши адабиёт Ҳасан Ирфон қадрёбӣ гардад, – гуфт Фарҳод Ализода. – Ниҳоят орзуи шогирдону қаламкашони самарқандӣ ҷомаи амал пӯшид. Баъди ду сол 120-солагии ин марди шарифро ҷашн хоҳем гирифт. Бо ҳамин муносибат асарҳои ӯ ва хотироти ёру дӯстон ва шогирдон ҳамчун китоби алоҳида чоп мешавад. Бигзор руҳаш шод, охираташ обод бошад!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: