«ШИРМОЛАҲОИ МАҲТОБӢ»

Наздик бист сол инҷониб муаллифи ин маҷмӯа – Шарифи Халилро мешиносам.

Вай дар солҳои охир  бештар ба новелланависӣ пардохтааст ва қаламиҳояш дар Ӯзбекистону Тоҷикистон интишор ёфтаву мавриди таваҷҷӯҳи муштариён қарор гирифтаанд. «Ширмолаҳои маҳтобӣ» маҷмӯаи дуюми Шариф Халил аст, ки онро нашриёти «Ирфон»-и  Душанбе ба нашр расондааст. Китоб асосан аз навиштаҳое таркиб ёфтааст, ки ба жанри новелла тааллуқ доранд. 
Ёдовар мешавем, ки маҷмӯаи нахустини навиштаҳои Шариф Халил соли 2016 аз тариқи нашриёти «Тамаддун»-и шаҳри Тошканд чоп шудааст ва он «Дар пошнаи кӯҳи баланд» ном дорад.  Маҷмӯаи мазкур аз ҳикоёт ва новеллаҳо таркиб ёфта, ҳамчунин як бахши ҷолиб таҳти унвони «Ёдмонаҳо» ҳикояҳои мӯъҷаз ва андешаҳои мухталифи ин адибро фаро гирифтаанд. 
Ба қавли муаллифи сарсухан Р. Махсумзод, Шариф Халил дар новеллаҳои худ рӯзгори мӯйсафедони дунёдидаи деҳот, мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар, паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти мураккаби одамон ва амсоли онро ба қалам додааст. Инчунин,  некиву бадӣ, набарди нобаробари онҳо дар арсаи ҳаёт, хуллас рангобарангиҳои зиндагӣ аз мавзӯоти меҳвари китоб маҳсуб меёбанд. Новеллаҳои адиб хубу дилнишин навишта шуда, вай то ҳадде муваффақ ҳам гаштааст. 
Шариф Халил аксари новелла ва ҳикоёти худро дар муҳоҷират рӯи коғаз овардааст ва аз ин ҷост, ки дар тасвири ӯ ҳаёти муҳоҷирони корӣ дар қаламрави кишварҳои дигар табиӣ сурат гирифта ва хеле мароқангезу таъсирбахш баромадааст. Муаллиф дар навиштаҳои худ ҳаёти муҳоҷиронро аз рӯи шунидаҳо ё бевосита дидаву мушоҳидаҳояш рӯи сафҳа овардааст. Ин аст, ки дарди дили онҳо муассир ифода ёфта, саргузашти гоҳо ба фоҷиаҳо тавъамашон мароқангез ба риштаи тасвир кашида шудааст. 
Бояд таъкид намуд, ки нависанда ҳаёти мардуми деҳот, мушкилоти мактабу маориф, мавзӯъҳои ишқу ошиқиро низ аз гӯшаи хотири худ фаромӯш насохтааст. Барои ин гуфтаҳо метавон новеллаҳои «Учител» ва «Муаммо»-ро мисол овард, ки аз ҳаёти омӯзгорон нақл мекунад ва муаммоҳои ин соҳа дар онҳо хеле нишонрас ва ҷолиб таъкид мегарданд.
Ногуфта намонад, ки соли 2017 пас аз ба нашр расидани китоби «Дар пошнаи кӯҳи баланд» Шариф Халил чун узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Дар Душанбе ба нашр расидани китоби дуюми адиб, аз як ҷиҳат эҳтироми ӯро ба иқдоми неки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифода месохта бошад, аз дидгоҳи дигар муаллиф умедвор аст, ки дили алоқамандони насрро дар ин кишвари ҳамҷавор низ ба даст оварад. 
Ба ҳар сурат, умедворем, ки маҷмӯаи нави Шарифи Халил  «Ширмолаҳои маҳтобӣ» қалби хонандагони мӯшикофро то андозае забт менамояд ва шинохти вай дар ин ҷода домани худро боз фарохтар месозад.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: