ФАРЁДИ ДИЛ

Эй марг! Сад доду фарёд аз дастат.

Ту ин қадар бешафқатӣ. Магар аз нолаҳои дили реш огоҳ наӣ, ашкҳои  шашқатори чашмони бенурро намебинӣ?! Ту кай аз ҷонситонӣ сер мегардӣ, эй марг! Магар орзуву умеди навҷавонон назди ту ҳеҷанд. На ба ҳусни зебову ақли расо ва на ба молу давлати дунё коре дорӣ. Эй марг! Охир инсон бо умедҳои ширин ба дунё меояд. Яке нав ба рӯйи замин қадам мегузошту дигаре ба синни навҷавонӣ расидаву чун чӯҷаҳои нав ба парвоз омодагашта машқи болафшонӣ дошт. Эй марг! Ту рашк кардӣ! Нагзоштӣ, ки бол афшонад... Ӯро шикастӣ.  Оре, шикастӣ. Охир зиндагиашро  чанд рӯз пештар,  бале  ҳамагӣ чанд рӯз пештар ба ғамхона табдил дода будӣ. Падари меҳрубону мушфиқ, устоду  маслиҳатгӯй, шаҳсутуни хонадонаш, ки ҳамагӣ панҷоҳ сол дошт,  аз ӯ рабудӣ. Тамоми ҷисму ҷони ӯ месӯхт. Гарчанде дарди дилашро вонамуд намекард, лек бирён буд, ҳасратгӯю дардкаши  ягонааш танҳо модараш  монда  буду халос. Модар ҳам аз марги нобаҳангоми шавҳараш ба худ наомада буд... Ояндаи кӯдакони  бепадармондааш ором намегузошт. Эй марг, ту баъди рабудани падар аз ин оила дур рафтан нахостӣ. Суханҳои писар ба тааҷҷуб меовард: “Модар, ба назди падар рафтан мехоҳам, охир зиндагии бепадар зиндагӣ нест” ё “Модарҷон, ман имрӯз ба назди қабри падар рафта будам, дар паҳлӯяшон ҷойи хубе будааст, бо падарам ҳар рӯз сухан мегӯям, вай маро фарёд дорад”  магар фиребу найрангҳоят набуд?! Эй марг! Ту ошиқи ҷавон шудӣ, ӯро таъқиб намудӣ, фиреб додӣ. Дилашро аз зиндагии зебову рангин сард гардонидӣ. Охир ҳар рӯз бо ёди падар гаштану ба қабристон рафтанаш кори ту набуд?! Ҳамон рӯзе, ки модар  бо шуғле ба оғилхона даромад, писар худро овехтанӣ  буд. Модарро ту дар ғафлат бигзоштӣ. Эй марг, ту ба модари бечора ситам кардӣ. Писар субҳ аз хоб барвақт бедор гашту ошноҳои падарашро, ки  барои фотиҳахонӣ омада буданд, бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Ба коллеҷ рафту хуҷҷатҳояшро тахт кард. Сипас, бо салоҳдиди модар ба бозор рафт. Маҳсулоти зарурии рӯзгорро оварду ҳамроҳаш ресмон низ... Ресмоне, ки ту, эй марг, ба чашми ӯ зебо намудӣ.  Ҳамон ресмон намешуд. Шояд... 
Тавонистӣ модарро дар ин ҳангом низ ба ғафлат гузорӣ, эй марг. Модарро бо суханҳои нармаш об гардонд. Каме хоб карда, сипас ба модараш кӯмак карданашро гуфт. Модари дилхаста бовар кард. Бехи картошкаро нарм мекарду чашмонаш ба сӯйи дарвоза буд. Аз байн муддате гузашту дили модар ба сӯхтан даромад. Ту модарро як лаҳза дар ғафлат бигзоштӣ. Модар ба ҳавлӣ даромада хонаи писарашро аз назар гузаронду ӯро наёфт. Найрангҳои ту кор дод, эй марг. Модар ба сӯйи оғилхона тохт. Писар дар мобайни оғилхона дар ҳамон ресмони овардааш овезон буд. Ту нагузоштӣ, ки доду фарёди модари дилафгорро дигарон шунаванду ба ёрӣ шитобанд. То модар ба кӯча давиду мардумро ба кӯмак даъват кард,  кор аз кор гузашта буд. Ту шод будӣ, эй марг. Барои таскини дили модар ӯро ба беморхона бурданд. На, шӯълаи умедҳои охиринро низ хомӯш гардондӣ. Дуди дили ҳама ба фалак печид, воҳасрато! Охир ҳамагӣ ҳаждаҳ сол дошт. Ҳама ҳайрону лол, гунгу карахт гаштанд. Ӯро ба хок супурданд. Доду фарёди модар ӯро аз пой афтонд. Гоҳо аз худ мерафту гоҳе ба худ меомад. Аз қисмати шуми худ нола мекард. Ба назараш дигар фарзандҳояш наменамуданд. Духтараш соҳиби шавҳару фарзанд буд ва писари калонӣ – донишҷӯ. Модар аллакай  ба ту таслим гашта буд, эй марг. Ӯ низ аз ҳаёт дилхаста ва безор шуда буд. Гӯё дар ин  дунёи равшан танҳо буд. Суханҳои тасаллибахши атрофиёнро намешунид. 
Аҷабо...

Аъзами ШАРИФЗОД.
Ноҳияи КИТОБ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: