«МАКТАБИ САЛОМАТӢ» – МАДАДГОРИ МО

Имрӯзҳо дар назди маҳалла, поликлиникаҳои оилавӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо мақсади дар байни аҳолӣ бо тартиби нав ва роҳҳои таъсирбахш тарғибу ташвиқ кардани тарзи ҳаёти солим «мактабҳои саломатӣ» ба фаъолият шурӯъ намудаанд.

Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандӣ, вазоратҳои таълими халқ ва таълими томактабӣ, касбу ҳунар ва миёнаи махсус созмондиҳандагони онҳо мебошанд.
Фаъолияти ҷамоавии мактаби мазкур бобати мустаҳкам намудани саломатии репродуктивии аҳолӣ,  назорати мунтазами хидмати босифати патронажӣ ва профилактикӣ  аҳамияти муҳим доранд. Асоси онро хидмати патронажӣ ташкил медиҳад. 
Ёрии патронажӣ – кӯмаки тиббӣ ба оилаҳои қисми эҳтиёҷманди аҳолӣ буда, аз саломатии ҳар як узви оила, куҳансолон, кӯдакон, занони ҳомила хабардор шудан, тарзи ҳаёти солимро тарғиб намудан аст, ки ин  сари вақт пешгирӣ кардани бемориҳои гуногунро таъмин мекунад.
Дар «Мактаби саломатӣ» шифокори умумӣ, ҳамшираи патронажӣ, фаъолони маҳалла, масъулон доир ба корҳои маънавиву маърифатии муассисаҳои таълимӣ, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ ва шифокори муассисаи таълимӣ ҳамҷиҳатона  фаъолият мебаранд.
Ҳангоми таҳлили тарзи ҳаёти ҳар як хонадон,  оилаҳои эҳтиёҷманд маълум мегарданд. Ҳамшираи патронажӣ ҳар рӯз  аз онҳо хабар мегирад. 
– Назар ба маълумоти коршиносони созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ 85 фоизи саломатии инсон ба тарзи ҳаёти ӯ ва муҳити атроф, 15 фоизи боқимонда ба омилҳои ирсӣ вобаста будааст,– гуфт ҳамсуҳбати мо шифокори умумии филиали «Алгоритм»-и поликлиникаи марказии бисёрсоҳавии ноҳияи Учтепаи шаҳри Тошканд М. Шамшиева.
– Дар мамлакатҳои рушдёфта ба тарғиби тарзи ҳаёти солим эътибори алоҳида дода мешавад.
Бо ташаббуси Вазорати нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ дар маҳалҳо видеоанҷуманҳо ташкил ва мутахассисони соҳа, ҳамшираҳои патронажӣ, фаъолони маҳалла аз навгонӣ ва усулҳои нави кор хабардор карда мешаванд. Масалан, моҳи январи соли ҷорӣ 4 нафар аъзои оилае, ки дар маҳаллаи «Мароқанд»-и ноҳияи Пастдарғоми вилояти Самарқанд зиндагӣ мекунанд, аз хӯрок заҳролуд шуда, ба табобатгоҳ афтидаанд. Чунин ҳодиса дар яке аз оилаҳои маҳаллаи «Алимкент»-и ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд низ рӯй додааст. Аз як оила 5 нафар аз таом заҳролуд шудаанд. Ҳолатҳои мазкур тақозо менамоянд, ки ба воситаи «Мактаби саломатӣ» корҳои тарғиботӣ пурзӯр карда шаванд.
Гинекологи поликлиникаи мазкур Ф. Норматова ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ 5 фоизи тифлон бо касалии модарзодӣ ва ирсӣ ба дунё меоянд. Дар давраи ҳомила истеъмоли нодурусти хӯрок ва перепаратҳо, аз сар гузарондани бемориҳои гузаранда, норасоии йод, шамолхӯрӣ, вайроншавии асаб омилҳои асосии чунин ҳолатҳо мебошанд. Баъзан модаршӯйҳо ба маданияти табобати замонавӣ риоя намекунанд. Имкон намедиҳанд, ки арӯси ҳомила ё тифли навзод зуд-зуд ба қабули шифокор равад. Дар натиҷа касалии онҳо авҷ гирифта, баъзан ба ҳолатҳои нохуш оварда мерасонад. Масалан, ҷавонзани ҳомила ба мо аз камхунӣ ва шамолхӯрии сахт  шикоят кард. Баъди санҷиш маълум шуд, ки ҳомилаи 4-моҳааш беҳаракат аст. Дарҳол беморро ба табобатгоҳи марказӣ фиристодем. Боз як чизро зикр кардан бамаврид аст. Суқут (аборт)-и аввалин барои ҳаёти модарони ҷавон хавфнок аст, ҳатто боиси бефарзандӣ ё худ фарзанди ногиро таваллуд кардани онҳо  мешавад.      
Вақте ҳомила 14 ҳафтаина мешавад, барои муайян кардани хастагиҳои модарзодӣ онҳоро ба маркази скринингӣ мефиристем. Баъди муайян шудани нуқсон  ҳомила дар батни модар муолиҷа мегирад. 
Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ягон ҳодисаи бемории модарзодӣ ё фавти модару кӯдак  рӯй надодааст.
Яке аз самтҳои рушди стратегияи сиёсати давлат ҳифзи модару кӯдак ва беҳсозии генофонди миллат ба шумор меравад. Аз ин боис, алҳол дар мамлакатамон ба мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии марказҳои скринингӣ эътибори зиёд дода мешавад.
Қарори Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи Барномаи давлатии дар кӯдакон саривақт муайян кардани бемориҳои модарзодӣ ва ирсӣ  дар  солҳои 2018-2022» аз 25 декабри соли 2017 дар ин соҳа дастурамали муҳим гардид.
Бинобар  эътибори инсонпарваронаи роҳбари давлат ва саъю ҳаракатҳои мутахассисони соҳибтаҷриба саломатии модару кӯдак, ки  ояндаи Ватан ва идомати ҳаёт мебошанд, таҳти ғамхории муттасил қарор дорад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: