ЯКЕ АЗ ТАРҶУМОНҲОИ ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ

Журналисти собиқадор Асилҷон Рашидов яке аз олимоне мебошад, ки фаъолияти педагогиашро бо корҳои илмиву услубӣ бевосита пайвастааст.

Тадқиқотҳои ӯ ба монанди «Тасвири меҳнат дар қиссаҳои ӯзбек», «Коргар – қаҳрамони қиссаҳоямон», «Абадияти Садриддин Айнӣ», «Мадҳи инсон ва меҳнат», «Леся Украинка», «Ситораҳои зинда» дар адабиётшиносии солҳои 80-уми асри гузашта ҳодисаи илмӣ гардида буданд. Аз ҷумла, дар қиссаҳои замонавиаш, монографияҳои ӯ бахшида ба таҳлили образи коргарон аз ҷониби аҳли илму адаб хуб пазироӣ шуда буд. Ғайр аз ин, Асил Рашидов якчанд мақолаи услубиву методӣ таълиф намуд. 
Заҳматҳои ӯ дар ин соҳа аз тарафи ҳукумат борҳо тақдиронида шудааст.
Асил Рашидовро ҳамчун олими нуктасанҷ, устоди фидоӣ ва тарҷумони моҳир мешиносам ва асарҳои ӯро мутолиа мекунам.
Бо ҷараёни тарҷумаи асарҳои нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов аз достони «Ҷамила» сар карда, то «Рӯзе, ки ба аср баробар аст» бевосита ошно ҳастам. Ҳангоми тарҷума гаштаю баргашта саҳифаро сиёҳ кардани ӯро дидаам.
Асарҳои Чингиз Айтматов  «Роҳи каҳкашон», «Дилбари сарвқоматам», «Алвидоъ, Гулсарӣ», «Киштии сафед», «Алопаре, ки қад-қади соҳил медавид» аз ҷониби Асилҷон Рашидов ба ӯзбекӣ тарҷума шуда, ба ғанӣ гардидани маънавияти халқи ӯзбек саҳми худро гузоштаанд.
Дар ин хусус худи Чингиз Айтматов чунин мегӯяд: «Ба дӯстон, бахусус адабиётшинос Асилҷон Рашидов, ки ба асарҳои ман ихлос доранд ва онҳоро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардаанд, ташаккур мегӯям. Асилҷон «Киштии сафед», «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ» барин повестҳоямро хуб тарҷума карда тавонистааст».
Китобхоне, ки тарҷумаҳоро мутолиа намудааст, боварӣ ҳосил менамояд, ки мутарҷим тарзи ҳаёт, касбу кор, ҳикмат ва имову ишораҳои халқи қирғизро аз матни асл ӯзбекона ифода карда тавонистааст.
Тасвири манзара, симои зоҳирии қаҳрамонҳо ҳам ба моҳияти асар мутаносиб афтодааст. Китобҳои номбурда байни халқҳои ӯзбеку қирғиз бобати қаробату ҳамдилӣ ҳамчун кӯпрук хидмат мекунанд.
Хурсандиовар аст, ки Асилҷон Рашидов дар ҷараёни тарҷума ба олами эҷодии нависанда дохил шуда, онро пурра дарк намуд; тадқиқотҳои ба забони русӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ навишташударо, ки ба маҳорати адабии Чингиз Айтматов бахшида шуда буданд, хуб омӯхт ва худаш ҳам ба яке аз айтматовшиносон табдил ёфт.
Солҳои 80-уми асри гузашта оиди асарҳои адиб даҳҳо мақолаҳои илмӣ навишт, ки дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ, маҷмӯаҳои илмӣ нашр шуда, ба эътирофи аҳли илму адаб сазовор гашт.
Самараи заҳмат ва бедорхобиҳои тарҷумон монографияи ӯ бо номи «Олами бадеии Чингиз Айтматов» («Ӯқитувчи» 2008) аз нашр баромад. Китоби мазкурро қуллаи нави айтматовшиносии ӯзбек гӯем ҳам муболиға намешавад.
Дар монография роҳи ҳаёти нависанда ва фаъолияти ӯ батафсил баён карда шудааст.
Баъди мутолиаи фаслҳои алоҳида, хонанда бо роҳи тайкардаи ҳаёти машаққатнок ва ба майдони эҷод чӣ тавр ворид гаштани нависанда, таърихи офаридани асарҳои ӯ, сабабҳои ба миён омадани онҳо ошно мегардад.
Аз ҳама муҳимаш, дар давоми таҳлилҳои пай дар пай ба сифати санъаткор чӣ хел аз ҳикоя ба қисса, аз қисса ба романнависӣ гузашта ба камолоти эҷодӣ расидани Чингиз Айтматовро нишон дода тавонист.
Чингиз Айтматов санъаткорест, ки дар тасвири кӯҳҳои осмонбӯси қирғиз, ғаллазор ва саҳроҳои беҳудуд, манзараҳои нотакрори табиат ва ифодаи фикру андешаҳои аз сар гузаронидаи инсон маҳорати баланд дорад. Аз ин боис, барои китобхон Дониёру Ҷамила як олам бошанд, Танабой олами дигар аст. Онҳо диққати китобхонро беихтиёр ба худ мекашанд.
Адабиётшинос ва мунаққиди хушзеҳн Асилҷон Рашидов маҳорати бадеии Чингиз Айтматовро бо тамоми қирраҳояш таҳлил намуд.
Ман Асилҷонро, ки се ҷабҳаи эҷод – педагогӣ, илмӣ ва тарҷумониро ба ҳам пайваста, ки бо ин аз дили халқ ҷой гирифтааст, табрик намуда, ба ӯ сиҳатии бардавом орзу менамоям.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
сармутахассиси Академияи байналхалқии исломӣ,
профессор.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: