ДАР НАМАНГОН ИСТЕҲСОЛИ АВТОМОБИЛҲОИ БОРКАШОН ВА АВТОБУСҲОИ «HYUNDAI» БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Ҳангоми сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Намангон, ки 2-3 майи соли равон ба вуқӯъ пайваст, ӯ изҳор дошт, ки дар минтақаи мазкур корхонаи бузурги истеҳсолӣ вуҷуд надорад ва ба наздикӣ дар ин ҷо лоиҳа оид ба сохтмони корхонаи автомобилбарорӣ татбиқ хоҳад шуд.

Бисёриҳо интизор набуданд, ки ин навгонии хуб зуд ба ҳаёт татбиқ мегардад. Баъди бист рӯзи сафари Президент барои амалӣ кардани боз як лоиҳаи бузурги автомобилсозӣ дар кишвари мо қадамҳои аввалин гузошта шуданд, президенти ширкати «Evergreen Motors Group»-и Ҷумҳурии Куриё Ким Чанг Кён барои он ки вобаста ба лоиҳа гуфтушунид кунад, ба вилоят омад. 
Дар вохӯрии ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров бо Ким Чанг Кён зикр шуд, ки ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву техникии дар байни Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё бароҳмондашуда, беш аз пеш мустаҳкам мешаванд.
– Сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Куриё, ки моҳи ноябри соли гузашта ба амал омад, дар муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ саҳифаи нав кушод, – гуфт Ким Чанг Кён. – Дар анҷумани тиҷоратие, ки дар доираи сафар баргузор шуд, роҳбари давлати шумо бо вакилони ширкатҳои куриёӣ, ки дар Ӯзбекистон кор мебаранд, суҳбат карда, ба шахсони масъул бобати ҳаллу фасли баъзе мушкилоти мавҷуда супориш дод. Ин ҷиҳат эътимоди соҳибкоронеро, ки бо Ӯзбекистон ҳамкорӣ доранд, хеле мустаҳкам намуд. Дар мамлакати шумо барои сармоягузорӣ, содироти маҳсулот, рушди сайёҳӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Лоиҳаи мазкур бинобар истеҳсоли автомобилҳои  «HYUNDAI» яке аз натиҷаҳои ҳамкории пешомадноки мо хоҳад шуд.
Дар муаррифие, ки бо иштироки намояндагони соҳаҳои дахлдор баргузор гардид, дар бораи лоиҳае, ки мувофиқи он дар корхона коркарди автомобилҳои боркашони имконияти борбардориашон аз 1 то 50 тонна, ҳамчунин автобусҳои байнишаҳрӣ, байналхалқӣ ва сайёҳӣ, воситаҳои махсуси нақлиётӣ ба роҳ монда мешаванд, маълумот дода шуд. 
Дар ибтидо рӯзе 8-20 автомобил, соле 1000 адад автомобил истеҳсол карда мешаванд. Дар тӯли се сол нишондиҳандаи мазкур ба 3 ҳазор адад хоҳад расид, яъне 2 ҳазор мошини боркашон ва 1 ҳазор адад автобус истеҳсол мегарданд. Агар дар аввал қисмҳои эҳтиётӣ аз Ҷумҳурии Куриё оварда шаванд, баъдан мувофиқи барномаи маҳалликунонӣ тӯли се сол дар ин ҷо зина ба зина истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ низ аз худ карда мешаванд. 
Баъди ба кор даромадани он тақрибан 100 ҷойи корӣ муҳайё мегардад, минбаъд бошад, ин рақам ба 6 ҳазор нафар хоҳад расид.
Аъзои ҳайат ба қитъаҳое, ки барои сохтмони завод муқаррар шудаанд, рафтанд ва бо шароитҳои мавҷуда шинос шуданд.

Акрамҷон САТТОРОВ, хабарнигори ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: