СИМОИ ДЕҲОТ ДИГАРГУН МЕШАВАД

Чанде қабл дар Маркази матбуоти миллии пойтахт Ширкати инжинирингии «Қишлоққурилишинвест» доир ба мавзӯи «Дар мавзеъҳои деҳот тибқи лоиҳаҳои нави намунавӣ сохтани хонаву ҷойи арзон ва таъмини шаффофии он» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Чанде қабл дар Маркази матбуоти миллии пойтахт Ширкати инжинирингии «Қишлоққурилишинвест» доир ба мавзӯи «Дар мавзеъҳои деҳот тибқи лоиҳаҳои нави намунавӣ сохтани хонаву ҷойи арзон ва таъмини шаффофии он» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Боиси хурсандист, ки аҳолии ба хонаву ҷой эҳтиёҷдоштаи кишвари офтобрӯяамон солҳои охир дар асоси қарорҳои сарвари мамлакат мувофиқи лои-ҳаҳои нави намунавӣ бо хонаву ҷойи арзону шинам таъмин мешаванд. Ба воситаи телевизион мебинем, ки сарвари оилаҳои солҳои сол дар орзуи хонаи шахсӣ буда, ашки миннатдорӣ дар чашм калиди хонаҳои навро қабул мекунанд. 
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар асоси барномаи соли 2017 дар кишварамон мувофиқи лоиҳаҳои нави намунавӣ ҷамъ 25543 хонаи шинам бунёд гардид, ки беш аз 19 ҳазортои он ба аҳолии ба хонаву ҷо муҳтоҷи деҳот пешбинӣ шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар муайян намудани оилаҳои ба хонаву ҷо муҳтоҷ ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо аз наздик кӯмак расонданд. Ходимони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо хона ба хона рафта, бо шароити зисту зиндагонии аҳолӣ шинос шуданд.
Бояд дар кори хонаву ҷойдиҳӣ шаффофияти кору амал таъмин шавад. Бо назардошти ин мувофиқи қарори  Девони Вазирон аз 9 феврали соли 2018 дар назди ҳокимияти ноҳияҳо иборат аз 9 нафар комиссияи доимӣ ташкил дода шуд. Пештар пешпардохти хонаву ҷойи маҳаллӣ аз тарафи аҳолӣ 25 фоиз буд, ҳоло бино ба Барномаи нави бунёди хонаву ҷойи арзон ин нишондиҳанда 15 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар асоси лоиҳаҳои нави намунавӣ дар деҳоту шаҳр бино ва хонаву ҷойҳои шинам бо суръати баланд ва сифатнок сохта мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар соли равон дар асоси лоиҳаҳои нави намунавӣ бунёди 22145 хонаву ҷойи арзон пешбинӣ шудааст. Алҳол дар ҳама хонаҳо корҳои сохтмону монтаж сар шудаанд.
Ба ҷуз ин, дар рафти сафари Президент ба ноҳияҳо бино ба дархосту пешниҳоди аҳолӣ дар вилоятҳо ба бунёди хонаву ҷойи арзони иловагӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар баробари ин дар мавзеъҳое, ки хонаҳои нав сохта мешаванд, қубури оби ошомиданӣ, хати барқу газ кашида мешаванд, роҳҳои автомобилӣ сохта мешаванд. Бунёди гузарҳои маҳалла, маҷмӯи хидматрасонии маишӣ, шохобчаҳои савдо, минибонк ва дигар объектҳо аз мадди назар дур намондаанд.
Бояд гуфт, ки дар бунёдкориҳо саҳми Бонки рушди Осиё, Бонки рушди ислом ва дигар маблағгузорон назаррас аст. 
Ҳақиқатан ҳам биноҳои нави замонавӣ симои деҳаҳои моро дигаргун месозанд,  байни иморатҳои нав гардиш кунед, ба назар чунин мерасад, ки шумо дар як мавзеи шаҳр сайр карда истода бошед.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: