ДАР ПЕШ – ДАРАВИ ҒАЛЛА

Дар асоси қарори Президент «Дар бораи чораҳои ташкил намудани фаъолияти ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзагротехсаноатхолдинг» аз 17 ноябри соли 2016 ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзагросервис» ташкил ва вазифаю самтҳои асосии он муайян карда шуда буд.

Дар асоси қарори Президент «Дар бораи чораҳои ташкил намудани фаъолияти ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзагротехсаноатхолдинг» аз 17 ноябри соли 2016 ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзагросервис» ташкил ва вазифаю самтҳои асосии он муайян карда шуда буд.
Дар анҷумани матбуотие, ки дар Маркази матбуоти миллӣ  оиди бо қисмҳои эҳтиётӣ ва захираҳои моддию техникӣ муттасил таъмин гардонидани техникаи кишоварзӣ, корҳое, ки аз рӯи таъмири техника ва сервис пеш бурда мешаванд, доир гардид, сардори идораи ҶС «Ӯзагросервис» Шерзод Маҳмудов нахуст оиди вазифаю самтҳое, ки дар назди ҷамъияти мазкур истодаанд, сухан ронд. 
Омӯзиши техникаи кишоварзӣ ва талабу эҳтиёҷи онҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ, дар соҳаи сервис ба истеҳсолгарони маҳсулоти кишоварзӣ пешбурди сиёсати ягонаи техникӣ, ҷорӣ гардондани усул ва технологияҳои замонавии хидматрасонӣ ба техникаи кишоварзӣ, баланд бардоштани дараҷа ва сифати хидматрасонӣ ба хоҷагиҳои фермерӣ ва дигар истеҳсолгарони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз муҳимтарин вазифаҳои ҷамъият мебошанд, таъкид кард вай. Дар асоси самтҳое, ки таъкид ёфтанд, дар сохтори ҶС «Ӯзагросервис» имрӯзҳо 13 «ҶММ Агросервис» дар ҳудудҳо ва 174 филиали ноҳиявии онҳо фаъолият мебаранд.
Бо баҳисобгирии он ки ҳолати техникии 6103 адад техника ва мошини кишоварзӣ, ки дар ихтиёри паркҳои мошину трактори сохтори ҶС «Ӯзагросервис» мебошанд, 55,5 фоиз куҳна шудаанд, дар соли 2017 «Барномаи манбаъҳои аниқи модернизатсия ва молиявисозии базаи моддӣ-техникӣ дар солҳои 2017-2021» кор карда бароварда шуда, муайян гардид, ки дар давоми панҷ сол 18 859 адад техника ва мошини кишоварзӣ, ки арзиши умумиаш 1 307 893 миллион сӯм мебошад, аз ҳисоби лизинг, воми бонк, ҶС «Ӯзагросервис» ва маблағи манбаъҳои дигар харид карда шаванд.
4 январи соли 2018 бо қарори Президент ба ҷумҳурӣ 5778 техника харид карда шаванд, ки 1, 497 трлн. сӯмина арзиш дорад. Дар асоси ҳамин қарор 5666 адад техника ба ҶММ «Агросервис МТП»-и ноҳиявии сохтори ҷамъияти «Ӯзагросервис» ҷудо гардидаанд. То 1 июли соли равон техника ба ҳудудҳо расонда дода мешаванд.
Дар асоси супоришоте, ки аз ҷониби ҳукумат дода мешавад, соли 2018 барои омодасозии техника, ки ба киштукори баҳорона ҷалб мешаванд, ҳамчунин комбайнҳои ғалладарав бештар аз 110 млрд. сӯмина қисмҳои эҳтиётӣ расонда дода мешавад.
Дар солҳои истиқлолият дар Қароқалпоқистон ва вилоятҳо талабот ба таъмири сифатнок ва хидматрасонии замонавӣ аз ҷониби паркҳои мошину трактор торафт меафзояд. Аз ҷониби КМ «ӮзКейссервис» ва ҶММ «Ӯзклаассервис» тавассути шуъбаҳои вилоятии онҳо корҳои сервису таъмир муттасил пеш бурда мешаванд. 
Имрӯзҳо ба воситаи «Маркази сервиси интегралӣ бобати дар муддати кафолатнок бартарафсозии носозиҳое, ки ба амал омаданашон мумкин, бо «Ростселмаш»-и Русия, «Амкадор»-и Белорусия ва дигар корхонаҳо музокираҳо пеш бурда мешаванд. Вазифаи муҳиме, ки назди мост, беталафот, дар муддати кӯтоҳ ғунучини ғалла аст. Назар ба маълумоти инспексияи «Ӯздавтехназорат» мавсими ғунучини соли ҷорӣ ҷамъ 3111 адад комбайни ғалладарав иштирок мекунад. Дар мавсими оянда 400 дона комбайнҳои ғалладарав дар асоси вомҳои имтиёзнок ба ҷойҳо дастрас карда мешаванд.
– Дар ҳар як ҶММ «Агросервис МТП»-и ноҳияҳо бо мақсади таъмини бетанаффус кор кардани комбайнҳо ва барои пешгирии носозиҳои техникӣ расонда додани қисмҳои эҳтиётии захиравӣ фаъолияти устохонаҳои сайёр ба роҳ гузошта шудааст. Соли ҷорӣ маблағҳое, ки барои таъмири комбайнҳо ҷудо шудаанд, пурра азхуд ва корҳои таъмирӣ пурра анҷом ёфтанд. Ба нақша даромадааст, ки тӯли 25-30 рӯз бо 3511 адад комбайн, бештар аз 17 ҳазор воситаи нақлиётии ғаллакашон мавсими ғунучин самаранок анҷом дода шавад, – гуфт сардори идораи ҶС «Ӯзагросервис» Ш.Маҳмудов дар фуроварди сухан.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: