ҲАМКОРИИ ПУРСАМАР

Тантанаҳои сурурангези кушодашавии гузаргоҳҳои сарҳадии байни Ӯзбекистону Тоҷикистонро дар телевизион дида, хушнуд шудем.

Охир, ба гуфти шоири шаҳири зиндаёд Лоиқ «Замин сарҳад надорад, фақат сарҳад миёни ду ҷаҳон аст». Ӯзбекону тоҷикон аз қадимулайём дар қаламрави як минтақа даромехта зиндагӣ мекунанд, ба равуо ва доду гирифти онҳо ҳеҷ гуна сарҳад садди роҳ намешуд. Ин ду халқ аз як дарё об мехӯранд, аз як ҳаво нафас мегиранд, замину кӯҳҳои мо  пайванданд, урфу одат ва оинҳои миллиамон ягонаанд.
Шоири ҷаҳоншинохтаи тоҷик, сарояндаи дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода боре гуфта буд, ки «Тоҷикон ва ӯзбекон ду тори як дуторанд». Сарчашмаи ин ҳамзистӣ ва рафоқат аз муҳити ягонаи ҷуғрофӣ, ҳаёти иқтисодию фарҳангӣ, қисмати ягонаи таърихӣ, робитаи чандинасраи адабӣ сар мезанад. Якрангии оҳангҳои мусиқии классикии «Шашмақом», тобишҳои пурҷилои наққошӣ ва кандакорӣ, дарздӯзӣ ва дигар намудҳои санъат гувоҳи онанд.
Дасти ёрӣ ва ҳамкории ӯзбекон ва тоҷикон дар санъати театр низ пурсамар аст ва он ҳанӯз дар равобиту инкишофи театри мардумии масхарабозҳо ва қизиқчиҳо, зочабозҳо, ки аз лиҳози ғояву мазмун, васоити тасвир, образҳо монандӣ ва умумияте доштанд, зоҳир шудааст. Бино ба маълумоти театршиносони тоҷик Н.Нурҷонов («Театри халқии тоҷик», М. 1956, ба забони русӣ) ва ӯзбек М.Қодиров («Масхарабоз ва кизиқчилар санъати», Т. 1968) ин якрангӣ ва монандиро дар саҳначаҳои мазҳакавӣ ва пантомимаҳои «Муллобозӣ», «Мударрис», «Раис», «Бофандагӣ», «Хатм», «Шутурбозӣ», «Аспакбозӣ» ва ғайра, ки дар намоишҳои ҳунармандони мардумӣ арзи ҳастӣ кардаанд, дидан мумкин аст. Образҳои маъмули театри лӯхтак – Полвонкачал ва Ойшабибӣ қаҳрамонҳои дӯстдоштаи бачагони ӯзбек ва тоҷик буданд, намоишҳо аксар омехта ба ду забон сурат мегирифтанд.
Анъанаҳои театри халқӣ яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди театри касбӣ гардид. Бештари актёрони театри касбии навбунёд ҳаваскорони халқӣ буданд. Дар ташаккули театри навин адибон, ҳунармандон, оҳангсозони миллии тоҷик ва ӯзбек даст ба даст дода, эҷод мекарданд ва дар саҳнаи нахустин театрҳои касбӣ – ҳоло Театри миллии академии драмаи Ӯзбекистон ва Театри академии драмаи Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ спектаклҳои миллӣ пайдо шуданд. Ташаккули эҷодии ҳар ду театр дар як шароити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 20-30-юми асри ХХ ба вуҷуд омадааст ва спектакли мукаммали ҳар ду театр драмаи Комил Яшин «Ду коммунист» буд, ки онро дар театри миллии ӯзбек М.Уйғур (1929) ва дар театри ба номи А.Лоҳутӣ Ф.Умаров (1931), ки аз театри миллии ӯзбек омада буд, таҳия намудаанд.
Театри навбунёди тоҷик душвориҳои зиёди ташкилию эҷодиро паси сар мекард. Дар чунин вазъияти номусоид аз театри миллии Ӯзбекистон режиссёр Ф.Умаров, актёрон С.Тӯйбоева, О.Зиёев, А.Азимова ба театри тоҷик омаданд. Сонитар, дар давоми солҳои сиюм аз театри Бухоро ва дастаҳои ҳаваскорон Ҳ.Маҳмудов, А.Саидов, Г.Бақоева, Л.Латифов, А.Бурҳонов, Ҳ.Раҳматуллоев, аз театри Самарқанд С.Ҷӯрабоев, Т.Ғаффорова, М.Халилов, Ҳ.Аҳмадов, оҳангсозон З.Шаҳидӣ, Н.Пӯлодов, А.Камолов, раққоса О.Исомова, аз Риштони водии Фарғона М.Қосимов пасу пеш ба Душанбе омада, ба ҳайати театри ба номи А.Лоҳутӣ ва театри навбунёди мусиқӣ (ҳоло Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) дохил шуданд. Саҳми номбурдагон дар рушду камоли санъати актёрӣ, режиссура ва мусиқии тоҷику ӯзбек бениҳоят пурсамар аст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳо дузабона буданд. Ин дасти ёрӣ ва ҳамкорӣ ба пурқувват гардидани ҳайати эҷодии театрҳо мусоидат кард. Ин буд, ки охири солҳои сиюм дар саҳнаи театри ба номи А.Лоҳутӣ ду спектакли мукаммали миллӣ - драмаи С.Улуғзода «Калтакдорони сурх» ва фоҷиаи А.Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн «Рустам ва Сӯҳроб» (аз рӯйи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) арзи ҳастӣ карданд ва дар рӯзҳои Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав (1941) сазовори баҳои баланд гардиданд.
Ба драматургияи ӯзбек рӯ овардани театрҳои Тоҷикистон солҳои баъдина ҳам идома ёфтанд. Дар саҳнаи театри ба номи А.Лоҳутӣ ду шоҳасари машҳур – «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза ва «Алишер Навоӣ»-и Уйғун ва И.Султон таҳия шуда, солҳои тӯлонӣ намоиш ёфтанд. Дар театри мусиқии Хуҷанд таҳияи асарҳои маъмули драманависон ва оҳангсозони маъруфи ӯзбек К.Яшин ва Ю.Раҷабӣ «Фарҳод ва Ширин», К.Яшин ва Т.Ҷалилов «Равшан ва Зулхумор» ва «Нурхон», С.Абдулло ва Т.Ҷалилов «Тоҳир ва Зӯҳро» мавқеи устувор пайдо намуданд. Мухлисон бо хоҳишу иштиёқи зиёд онҳоро тамошо карда, лаззати ҳақиқӣ мегирифтанд.
Ин анъана самараи нек медод. Аз ин рӯ солҳои баъдина низ дар саҳнаи театри ба номи А.Лоҳутӣ мазҳакаҳои А.Қаҳҳор «Сӯзании шоҳӣ», «Садо аз тобут», «Ҷон модаракон», Р.Бобоҷон «Тағо ва ҷиянҳо», С.Аҳмад «Исёни арӯсон», драмаи Б.Раҳмонов «Асрори дил» гузошта шуданд. Мавзӯъ ва образҳои дар ин намоишномаҳо аксшуда барои ҳаёти тоҷикон бегона набуданд. Тамошобин ин спектаклҳоро таҷассуми бадеии рӯзгори худ дониста, бо иштиёқи зӯр пазироӣ мекард ва ин асарҳо дар навбати худ боиси рушди театр ва такмили маҳорати саҳнавии режиссёрон ва актёрон гардид.
Ҳамкории эҷодии театрҳои ин ду республика боиси рушди санъати саҳнавии ҳамдигар шуданд. Солҳои 50-60-ум, вақте ки драматургияи миллии тоҷик ташаккул ва инкишоф ёфта, доираи мавзӯи он васеъ шуд, чандин театри Ӯзбекистон ба бозёфтҳои драматургияи тоҷик рӯ оварданд ва дар равобити онон доду гирифти тарафайн ба амал омад. Театри Самарқанд мазҳакаи шавқовари ҳаҷвнигори тоҷик С.Ғанӣ «Тӯй»-ро хушранг таҳия намуд (1961). Худи ҳамон сол «Тӯй»-ро театри Бухоро низ ба саҳна гузошт. Дертар дар саҳнаи ҳамин театр драмаҳои Ҷ.Икромӣ «Дохунда» (дар асоси романи ҳамноми С.Айнӣ), «Қасос»-и А.Акобиров (аз рӯйи романи «Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ), драмаҳои Ғ.Абдулло «Ҳуррият», Ф.Ансорӣ «Ҳаёт ва ишқ» арзи ҳастӣ карданд.
Мазҳакаи фараҳбахши С.Улуғзода «Гавҳари шабчароғ»-ро театри мусиқии Тошканд ба номи Муқимӣ ва театри Бухоро таҳия намуданд, дар театри Андиҷон мазҳакаи Ҳ.Содиқ «Интихоби домод», дар театри опера ва балети Самарқанд операи бастакори тоҷик З.Шаҳидӣ «Комде ва Мадан» (аз руйи асари Бедил) пайдо шуданд.
Мубодилаи ҳунар дар режиссура низ ба амал омад. Режиссёри тоҷик Ш.Қиёмов дар саҳнаи театри Ҷиззах асари М.Назаров «Тарки одат» ва режиссёри ӯзбек Эргаш Масафоев дар театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов спектаклҳои «Дилшод» (песаи А.Сидқӣ) ва «Ситораи раҳнамо» (асари К.Яшин)-ро ба саҳна гузошт, устоди хореографияи тоҷик С.Азаматова дар театри опера ва балети Самарқанд асари Ю.Тер-Осипов «Писарак ва Карлсон»-ро рӯйи саҳна овард.
Як самти ҳамкорӣ ва рушди театрҳои ду ҷумҳурии ҳамшафат сафари ҳунарии анъанавии онон ба диёри ҳамдигар аст, ки он ба шодию сурур, иди фархундаи дидорбинӣ ва ғановати қалбҳои меҳрангез табдил меёфт. Нек дар хотир дорам: намоиши спектаклҳои «Таърифхоҷаев» (А.Деҳотӣ ва Б.Раҳимзода), «Қорӣ ишкамба» (нусхаи саҳнавӣ дар асоси повести «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ), «Имтиҳон»-и Ф.Ансорӣ, «Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ.Абдулло рӯзҳои сафари ҳунарии театри ба номи А.Лоҳутӣ дар Самарқанд ҳамеша серодам буд. Мухлисон ин спектаклҳоро ҳамчун моли худ дониста тамошо мекарданд.
Сафари ҳунарии театрҳои Бухоро, Андиҷон ва театри миллии Ӯзбекистонро ба Душанбе мардум бо чеҳраҳои хандону қалбҳои ҷӯшон пазироӣ менамуданд. Шаби намоиши «Бой ва хидматгор»-и театри миллии Ӯзбекистон дар Душанбе нақшҳои Ҳоҷиона ва Ҷамиларо ҳунармандони халқии Тоҷикистон София Тӯйбоева ва Хайрӣ Назарова бозиданд, ки ин тамошобинро ба ваҷд овард.
Инак, ба дастовардҳои бадеии ҳамдигар рӯ овардан, таҷриба иваз кардан, репертуари худро аз ҳисоби асарҳои ҳамдигар ғановат бахшидан, ба инкишофи анъанаҳои эҷодии санъати театр содиқ мондан ба устодони саҳнаи тоҷику ӯзбек ҳамеша мансуб мебошад ва ҳунармандон аз ин сипосгузоранд. Ҳунарманди халқии СССР Тӯҳфа Фозилова мегуфт, ки «Устоди аввалини ман солҳои аз Конибодом ба театри мусиқии Тошканд омаданам Ҳалима Носирова буданд ва ман нозукиҳои ҳунари саҳна ва овозхониро аз Ҳалима Носирова омӯхтаам».
Ҳунарманди халқии СССР Галия Измайлова навиштааст: «Яке аз аввалин рақсҳоям - рақси тоҷикии «Занг» буд, ки онро устоди рақси тоҷик Ғаффор Валаматзода ба ман омӯхт. Ин рақсро ман дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Прага ва Будапешт иҷро кардам. Борҳо бо устодони балети тоҷик Малика Собирова ва Музаффар Бурҳонов, доирадастони машҳур Аъло ва Ёқуб Аълоевҳо баромад кардаам». Роҳбари ансамбли рақсии «Зебо»-и Тоҷикистон Зебо Аминзода Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, ки соли гузашта барпо шуд, айёми таҳсили худро дар омӯзишгоҳи хореографии Тошканд ёд карда мегӯяд, ки «Дар Тошканд ман як пораи диламро ҳоло дигарбора ҳис кардам».
Оре, аз нав барқароршавии алоқаҳои иқтисодию фарҳангӣ ва ташрифи расмии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ва имзо шудани созишномаҳо 9-10-уми марти соли равон баҳри дӯстию ҳамкорӣ, рушди илму маърифат, адабиёту санъати ин ду ҷумҳурии соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард.

Мардон ШАРОФОВ,
номзади илмҳои санъатшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: