БАЙНИ ҒОЗӢ ЮНУС ВА АБДУЛЛО ҚОДИРӢ ЧӢ БУД?

Дар охири солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда маҷаллаи «Ёшлик» мақолаҳои хурд-хурди мунозиранамо байни Абдулло Қодирӣ ва Ғозӣ Юнусро, ки дар саҳифаҳои матбуоти миёнаи солҳои бистум эълон шуда буданд, аз нав нашр намуд.

Дар «Муштум» «Танқид ё санг паррондан?», «Шаттоҳ», «Шаттоҳ кист?», «Кӯри якрав» барин маводҳо, ки ба қалами ҳарду адиби номвар мутааллиқанд, суханҳои як дараҷа тунд ва фикрҳои танқидӣ баён ёфта буданд. Кас ҳайрон шуданаш мумкин: наход ду ҳамқалам якдигарро то ин дараҷа ба замин зананд? Ба якдигар хусумат доштанд?
Дар бораи ҳаёти шахсӣ ва эҷодии нависандаи бузург Абдулло Қодирӣ аксарият медонем. Дар хусуси Ғозӣ Юнус-чӣ?
Ғозӣ Юнус (1885-1942) низ яке аз адибони номдори ӯзбек ҳисоб меёфт. Чун тарҷумон ва рӯзноманигор ҳам ном баровардааст. Зодгоҳаш маҳаллаи Охунгузари шаҳри Тошканд. Аввал дар мактаби кӯҳна, пасон дар мадрасаи Бароқхон таҳсил намудааст. Падараш дуредгарӣ мекард. Ғозӣ Юнус касби падар низ омӯхт ва муддате дуредгарӣ намуд. Пас аз инқилоб ба адабиёт ва эҷод рӯй овард. Дар матбуоти давраи нав бо баромадҳои ҷолибаш фаъолона иштирок кард. Дар рӯзномаҳои «Қизил байроқ» ва «Туркистон» муҳаррирӣ намуд. Ҳикояҳои ҳаҷвӣ, фелетонҳояш таваҷҷӯҳи умумро ба худ кашид. Ҷуз ин баъзе асарҳои саҳнавӣ, интермедияҳояш намоиш дода шуд.
Ҳамзамонҳояш дар бораи табиатан серзавқ, хушсухан, инсони зариф будани ӯ бисёр гуфта гузаштаанд. Вай соқии нишасту базмҳо буд, давраро бо ҳазлу ширингуфториҳо метасфонд, ба ҷое, ки қадам гузошт, ханда ва хушҳолӣ роҳ меёфт. Дар аскиябозиҳо ҳамеша дасташ баланд. Латифаи наве шунавад, зуд ба дафтарчааш қайд менамуд. 
Назар ба гӯяҳо, вай бо чанд дӯсти ҳамқаламаш ба саёҳати водӣ мебарояд. Сафар тӯл кашида ва пули ҷӯраҳо тамом мешавад. Кадоме мегӯяд,  аз Самарқанд (он вақт Самарқанд пойтахт буд) ҳақи қалам гирифтанаш лозим. Дӯстон ба қароре меоянд Самарқанд рафта, «гонорар»-ро «шӯянд». Бо илоҷе то Самарқанд мерасанд. Маъруф Расулӣ ном шинос доштанд, ба манзилаш рафта, шабро гузарондан хостанд. Ғозӣ Юнус ба ҳамсафарон гуфт: «Бо ароба меравем. Як тин намонд, ҳақи аробакаш чӣ мешавад, гуфта хавотир накашед, равем соҳиби хона ҳисоби корро меёбад».
Дар бевақтӣ дарвозаи Маъруф Расулиро кӯфтанд. Вай баромад ва бо дидани дӯстон чашмонаш барқи шодӣ заданд:
– О, биёянд, биёянд!
Дар нимаи шаб қалбаш якбора чароғон шуда, соҳиби хона як-як меҳмонҳоро ба оғӯш кашид. Ҳолпурсиҳои гарм. Чун навбат ба Ғозӣ Юнус расид, вай сӯйи соҳибхона як-ду қадам ниҳоду:
– Наздик нашав! – гуфт баногоҳ. Расулӣ дар ҷойи истодааш шах шуд. Ғозӣ Юнус аробакашро, ки дуртар қарор дошт, нишон дода:
– Аввал ҳақи аробакашро деҳ, сонӣ вомехӯрем, – гуфт ба таври ҷиддӣ.
Ҳама хандид.
Ҳамин гуна ҳазлкаш, инсони беғубор ва пурназокат будааст Ғозӣ Юнус. Вале байни ӯву Абдулло Қодирӣ... чӣ буд?
Дар минбари баланде чун матбуот яке «Шаттоҳ» гӯяд, дуввумӣ «Шаттоҳ кист?» гӯён...
Номуросо буданд?
Не, баръакс, дӯсти наздик!
Баҳсҳои илмию адабӣ гоҳо байни намояндагони илму адабиёт ихтилоф андохтанаш мумкин. Вале Абдулло Қодирию Ғозӣ Юнус дар баромадҳои худ якдигарро танқид кунанд ҳам, ба дил намегирифтанд. Самимият, равуои оилавиашон то охири умр давом кард. Ҳамроҳ дар тадбиру чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ ширкат меҷустанд, ба сайру саёҳатҳо мебаромаданд. Дар сафари Самарқанд низ, ки дар боло зикр гашт, ҳамроҳ будаанд.
Мегӯянд, ин ду адиби барӯманд, ҳарчанд гоҳо фикрҳо аз як ҷо намебаромад, якдигарро дуруст мефаҳмиданд. Ба якдигар кӯмак мекарданд.
Соли 1936 Ғозӣ Юнус «Латифаҳои Мулло Насриддин»-ро гирд оварда, онро барои таҳрир ба дӯсти самимиаш Абдулло Қодирӣ супурдааст.
Дӯстони ҳамқалам, ал-қисса, мунозираҳои илмию адабӣ ва дӯстию бародарӣ масъалаҳои гуногун буданашро ба тариқи ибрат нишон доданд.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: