ӮЗБЕКИСТОН – ДАР САҲИФАҲОИ МАТБУОТИ ОЛМОН

Дар шумораи навбатии рӯзномаи бонуфузи Олмон Frankfurter Allgemeine Zeitung бахшида ба кишвари мо мақола чоп шудааст.

 Муҳаррири бахши «Сайёҳӣ, тарзи ҳаёт ва ошхонаи миллӣ» Мария Виснер, ки моҳи ноябри соли гузашта бо як гурӯҳ журналистони Аврупо ба Ӯзбекистон омада буд, дар маводи калонҳаҷмаш таассуроти худро аз тамошои лагери юртаҳо дар сарзамини меҳмоннавози мо шоирона баён доштааст.

Дар мақола нақл карда мешавад, ки дар ҷараёни сафараш журналист ба анъанаи «кемпинг»-и тарзи ӯзбекӣ рӯ ба рӯ шудааст: лагери юртаҳои байни дашт, ки дар он ҷо кас мавҷудияти олами дигареро ғайр аз хомаҳои рег ва ситораҳо фаромӯш мекунад, манзараи аҷибе дорад. Лагер дар мамнӯъгоҳи биосферии наздики Ҳайдаркӯли дуртар аз кӯҳистони Нурато ҷойгир шудааст.
Хабар дода мешавад, ки Ҳайдаркӯл бинобар селе, ки дар ҳудуди Қазоқистон ба амал омада, дар натиҷаи он ҳаҷми бузурги обанбори Чордара ба водии Ӯзбекистон равона шуд, пайдо гардидааст.
Баъди мутолиаи мақола фаҳмидан душвор нест, ки чаро муаллиф дар сарлавҳаи он таъбирҳои «чойи кабуд, замини сафед»-ро истифода бурдааст. «Дар замони шӯравӣ Ӯзбекистон бо пахтаи худ машҳур буд, барои он низоми дарёҳо, ки дар ибтидо баҳри бузурги Аралро бо об таъмин мекарданд, тағйир ёфт. Замини замоне тиллоии Ӯзбекистон бо шарофати пахта сафед шуд: ҳоло низ он бинобар намакпӯш шуданаш сафед аст. Боқимондаҳои азими намак, ки дар чандин метр умқи ҳар кадом қитъаи холии саҳро пинҳон буданд, аз ҷараёни об ба сатҳи замин баромада,  қитъаҳои намакпӯши аз нури офтоб дурахшонро ба миён оварданд. Ҳатто шамол ҳам мазаи борон мекунад ва пас аз шустушӯ дар Ҳайдаркӯл дар пӯсти одам пардаи тунуки намакин боқӣ мемонад».
Ғайр аз ин, муҳаррири рӯзномаи машҳури Олмон анъанаи чойнӯшии ӯзбеконаро бо рағбати махсус тасвир мекунад. «Дар ин мамлакат «чойи сабз»-ро «чойи кабуд» меноманд. Меҳмонон чойро андак-андак менӯшанд, соҳибхона барои он ки онҳоро бештар нигоҳ дорад, чойро ба пиёлаҳояшон кам-кам рехта медиҳад».
Бинобар суханони журналист моҳияти ранги кабуд дар ҳудуди кишвари мо тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст. Ин ранг дар гунбади масҷиду мадрасаҳое, ки муаллиф дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тошканд тамошо кардааст, инъикос ёфтааст. Ранги ҷаннат низ кабуд аст. Барои он ки ба осмон қаробат дошта бошанд, ҳар кадом меъмор ҳангоми оро додани масҷидҳо ба онҳо ҳатман ранги кабудро зам кардааст. 
Дар мақола ҳамчунин доир ба аҳамияти таърихии сарзамини Ӯзбекистон дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ муфассал нақл карда мешавад. Аз ҷумла маълумот дода мешавад, ки пештар аз тариқи қаламрави ин кишвар роҳи тиҷорат – Шоҳроҳи абрешим мегузашт. «Новобаста аз он ки шумо ҳоло барои истироҳат дар кадом ағба ё кадом манзил қарор мегиред, дарк мекунед, ки дар он ҷо Искандари Мақдунӣ будааст. Чашмаҳои муборак, кӯҳҳои муқаддас, нақшу нигораҳои кӯҳу шахҳо, умуман бисёр ашёҳо кору амалҳои Искандарро хотиррасон мекунанд. Онҳо низ чун одамони кунунӣ дар роҳи сӯйи Ҳиндустон ҳангоми юришҳои ҳарбии ин истилогари эллинӣ, аз паҳноҳои мазкур гузаштаанд. Юртаҳои байни Тошканд, Самарқанд ва Бухоро низ, ки замоне қароргоҳ ва муҳофизатгари корвонҳои шутур, тоҷирони молҳои Чину Ҳиндустон то ба баҳри Сиёҳ ва Мағриб аз тӯфонҳои регӣ буданд, алҳол сайёҳонро бо хушиву хурсандӣ истиқбол мегиранд, ба онҳо аз тӯфонҳои рег паногоҳ медиҳанд». 
Муаллиф, ки аз мамлакати мо бо таассуроти азим баргаштааст, юртаҳои Қароқалпоқистони дурдастро тасвир мекунад. «Онҳо доирашакл буда, иншооти баланд нестанд, аз гил сохта шудаанд ва бо матоъҳои зебо ороиш ёфтаанд. Ба юрта аз тариқи дарҳои чӯбини дутабақа метавон ворид шуд, ки рӯзона пеши шамолро мегиранд, шабона бошад, аз намӣ эмин медоранд. Дохили юртаҳо, ғайри чашмдошт, васеъ буда, дар онҳо озодона метавон қадам зад. Дар мобайн кати нарм гузошта шудааст, ки бо чандин кӯрпача пӯшида мебошад, дар фарш гиламҳои ғафси нилгун паҳн карда шуда, девораҳои юртаро матоъҳои барои минтақа анъанавии рангин оро медиҳанд. Электр ҳаст, вале Wi-Fi вуҷуд надорад, ки сабаби шикояти баъзе сайёҳон мегардад». 
Дар мақола ҳамчунин кемпинги шабонаи саҳрои Ӯзбекистон муфассал тасвир карда мешавад. «Дар болои сар олами ситораҳо ба назар мерасанд, ки номи онҳоро кайҳо боз ягон нафари мо дар хотир надорем, зеро мо дуру дароз дар шаҳрҳои азим зиндагӣ мекунем ва онҳо ҳеҷ гоҳ сокину торик нестанд ва ин имкони оромона мушоҳида кардани ситораҳоро намедиҳад. Барои ҳамин ҳам шабонаро дар зери осмони кушод, бо тамошои ситораҳо гузаронидан ғайриоддист!».
Дар боби махсуси мақола маълумот дар бораи хатсайрҳои Ӯзбекистон, фирмаҳои сайёҳии кишвари мо, ҷойҳои ба даст овардани раводид дар Олмон – тамошогоҳҳои шаҳрҳои Берлин ва Франкфурти лаби Майн низ ҷой дорад.

ОА «Дунё»,
шаҳри ФРАНКФУРТИ ЛАБИ МАЙН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: